logo

илм

ЗЕБОИОФАР

Конструктор ва ё нақшофар шуғли мураккаб аст. Лоиҳакашӣ, меъморӣ, нақша ва дигару дигарҳоро фаҳмидан мумкин аст. Агар барои наққош ва ё рассоми хуб гардидан як-ду сифати асосии касбӣ зарур бошад, барои конструктор – муҳандиси сохтмон нокифоя ҳастанд, зеро саҳни фаъолияти ӯ фарохтар асту агар ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммал ва замонавӣ, маҳорати кордониву ҳалли муаммоҳо, истеъдоди бузурги нақшакашӣ ва амсоли инҳоро надошта бошад, тарҳи сохтаи ӯ зуд аз байн меравад. Дар ин ҷода итминонамон ба бузургии Махфират Зокирова, ба иродаи қатъиву матонати қавии ӯ комилтар мегардад, ки касби аз ҳама душворро баҳри худ интихоб намудааст.
Махфиратбону тамоми ҳаёташро ба конструксия бахшид ва дар ин соҳа нуфузи бештаре пайдо намудааст. Бо маҳорати баланд аз рӯи барномаҳои гуногун дар компютер нақшаҳои бузургро мекашад.
– Мо аз рӯи нақшаи меъморон кор мекунем. Меъмор дар бораи ҷойгиршавии хона, баландӣ, баромад нақшаашро тайёру тасдиқ менамояд ва ба мо пешниҳод мекунад. Баъд аз рӯи ин чӣ қадар зарур будани масолеҳи сохтмон, дар кадом сатҳ ва чуқурӣ ва ё хок сохта шудани биноро мо, муҳандисони сохтмон, муайян месозем.
Ӯ баъди хатми Донишгоҳи политехникӣ ба шаҳри Хуҷанд ба филиали Институти лои-ҳакашӣ чун муҳандис ба кор омад ва қариб 40 сол мешавад, ки фаъолият дорад. Алҳол сармуҳандиси ҶДММ «Суғдшаҳрофар» мебошад.
Вақте пурсидам, ки чӣ сабаб шуд, ки аз оилаи шоир Аминҷон Шукӯҳӣ муҳандис-конструктор баромад, ӯ гуфт, ки ҳама хоҳарону бародарон дар интихоби касб озод будем ва падар ба хоҳиш ва майлу рағбати мо нигоҳ карда, шароит муҳайё месохт. Бо роҳи падар бародарам Карим Шукӯҳӣ рафтааст ва шеър меофарад. Алҳол дар Амрикосту ба воситаи сайти «Фейсбук» шеърҳояшро ҳам ба забони русӣ ва ҳам тоҷикӣ пешкаши хонандагон мегардонад. Шеърҳои падарро низ тарҷума мекунад. Падарам Аминҷон Шукӯҳӣ ба фанни математика шавқу ҳаваси беандоза доштанд, мисолу масъалаҳоро ҳал мекарданд. Аз хориҷа ба ман бештар аз риёзиёт китоб меоварданд. Медонистанд, ки дар илми дақиқ лаёқат дорам ва таваҷҷуҳам ба ин фанҳо бештар аст.
Ҳуҷраи кории бонуи меҳнатқарин пур аз овезаҳои расмҳои гуногуни биноҳои замонавӣ ва хуштарҳу зебо буду рӯи мизашро баробари ашъори падар китобҳои Ҳофизу Есенин ва Александр Блок оро медоданд, ки вақтҳои фароғатӣ ба мутолиаи онҳо машғул будааст.
Наслҳое, ки таълиму тарбияи хуб дида ба воя расидаанд, дар муборизаи ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавиро ҳал хоҳанд кард. Ба симои бузург ва матонати беназири ин зан нигариста, фикр мекунам ҳамин далелу рақамҳо кофист, ки ба нақши имрӯзаи зан дар ҷамъият баҳогузорӣ намоем, ки воқеан саҳми бонувон дар ҷомеа зина ба зина боло рафтан дорад. Рисолати аслии зани тоҷик соҳибмаърифатӣ ва пеш аз ҳама сабурии ӯст ва чун анъана меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад ва дар оянда низ аз ин беҳтару хубтар хоҳад гашт.

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.03.2014    №: 47    Мутолиа карданд: 1669
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед