номаҳо
Бохтар ё партовгоҳ?
Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад
Баъд аз нашр шудани мақолаи мазкур («Ҷумҳурият», 29 январи соли 2014, № 21) бо истифода аз техникаҳои мавҷуда тамоми нуқтаҳои партов, кӯчаю маҳаллаҳо поккорӣ шуданд. Зиёда аз 300 тонна партов ба партовгоҳи марказии ноҳия бароварда шуд.
Бинобар ташкил нашудани ҷамъоварӣ ва безараргардонӣ дар деҳаҳои ҳамсарҳади шаҳрак партовҳои деҳот ба партовгоҳҳои маркази ноҳия партофта мешаванд ва барои баровардани онҳо иқтидори техникии корхонаи коммуналӣ намерасад.
Ҳамчунин масъалаи сари вақт пардохт нашудани ҳаққи хизматрасониҳои корхонаи коммуналӣ ба ҷамъоварӣ ва безараргардонии партовҳо монеа эҷод мекунад. Дар соли 2013-ум ба 107 хоҷагӣ ба маблағи 19226 сомонӣ хизматрасонӣ пешниҳод шуд, аммо дар асл 1950 сомонӣ пардохт гашт ва қарзи онҳо то 1 феврали соли 2014 17276 сомониро ташкил медиҳад.
Имрӯз аз маркази ноҳия баровардани партов мувофиқи реҷаи тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст ва риояи он таҳти назорати КВД «ХМК»- и вилояти Хатлон қарор дорад.
А. ТАҒОЙМУРОДОВ,
директори генералии КВД «ХМК»-и вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2014 №: 34 Мутолиа карданд: 1537