маориф
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁНРО БАЛАНД МЕБАРДОРАНД
Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба манзури ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни донишҷӯён дар ҳамоҳангӣ ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд тадбирҳои судманде рӯи даст гирифтааст. Дар ин робита чанде пеш мулоқоти кормандони мақомоти ҳифзи тартибот бо доираи васеи донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ доир гардид.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки тарбия ва муносибати ҳуқуқӣ маҳаки асосии рушди ҷомеа ба шумор рафта, муҳаққиқон дар татбиқи муваффақонаи ин амр тарғибу ташвиқи рафтори қонуниро таъсиргузор медонанд. Аз ин рӯ, устодони донишгоҳ ба ин раванд таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, зимни дарсҳои тарбиявӣ ин масъаларо дар меҳвари фаъолият қарор медиҳанд.
Пӯлодҷон Саидов, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасон ва ҷавонони РВКД дар вилояти Суғд, дар суҳбат бо донишҷӯён аз чанд мавриди даст ба ҷиноят задани наврасону донишҷӯён гузориш дода, изҳор дошт, ки бо вуҷуди таҳти назорати доимӣ қарор доштани ин масъала вазъи ҷинояткорӣ дар миёни ин доира ҳамоно нигаронкунанда аст. Бинобар ин, ташкили чунин чорабиниҳо ва бо донишҷӯён дар миён гузоштани сабабу омилҳои ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда ва оқибатҳои он ба манфиати кор буда, ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ таъсири мусбат хоҳад расонд.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мавриди назар барномаи вижаеро қабул намудааст, ки татбиқи он аз соли 2009 то соли 2019 идома хоҳад кард. Ҳадафи аслии барнома баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолияти сиёсии аҳолии мамлакат мебошад. Дар ҳамин ҳол, Консепсияи миллии тарбия низ яке аз ҳуҷчатҳои муҳимест, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи устодони донишгоҳ корбаст мешавад.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз маркази иттилоот ва таҳлилии донишгоҳ хабар доданд.
Ф.ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.03.2014 №: 44 Мутолиа карданд: 1644