номаҳо
АЗ САРВАРИ ДАВЛАТ СИПОСГУЗОРЕМ
Ҳарчанд таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳибкорон хеле зиёд аст, вале шахсоне ҳастанд, ки барои рушди соҳибкорӣ монеа эҷод мекунанд. Ман солҳои зиёд аст, ки дар соҳаи нақлиёти мусофирбар кор мекунам. Мо дар як дашт, ки на об дошту на барқ, заҳмати шабонарӯзӣ кашида, онро ба гулистон табдил додем. Дар ин ҷо маҳаллаи 13-ум ва базаи технологӣ бунёд ёфт. Дар як муддати кӯтоҳ 160 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Мутаассифона, ин амалҳои нек ба бархе хуш наомад ва онҳо кӯшиш карданд, ки ба кори мо халал расонанд.
Муроҷиатҳои пайвастаи мо оид ба рушди соҳаи нақлиёти мусофирбар ба масъулони вилоят натиҷаи дилхоҳ надод. Маҷбур шудем, ки ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ муроҷиат намоем. Боиси таассуф аст, ки баъзе масъалаҳои мо дар Прокуратураи генералӣ ва Вазорати нақлиёт ҳалли худро ёбанд ҳам, дар мақомоти дахлдори вилоят ба онҳо эътибор намедоданд. Хушбахтона, бо амри Президенти мамлакат ҳоло ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад ба мақомоти марбута арзи худро баён намояд. Ман низ қарор додам ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Прокуратураи генералӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаамон муроҷиат намоям.
Нахуст 27 феврали соли 2014 маро сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президент С. Раҳимов ба ҳузур пазируфта, изҳор дошт, ки санадҳои пешниҳодшударо омӯхта, аз натиҷааш ба таври хаттӣ огоҳ хоҳанд кард.
1 марти соли 2014 дар рӯзи қабули шаҳрвандон, бо Прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одина дидору гуфтугӯ намудам. Маълум гардид, ки Прокурори генералӣ то ман беш аз 40 нафарро қабул карда, дархосташонро қонеъ гардондааст. Ин маро хушҳол ва рӯҳбаланд гардонд. Баъд аз шунидани арзи мо ӯ ба сардори Раёсати назорати умумии прокуратураи генералӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 М. Олимов оид ба ҳалли масъалаҳои зикргардида супориши қатъӣ дод. Таъкид кард, ки дар рӯзҳои наздик пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд, аз 18 январи соли 2014 -ро баррасӣ ва ҷадвали ҳаракати хатсайри Исфара – Хуҷандро роҳандозӣ намояд.
Ман, пеш аз ҳама, ба Президенти мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириашон миннатдории хешро баён менамоям. Ба соҳибкороне, ки мисли ман ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд, гуфтаниам, ки ҳаргиз рӯҳафтода нашаванд, зеро пуштибони мо Сарвари давлат асту қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Наҷотхон ИСОМАДДИНОВ,
директори ҶДММ «Наҷот» - шаҳри Исфара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.03.2014 №: 44 Мутолиа карданд: 1545