logo

маориф

КӮЛОБ: ДОНИШГОҲ ЗАМОНАВӢ МЕГАРДАД

Дар суҳбат ректори дониш-гоҳ, доктори ил-мҳои физика ва математика Абдулло Табаров гуфт:
- То ба имрӯз донишгоҳи Кӯ-лобро  ҳазорҳо нафар толибилм хатм намуда, дар риштаҳои гуногуни  иҷтимоию  сиёсӣ сарбаландона фаъолият карда истодаанд. Дар солҳои 2014 - 2015 тибқи супориши Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар донишгоҳ бинои нав сохта ба истифода дода мешавад.
Ин боргоҳи маърифатро бисёр олимони номдор хатм намудаанд ва аксари онҳо дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз мамлакат ба фаъолияти илмӣ машғул мебошанд. Ба омода намудани мутахассисони касбӣ талош меварзем. Ҷавононро барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҳимояи рисолаҳои номзадӣ сафарбар намуда истодаем. Бо дастгирии вазири маориф ва илм ба муалимони ҷавоне, ки рисолаи докторӣ ва номзадӣ ҳимоя мекунанд, дар донишгоҳ ба маблағи то 3000 сомонӣ ёрипулӣ дода мешавад.
Имрӯзҳо заминаи моддӣ - техникии донишгоҳ беҳтар гардида, айни ҳол сохтмони ҳашт синфхона, таъмири маҷлисгоҳи факултаи таърих ва ҳуқуқ ва ошхонаи дуқабата барои донишомӯзон идома дорад. Ошхона бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон, собиқ хатмкунандагони донишгоҳ сохта шуда истодааст. Ин ҳама  то ҷашни Наврӯз ба истифода дода мешавад. Ҳоло сохтмону навсозии толори варзишии донишгоҳ ба итмом расид ва бинокорон ба сохтмони майдончаи варзишӣ шурӯъ карданд. 
Ба хотири пешрафти таълиму тарбия ҳоло дар донишгоҳ панҷ  лоиҳаи байналмилалӣ амал мекунад ва чанде аз донишҷӯёни мо дар Испания, Италия ва ғайра ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ҳисоби донишгоҳ ба аспирантҳое, ки барои таҳсил ба шаҳри Душанбе мераванд, стипендия таъсис додем, то  онҳо баъди хатми аспирантура  ба донишгоҳ баргарданд.
Дар давоми солҳои таҳcили 2014 – 2015 сохтмони як хобгоҳи замонавиро барои донишҷӯён ба нақша гирифтаем, - афзуд А. Табаров ва илова намуд - ҳоло дар донишгоҳ шуъбаи аспирантура амал мекунад, ки дар он 33 аспирант фаъолият доранд. Дар асри 21 низоми таълиму тарбия тавъам бо рушди илму технологияи муосир ҳамвора дар инкишоф аст. Донишҷӯ бояд дониши худро  пайваста такмил диҳад ва донад, ки фардо ӯ ба дигарон чӣ меомӯзад.
Таҳти иқдоми пешгирифтаи  ректор бо қувваи донишҷӯён дар донишгоҳ шанбегиҳо  баргузор мегардад ва атрофи ин муассисаи таълимӣ ҳамеша тозаю озода аст.
Ҳамчунин тамоми кафедраҳои донишгоҳ бо компютер ва дигар таҳҷизотҳои хониш таъмин гардид. Марказҳои тестӣ низ ба компютерҳо таъмин шудаанд. Дар донишгоҳ маркази омӯзишии компютерӣ барои донишҷӯён ройгон буда, омӯзгорон  низ аз он истифода мекунанд.
Бо саъю талош ва роҳбарии  сарварашон донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои расидан ба ҳадафҳои бузургтар талош меварзанд ва дар омода намудани мутахассисони варзидаи кишвари азизамон саҳми бештар мегузоранд.
Низом БАРОТОВ, шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2014    №: 38    Мутолиа карданд: 1540
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед