logo

мулоқотҳо

ПРЕЗИДЕНТ РИЧАРД ҲОУГЛЕНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

24 феврал Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ричард Ҳоуглен,  муовини аввали ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро ба ҳузур пазируфт.

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши ин хабар иттилоъ дод, ки дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Амрико ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуда,  вазъи кунунию дурнамои Афғонистон ва пайомадҳои хуруҷи неруҳои эътилоф таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. 
Муовини аввали ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои мулоқоташ бо Сарвари давлати Тоҷикистонро таҳкимбахши равобити дуҷониба дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ арзёбӣ кард. Бино ба гуфтаи ӯ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи давлатию хусусии Амрико ба иқтисоди Тоҷикистон низ яке аз мавзуъҳои аслии гуфтугӯ буд.
Ричард Ҳоуглен дар робита ба татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла CASA - 1000  изҳор дошт, ки мақсади ёрӣ ба иҷрои тарҳи мазкур муосидат ба рушди Тоҷикистон ва давлатҳои алоқаманди он буда, кишвараш дар ин самт пайгири манфиате нест. Ӯ, ки қаблан сафири ИМА дар кишвари мо буд, аз дидори навбатӣ ба Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид кард, ки феълан заминаҳои фаровони тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Амрико вуҷуд доранд ва мо дар ин бора бо Эмомалӣ Раҳмон табодули назар кардем.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2014    №: 39    Мутолиа карданд: 1311
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед