номаҳо
АРЗИ СИПОС БАРОИ ҲУШДОРӢ
Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи Атохоҷа Мирзоҷалолов, ки бо сарлавҳаи «Зиракӣ заҳр аст…» ё Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ чи «корҳои фаҳмондадиҳӣ» -е анҷом медиҳад», ки 29 январи соли 2014 дар шумораи № 21 (22 326) рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, маълумоти зеринро пешниҳод менамояд.
Ҳадафи маъмурияти Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ аз устувор кардани шиору овезаҳо дар саҳн ва дохили бинои марказ на танҳо баён намудани рӯҳияи беморон ва ниёзмандони марказ буда, онҳо ба баланд бардоштани ғояҳои инсонпарварӣ, худшиносӣ ва худогоҳии нафароне, ки дар марказ фаъолият мебаранд ва донишҷӯёне, ки дар пойгоҳи таълимии он дониш меандӯзанд, низ нигаронда шудааст. Ҳамзамон, бар пояи таомули миллӣ, нафарони зиёде ҳамарӯза барои аёдати беморон ба марказ ташриф меоранд. Ба андешаи мо, таваҷҷуҳи эшон ба овезаҳое, ки «то завол расидан ба қадри неъмат»- ро талқин мекунанд, аз манфиат холӣ нест.
Мусаллам аст, ки то Истиқлолияти давлатӣ, табибони ояндаи тоҷик, имконияти таҳсил ба забони модариро дар ягона муассисаи олии таълимии тиббӣ, ки номи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуалӣ ибни Синоро дорад, надоштанд. Ин ҳолат ба фарҳанги муошират бо забони тоҷикӣ ва арҷгузории кормандони соҳа ба арзишҳои волои миллӣ таъсири манфии худро гузошт.
Дар яке аз суханрониҳои худ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Тавъам ба ин андешаи Сарвари кишвар, маъмурияти марказ бо мақсади фароҳам овардани фазои корӣ ва муошират бо забони тоҷикӣ дар муассиса, баланд бардоштани ҳисси худшиносии кормандон ва алоқамандони марказ, салоҳи кор донист, ки бо ин байти устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, эшонро ба арҷгузории асолати миллӣ даъват намояд:
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Дар воқеъ, байти мазкур ҳамчун ҳикмати фаромиллӣ арзандаи он аст, ки кулли сокинони сайёра – соҳибзабонон онро ҳамчун ҳидояти миллӣ бипазиранд.
Ҳамзамон, роҳбарияти марказ аз муҳтарам Атохоҷа Мирзоҷалолов барои ҳушдории судмандашон арзи сипос намуда, аз муаллифи матни байтовеза дар мавзӯи аҳамияти Неругоҳи барқи обии Роғун, ки бо иштибоҳи коргоҳи тарҳрезии овезаҳо барғалат омода шуда буд, ҷиҳати саҳв чоп шудани он пӯзиш мехоҳад. Он байтовеза аз ҷониби маъмурияти марказ бо байти зерини Хоҷа Ҳофиз иваз карда шуд:
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,
Суханшинос наӣ ҷони ман, хато ин ҷост.
Ба роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ супориши қатъӣ дода шуд, ки барои бо шеъру шиорҳои мувофиқ оро додани саҳн ва дохили бинои муассиса ҳамкории судмандро бо аҳли адаб роҳандозӣ намуда, дастуру ҳидояти эшонро мавриди иҷро қарор диҳанд.
Фотима ҒОИБОВА,
сардори дафтари матбуоти
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.02.2014 №: 40 Мутолиа карданд: 1549