logo

илм

ФИДОИИ ТИБ

Нури файз меборад аз гуфтору амали ин инсони шариф. Ҳар боре бо ӯ вохӯраму суҳбат намоям, мани ҳампешааш аз навигариҳои илми урология як дунё сабақ мегирам. Олими номвар аст. Дар даврони Шӯравӣ ба Бадахшон хеле зиёд меомад. Вақте нафаре ба бемориҳои вазнини урологӣ гирифтор мегардид, маҳз ӯро ба Помир мехонданд. Меомад бемориро аниқ муайян мекарду ё ҳамроҳаш ба шаҳри Душанбе мебурд ё тавсия медод, ки дар Бемористони марказии ВМКБ чи гуна табобат шавад. Ба серкориаш нигоҳ накарда, баъди як рӯз ба шуъба занг мезаду аз ҳоли мариз пурсон мешуд.

Ҳамроҳи ӯ ба водии Бартанг рафтааму ба Мурғоб ҳам. Ҳар бори ба водиҳои Бадахшон рафтан ҳамсафарам ба гиёҳҳои шифобахш нигариста, оҳи сарде мекашиду мегуфт:
- Саломатхон, бародар, чаро доруҳо зери поямону мо онҳоро дар Ҳиндустону кишварҳои Аврупо мекобем. Бовар кунед, гиёҳҳои табобатиро ба даст мегирифту мебӯсид ва сиришк аз дидагонаш мерехт.
Дар даврони истиқлолият низ ӯ борҳо аз Бадахшон дидан карду маҳз дониши баланду таҷрибаи бояш даст дод, ки маризони зиёд аз марг наҷот ёфтанд. Як суханашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Боре аз тариқи чархбол ба Хоруғ барои иҷрои вазифааш омад, аз кулли навоҳии вилоят дидан карда, ҳангоми худоҳофизӣ гуфт:
- Саломатхон, Худованд миллатҳои дигари дунёро фиреб додаасту кулли неъмати оламро ба мо тоҷикон ато кардааст.
- Чӣ хел? – пурсидам ман. Ӯ табассум намуд:
- Рӯдхонаҳои Хингоб, Ванҷоб, Язгуломоб, Бартанг, Ғунд, Шоҳдара, Ишкошим макони неругоҳҳои фардои Тоҷикистонанд. Лозурҳои азими кӯлҳои Сарез, Қаракӯл, лоҷуварди Шохдараро тамошо кардам ва боз неъматҳои дигаре, ки дар қаъри хок хобанд. Ман гуфтаниам, ки 90 дарсади рушди иқтисодиёти фардои Тоҷикистон дар Бадахшон аст.
Суханам аз нафари барӯманд доктор Тавфиқ Қодирист, ки зодаи шаҳри бостонии Хуҷанд, парвардаи факултаи муолиҷавии Институти тиббии ба номи Абуалӣ ибни Синост. Ҷабҳаҳои бемории санги гурда, пиелонефрит, луғатсозии соҳа мавриди тадқиқи ин донишманд қарор доранд. Усулу шеваҳои тозаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, реза кардани санги пешоб, конструксияи ду асбоби сангшикан, табобати доруии бархе аз бемориҳои урологиро пешниҳод намудааст. Таҳти роҳбарии ӯ дар даҳсолаи охир 11 нафар рисолаи номзадӣ ва 3 нафар шогирдонаш берун аз ҷумҳурӣ рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Тавфиқ Қодирӣ дар Тоҷикистон аввалин доктори илм дар соҳаи урология (аз соли 1993), профессори соҳаи урология ва андрология (аз соли 2004) мебошад.
Ин марди шариф соҳиби 424 асари илмист, 108-тоаш берун аз ҷумҳурӣ нашр шудааст. Аз ҷумла муаллифи 34 китоб, 11 дастуруламали таълимӣ, се тасниф, фарзияи илмӣ ва ихтироъ, 4 усули навини табобат (яке аз онҳо аввалин бор дар таҷрибаи ҷаҳонӣ) аст. Дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 80 мақолаҳои илмӣ ва оммавиро ба чоп расонидааст.
Натиҷаи арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллат буд, ки ӯ ба сифати яке аз пешоҳангони  таҳияи Луғати русӣ-тоҷикии урология буда, онро соли 1994 ба табъ расонид. Ба хотири таълифи рисолаи таълимии урология ба забони давлатӣ соли 1995 соҳиби Ҷоизаи Бунёди Оли Сомон гардид. Соли 1990 дар Анҷумани IV-уми урологҳои СССР маърӯзаи илмӣ кардааст. Якумин мақолаи илмӣ аз урологияи ҷумҳурӣ дар маҷаллаи «Урология» (ФР, 1999) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Тавфиқ Қодирӣ созмондеҳи нахустин семинари усулҳои таълими донишҷӯёни хориҷӣ дар кишвар (1987), нахустсеминари донишгоҳҳои тибби кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон бо усули таълими «Тафаккури интиқодӣ» (2002) мебошад. Бидуни ин аз дастурамалҳои услубӣ як қатор дастурҳои таълим ва курсҳои лексияҳоро барои донишҷӯёни донишгоҳи тиб ва шунавандагони омӯзиши баъдидипломӣ оид ба урологияи калонсолон ва кӯдакон ба ду забон навиштааст.
Ӯ ба ҳайси узви Шӯрои олимони ДДТТ, раиси иттифоқ, шӯрову комиссияҳои гуногуни ҷамъиятӣ барои пешравии ҷамъият, рушди ДДТТ, устувории адолати иҷтимоӣ корҳои назаррасро сомон додааст. Соли 1987 дар бунёди факултаи тибби шаҳри Балхи Афғонистон иштирок  дошт. Ба ҳайси вакили халқӣ ва раиси комиссияи депутатии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе солҳои пурошӯби 1995-1999 барои устуворӣ ва рушди хадамоти тиббӣ, маориф ва соҳаи иҷтимоии аҳолии ноҳия хизматҳои сазовор кардааст.
Шаҳодати кордонию касбияти баландаш аст, ки ба ӯ ҳама вақт иҷрои супоришҳои мураккабу ташкили хадамотҳои навро бовар мекарданд. Ӯ соли 1986 бори аввал тавонист дар байни донишкадаҳои тибби СССР имтиҳони қабули фанни биологияро ба системаи компютерӣ гузаронад. Соли 1987 шуъбаи равобити байналхалқии ДДТТ, соли 1994 хадамоти корҳои тарбиявии ДДТТ, соли 2000-ум Ҷамъияти урологҳои Душанбе, соли 2003 Ассотсиатсияи урологҳои Тоҷикистонро ташкил намуд.
Хизматҳои беназираш дар соҳаи татбиқи  Қонуни забон маълум мебошанд. Бо ибтикори ӯ дар ДДТТ якумин маротиба байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ шуъбаи тарҷума ва омӯзиши осори тибби ниёгон (1992) ташкил шуд. Ин марди дилдодаи касб солҳои дароз узви шӯроҳои олимони ДДТТ, ДТИБКТТ ва Пажӯҳишгоҳи хӯрок, шӯрои дифои рисолаҳои илмии ДДТТ ва раиси Ташкилоти байналмилалии хайрияи «Офият», узви садорати Ассотсиатсияи ҷарроҳони ҷумҳурӣ, раиси чандин шӯрову комиссияҳои босалоҳияти донишкада ва Вазорати тандурустӣ буд. Тавфиқ Қодирӣ соли 2002 бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор гардидааст. 
Тавфиқ Қодирӣ ба синни шаступанҷ  даромада бошад ҳам дилбохтаи фаъолияти эҷодӣ ва татқиқоти муолиҷавию таълимист. Тибби тоҷик бо ӯ фахр мекунад. 
     
Саломатхон ШОЗЕДОВ,
мудири шӯъбаи урологии Бемористони марказии ВМКБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.03.2014    №: 44    Мутолиа карданд: 1684
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед