logo

порлумон

ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт, ба ду қонуни конститутсионӣ ва ду қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дар бораи гурезаҳо» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Ҳамчунин Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба тасвиб расид.

БА МАҚОМОТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ПРОКУРАТУРА КАДРҲОИ ҶАВОН МЕОЯНД
Шерхон Салимзода, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ба тасвиб расондани лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки баҳри дар амал татбиқ намудан ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати кадрӣ дар самти ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура пешниҳод ва таъйин намудани кадрҳои ҷавон лозим донистем, ки қисми шашуми моддаи 53 - и қонуни мазкур мавриди таҷдиди назар қарор дода шавад.
Аз ин рӯ, дар қисми шашуми ин модда калимаҳои «ки аз он 5 сол дар вазифаи прокурори ноҳия ё шаҳр кор карда бошад» ба калимаҳои «ки аз он 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура ва ё мақомоти олии қонунгузорӣ ва иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ кор карда бошад» иваз карда шуд.
Назар ба гуфтаи Шерхон Салимзода, ба вазифаҳои роҳбарикунандаи прокуратура онҳое таъйин мешаванд, ки синнашон аз 30 поён набошад ва дар мақомоти прокуратура камаш 10 сол собиқаи корӣ дошта бошанд.

ГАРАВИ ИНТИХОБОТ ДУ БАРОБАР КАМ ШУД
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, зимни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт, ки он бо мақсади такмил додани  қонуни мазкур ва аз байн бардоштани мухолифатҳо пешниҳод гардидааст.
Мувофиқи лоиҳаи қонун дар муқоиса ба қонуни амалкунанда тартиби ташкили участкаҳои интихобот дар хориҷи кишвар мушаххастар ифода меёбад. Шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод мегарданд, аз 35 то 45 фоизи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон меафзояд. Андозаи гарави интихобот ду баробар кам ва муҳлати пас гирифтани номзадӣ на дертар аз 100 рӯз то рӯзи интихобот муқаррар мегардад. Вақти эфир барои баромад дар телевизион ва радиои давлатӣ барои номзадҳо аз ҳавзаи якмандатӣ то 20 дақиқа ва барои ҳизбҳо то 40 дақиқа зиёд мешавад.
Дар бюллетени интихоботӣ як сатри алоҳида- зидди ҳамаи номзадҳо ё зидди ҳамаи руйхатҳо илова шуда, интихобкунанда ба ҷои хат задан дар он аломати ҷамъ мегузорад.
Мувофиқи тағйироти воридшуда кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ наметавонанд вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагонро раисӣ кунанд.
- Қабули лоиҳаи мазкур ба раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа мусоидат намуда, имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар раванди интихобот боз ҳам фаъолона иштирок намоянд,- гуфт Маҳмадалӣ Ватанов.

ТАШАККУЛИ ФАЗОИ ОШТИНОПАЗИР НИСБАТ БА КОРРУПСИЯ
Мулопар Бандишоев, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» иброз дошт, ки он ба мақсади такмили қонунгузории ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаҳои муайян намудани мафҳуми муқовимат бо коррупсия, субъектҳои муқовимат бо коррупсия ва вазифаҳои онҳо, пешниҳод гардидааст.
Мувофиқи иловаҳои воридшуда доираи субъектҳои муқовимат бо коррупсия васеъ гардида, акнун ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии шаҳраку деҳот, шахсони ҳуқуқии саҳми давлатидоштаро фаро мегирад. Дар моддаи иловашаванда вазифаҳои мушаххаси субъектҳои мазкур ва масъулияти роҳбарони онҳо пешбинӣ гардидааст.
Сайфулло Гиёев, вакили порлумон, зимни ба тасвиб расондани Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм гуфт, ки  он 5 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Шартномаи мазкур аз муқаддима ва 35 модда иборат аст.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2014    №: 42    Мутолиа карданд: 1564
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед