logo

маориф

БА ФАРЗАНДОНИ ВАТАН МЕОМӮЗАД

Мегӯянд, ки рисолати асосии модар ба дунё оварданду тарбияи фарзанд аст, аммо бисёр вақт дар зиндагӣ бо шахсоне рӯ ба рӯ мешавем, ки дар баробари тарбияи фарзанд, дар пешрафти илму фарҳанги кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Албатта, ин барои зан-модар осон нест ва борҳо мушоҳида кардаем, ки баъзеҳо ба мушкилиҳо тоб наоварда, тарки касбу кор намудаанд. Фақат нафарони қавииродаву таҳаммулпазир ҳамаи мушкилиҳоро паси сар намуда, ҳам дар пешрафти соҳаҳои гуногун саҳм мегузоранд, ҳам дар тарбияи фарзанд. Насиба Содиқова, номзади илми фалсафа, аз зумраи чунин нафарон аст. Ӯ соли 1990, баъд аз хатми факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов чун лаборант ба кор омад. Ҷавон буд, аммо ба омӯхтани илм шавқи зиёд дошт. Медонист, ки роҳи илм саҳлу осон нест, аммо ба худ, ки бовар дошт, ба илм пайваст ва ба комёбиҳо ноил шуд. Аслан, ин шавқ дар дили ӯ, аз замони мактабхониаш ҷой гирифта буд. Модараш, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шогирдон дарс мегуфт, зани бофарҳанг ва барои фарзандон намунаи ибрат буд. Таърихро хеле хуб медонист ва ҳамеша фарзандонро ба худшиносиву худогоҳӣ, меҳнатдӯстиву меҳанпарастӣ ҳидоят менамуд. Ба фарзандон дар тайёр намудани дарсҳо ёрӣ медод. Аз фарзандон умеди зиёде дошт. Ин муҳит ба Насиба Содиқова бетаъсир намонд, пайваста ҷустуҷӯ намуд, донишашро сайқал дода пеш рафт, ба комёбӣ дастёб шуд ва айни замон муовинии директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои кишвар ба номи А. Баҳоваддиновро ба зимма дорад.
Сабаби ба факултети шарқшиносӣ дохил шуданашро чунин шарҳ дод: - Хати форсӣ, арабиро аз хурдӣ хуб аз худ кардам. Он замон китобҳои «Ҳафтяк», «Куръон» -ро хондам.
Азбаски ин ду ҳуруфотро хуб балад будам, ҳуҷҷатҳоямро ба факултети шарқшиносӣ супурдам. Албатта, дохил шудан ба ин факултет осон набуд, аммо ба ин муваффақ шудам.
Дар мавзӯи «Фалсафаи антропологии Мирзо Абдулқодири Бедил» рисолаи илмӣ ҳимоя намуд. Мавзӯи рисолаи докториаш идомаи рисолаи номзадиаш, - фалсафаи Абдулқодири Бедилро дар бар мегирифт. Онро соли 2007 бомуваффақият ҳимоя кард.
Соли 2002 Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон ва соли 2003 барои монографияи «Фалсафаи антропологии Мирзо Абдулқодири Бедил» Ҷоизаи Исмоили Сомониро сазовор гардид.
Дар тарбияи шогирдон саҳми арзанда дорад. Таҳти роҳбариаш шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Олмон низ корҳои илмӣ анҷом додаанд. Ҳамзамон дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад.
Мегӯянд, ки дар таълиму тарбияи фарзанд модар нақши бештар дорад ва агар модар босаводу донишманд бошад. Дар воқеъ, ҳаёт собит намуда, ки модари бомаърифат дар тарбияи фарзандон ҳамеша муваффақ аст ва фарзандонеро ба воя мерасонад, ки дар пешрафти илму фарҳанг, ободии Ватан саҳми сазовар мегузоранд. Насиба Содиқова аз зумраи чунин модарон аст. Ӯ ин ҳамаро аз модар омӯхтааст ва онро ба фарзандони худу фарзандони Ватан меомӯзад.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.03.2014    №: 47    Мутолиа карданд: 1731
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед