маориф
ОМӮЗГОРИ МУМТОЗ, МУРАББИИ МУШФИҚ
- Аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 - и ноҳияи Ишкошим дар озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба фанни таърих ҳафт нафар хонанда иштирок мекунад.
Дар ин бора Кабутаршо Алишоев, корманди Раёсати маориф ва илми Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, дар машварати вилоятии кормандони соҳа иттилоъ дод. Ба шогирдон муаллима Бибиҳаво Шоҳдӯстмаҳмадова дарс мегӯяд.
Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим қарор доданд, ки маҳорату ташаббускории Бибиҳавои серғайратро дар самти кор бо ҷавонону наврасон истифода баранд. Аз ин рӯ, ӯро ба мактаби рақами 21, ки сарпешоҳанг надошт, фиристоданд. Мудири маориф таъкид намуд, ки барои мактабҳои калонтарин, мисли мактаби рақами 21, ки дар марказ фаъолият дорад, сарпешоҳанг аз ҳар гуна омӯзгор муҳимтар аст. Зеро ӯ бештар аз ҳама бо хонандагон сару кор мегирад ва сатҳи одобу ахлоқ, ҷаҳонбинии муҳассилон ба ғайрати сарпешоҳанг рабт дорад. Ва Бибиҳаво 6 сол дар ин вазифаи пурмасъул кор кард. Муаллима ҳамчунин дониши худро такмил медод. Бибиҳаво хонандагонро ба тамошои ҷойҳои таърихӣ мебурду ба онҳо дар бобати қаҳрамониҳои ниёгон дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳикоят мекард. Ҳамаи ин ба камолоти маънавии ҷавонон бетаъсир намемонд. Ӯ дар дижи Қаҳқаҳаву Кофарқалъа ба фикр мерафт, ки чӣ тавр падару бобоёнамон ҳар пораи хоки меҳани азизро аз душман ҳифз намуда, фарҳанги худро пос медоштанд. Меҳри касб водор сохт, ки муаллима Бибиҳаво таҳсилро идома диҳад. Ӯ соли 1976 шуъбаи ғоибонаи факултаи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи пойтахтро бомуваффақият хатм кард.
Расо 20 сол боз Бибиҳаво ба дӯстдорони дониш аз таърихи ниёгони сарбаланд, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, анъанаҳои неки онҳо ҳикоят мекунад. Чандин шогирдони муаллима пайроҳаи ӯро дар ҷодаи омӯзгорӣ пеш гирифта, имрӯз бо ӯ ҳамсафанд.
Муаллима дар баробари таълиму тарбия бисёр корҳои ҷамъиятиро бар дӯш дошт. Ӯ чанд сол раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони мактаб, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизб буд. Соли 1997 Бибиҳаво Шоҳдӯстмаҳмадоваро директори мактаб таъйин намуданд. Муаллима дар ин вазифа 15 сол хизмат кард. Интизомро хеле баланд бардошт, омӯзгорони бо тақозои рӯзгор рафтаро тавонист аз нав ба мактаб баргардонад. Шогирдони таълимгоҳ дар озмунҳои гуногуни вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин давра хонандагон аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ 4 медали тило, 4 нуқра ва 6 медали биринҷиро ба мактаб оварданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.03.2014 №: 47 Мутолиа карданд: 1831