logo

маориф

МУАЛЛИМ ОФТОБЕ ДОН…

Дар дунё ду офтоб аст, яке офтоби табиӣ, ки бо нури ҳаётбахши хеш табиатро ҷон мебахшаду дигаре муаллим. Муаллим офтобест, ки бо нури рӯҳпарвари худ даҳрро яксар рӯшан мекунад. Ақл, шараф, виҷдон ва олами ботинии инсонҳоро ҷон бахшида, тарбия менамояд. Аз ин лиҳоз аҷдодони бузурги мо Паёмбарро муаллим мегуфтанд.

Ин суханонро рӯи коғаз оварда, пеши назарам симои омӯзгори асиле ҷилвагар мегардад. Ин омӯзгор муаллим Мамаданбар аст. Айёми навҷавонии ӯ дар ноҳияи Вахши зархез паси сар шудааст. Дар аснои мактабхонӣ дар дилаш меҳри муаллим шудан пайдо шуда, соли 1992 донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав гардид. Пайваста баъди дарс ба назди устодонаш рафта, аз онҳо барои мутолиа адабиёти иловагӣ хоҳиш мекард, ба саволҳои пайдошудааш аз устодон ҷавоб меҷуст. Баъдан дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ таҳсилро идома бахшида, онро соли 2000 бомуваффақият хатм намуд.
Тӯли 5 сол дар деҳаҳои Шошбувад, Шохиризм ва Бидизи Болои ноҳияи Роштқалъа ба шогирдон аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс гуфт. Бо вуҷуди ҷавон будан худро чун омӯзгори хушсалиқа нишон медод. Аз он хурсанд мешуд, ки шогирдонаш ба дарси ӯ меҳр пайдо кардаанд, ӯро чун муаллим дӯст медоранду бесаброна дарсашро интизорӣ мекашанд. Аҳли деҳаи Роштқалъа ӯро чун муаллими заҳматкаш дӯст медоштанду ҳурмат мекарданд ва дар навбати худ дар зиндагӣ дастгираш буданд. Дар мактаб омӯзгорони соҳибтаҷриба кам набуданд, аммо Мамаданбари ҷавон тавонист, ки дили хонандагонро ба даст орад.
Соли 2000 ӯро сарвари сарпарастони мактаб ва ду сол баъд сардори иттиҳодияи методии байни мактабҳо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик таъйин намуданд. Вай байни муаллимони забон ва адабиёти тоҷики мактабҳо дарсҳои кушод ташкил мекард, ба омӯзгорони нав ба кор омада пайваста ёрии методӣ мерасонд. Мактаб бояд ба маънои томаш мактаб бошад, мегуфт Мамаданбар. Дар корҳои ҷамъиятии мактаб ҳам фаъолона иштирок мекард, ҳам маслиҳатчии дигарон буд. То ба кор омаданаш мактаб кабинети забон ва адабиёти тоҷик надошт. Онро ташкил карда, бо аёниятҳои худсохти зебо оро дод, ки шогирдон бо мамнунӣ аз он истифода мебурданд. Шуъбаи маорифи ноҳия малака ва донишу қобилияти вайро ба назар гирифта, соли 2007 муовини директор оид ба таълиму тарбия таъйин намуд. Бо талоши ӯ кори таълиму тарбия ва ободонии мактаб рӯз аз рӯз чашмрас мешуд. Дар он солҳо бархе аз омӯзгорон маълумоти олӣ надоштанд. Ӯ ин гуна омӯзгоронро барои таҳсил дар шуъбаҳои ғоибонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ тавсия дод ва ин масъала низ дар мактаб ба тадриҷ ҳалли худро ёфт.
Ҳоло Мамаданбар Давлат-қадамов директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-и ноҳияи Роштқалъа аст, ки он дар ноҳия намунавист. Кору фаъолияти муаллимон М. Саломатшоев, Ҳ. Саидшоева ва С.  Ҳайдаров қобили таҳсин буда, нозирони шуъбаи маорифи ноҳия аз соҳибкасб будани онҳо қаноатманданд. Имрӯз дониши хонандагон хеле хуб аст.
Дар мактаб хонандагон дар курсҳои омӯзиши забони англисӣ, технология ва информатика, забони тоҷикӣ ва математика бо шавқу завқи зиёд иштирок менамоянд. Хонандаи синфи 11 Раҳмати Шодибекзода ду маротиба дар озмуни фаннии вилоятӣ ҷои дуюмро ишғол намуд. Инчунин толибилмони мактаб Л. Худоёрбекова ва О. Наимзода дар озмуни техникони ҷавон дар вилоят сазовори ҷои дуюм шуданд.
Дар тӯли 4 сол бо ташаббуси ӯ бинои таълимгоҳ пурра таъмир шуд. Боми он тунукапӯш ва дохили синфхонаҳо низ мувофиқи талабот таъмир гардиданд. Дар баробари ин бинои чор синфхонаи дигар бомпӯш шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Дар як гектар замини назди бинои таълимии нав зиёда аз 1200 бех дарахтони сояафкан сабзонда, боғ бунёд карданд ва гирди онро 524 метр девор бардошта, аз болои он симтӯр кашиданд. Аз масофаи 200 метр барои шодоб намудани дарахтони боғ бо истифода аз лӯлаҳо об оварданд. Ҳамчунин дар атрофи мактаб гулдонҳо сохта, дар онҳо гулҳои рангоранг шинонданд. Маблағи барои ин ободкорӣ сарфшуда аз ҳисоби замини ёрирасони мактаб ба даст омадааст. Бо ин иқдоми наҷибаш мактаби мазкур дар озмуни ободонии ноҳия сазовори ҷои аввал гардид.
Беҳтарин баҳо ба заҳмати муаллим ин муҳаббати шогирдон ва эҳтироми мардум аст, ки ӯ бо меҳнати ҳалоли худ ҳардуро сазовор шудааст.
Дар шаъни чунин соҳибкасбони заҳматкаш бузургворе фармудааст:
Муаллим офтобе дон, ки метобад ба баҳру бар,
Зи нури хеш равшан мекунад ӯ даҳрро яксар.

Сайфулло ШУКРУЛЛОЕВ, нафақахӯр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.03.2014    №: 46    Мутолиа карданд: 1882
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед