logo

маориф

НИГАРОНӢ АЗ МАКТАБҲОИ САДАМАВӢ

Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саидов гуфт, ки соли гузашта мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро аз биноҳои садамавӣ ва вагону хонаҳои шахсӣ бароварданд, аммо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз 10 мактаби дар ҳолати садамавӣ қарор дошта изҳори нигаронӣ мекунанд.
Хусрав Абдуназаров, раиси шаҳри Панҷакент, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки айни ҳол 38 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
- Дар қаламрави шаҳр 88 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 42 мактаби таҳсилоти асосӣ,1 гимназия, 2 литсей ва 1 мактаби хусусӣ фаъолият доранд. Соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм мактабҳои садамавиро аз таъмири асосӣ бароварданием,- илова кард раиси шаҳри Панҷакент.
Дар ҳоле, ки раиси шаҳри Панҷакент аз ҷой доштани мактабҳои садамавӣ изҳори нигаронӣ мекунад, дар Вазорати маориф ва илм мегӯянд, ки чунин мактабҳо вуҷуд надоранд.
Мирбобо Раҳматуллоев, муовини аввали вазири маориф ва илм, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки феълан ягон мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар вагон ва бинои садамавӣ қарор надоранд:
- Тибқи супориши Президенти кишвар соли 2013 4 мактаби дар хонаҳои шахсӣ қарордоштаи ноҳияи Балҷувон ба биноҳои нав кӯчид ва сохтмони мактаби № 31- и ноҳияи Восеъ, мактаби № 58- и  ноҳияи Фархор ва мактаби № 45- и  шаҳри Панҷакент ба итмом расида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гаштанд.
Сокинони деҳаи Файзободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мегӯянд, ки бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и онҳо ҳам дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
-  Мактаби мо солҳои аввали ҳоки-мияти шӯравӣ сохта шудааст, ҳатто тахтаҳои фарш шикастанду хонандагон бо эҳтиёт қадам мегузоранд, - мегӯяд Гулҷаҳон Каримова, сокини деҳаи мазкур.
Шариф Абдулҳамид, хабарнигори ҳафтаномаи «Омӯзгор», аз ҳолати садамавӣ ва ғайрисанитарии макотиби деҳоти ноҳияи Шӯрообод ёдовар мешавад. Ба гуфти вай мактаби деҳаи Шоҳон, ки 30 хоҷагӣ дорад, ҳамагӣ шаш синфхона  доштааст. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 20- и  ноҳия одитарин шароити таҳсил вуҷуд надорад.
Хонандагони деҳаи Ёжидараи ноҳия ҳам аз надоштани мактаб душворӣ мекашанд. Соро Қурбонова, сокини деҳа, гуфт, ки хонандагони синфҳои 1, 2, 3 ва ҳатто 7 дар як синф мехонанд. Мушкилоти нарасидани мактаб, синфхонаҳо, ҷойи нишаст, таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани биноҳо дар  минтақаҳои дигари кишвар ҳам мавҷуданд. Дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ деворҳои бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 7, ки солҳои 80 - уми асри гузашта сохта шудааст, кафидаанду дар сурати заминларза  фурӯ рафтани он аз эҳтимол  дур нест. Мактабҳои № 15 ва № 13- и ноҳия ҳам ин ҳолатро мемонанд. Хатари садама бештар ба мактаби № 26- и деҳаи Пакшифи  деҳоти Лангар таҳдид мекунад. Тарқиши деворҳо «шароитро барои ворид шудани ҳавои сард ба синфхонаҳо» муҳайё кардааст.
Мо кӯшидем, ки назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро оид ба вазъи садамабори мактабҳо бифаҳмем. Аммо гӯшии телефонро касе набардошт.
Ба гуфти мутахассисони Вазорати маориф ва илми кишвар таъмиру сохтмони мактабҳо дар салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор дорад. Аксари ҳолат мақомоти мазкур танҳо бо рангу бор кардани мактабҳо масъулияти таъмирро аз дӯши худ меафкананд.
Саидаҳмад Мирзоев, раиси Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, аз татбиқи 38 лоиҳаи бозсозии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо харҷи 16 миллион доллар дар  минтақаҳои гуногуни кишвар хабар медиҳад. Ӯ ба мо гуфт, ки 15,4 миллион доллар чун ёрӣ аз давлати Олмон расид, боқимонда саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ва сокинон мебошад.
- Ин маблағ барои таъмиру таҷдиди 20 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон, ки дар ҳолати садамавӣ буданд ва дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ҷой доштанд, сарф шуд. Соли ҷорӣ тарҳи нав бо хазинаи 15,5 миллион сомонӣ барои таъмири 6 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод амалӣ мегардад. Айни ҳол бо далели камбуди моддӣ барномаҳо  барои таъмири мактабҳои садамавӣ ё ба таъмир ниёз доштаи вилоятҳои Суғд ва Кӯҳистони Бадахшон мавриди амал қарор надорад, аммо дар нақша аст, ки ояндаи наздик ин иқдом амалӣ мегардад, - мегӯяд Саидаҳмад Мирзоев.
Соли сипаришуда дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 251 бинои муассисаҳои таълимӣ барои 45 169 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 334 миллиону 109 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд ва бинои 19 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағи 8 миллиону 290 ҳазор сомонӣ пурра аз таъмири асосӣ баромад.  
«Ҷумҳурият» вазъи мактабҳои садамавӣ, шароити таълиму  тарбияи онҳоро пайгирӣ намуда, силсилаи матлабҳоро таҳия мекунад. Зеро мактаб ва шароити  дурусти таълим ин мусоидат кардан ба тарбияи ҷавонон - ояндаи ҷомеа мебошад.

Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2014    №: 33    Мутолиа карданд: 1596
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед