logo

маориф

ЧАРО НОШУНАВО ОМӮЗГОР НАБОШАД?

Ношунавоён як қишри ҷомеа буда, таъмини шароити иҷтимоии онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Феълан теъдоди аъзои Ҷамъияти нобиноёни кишвар 25 ҳазор аст. Аз мутахассиси илми ношунавоён, омӯзгори калони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Саттор Қувватов, хоҳиш кардем, ки атрофи таълими нутқии ношунавоён, таҷрибаи андӯхтааш, мушкилоти таълим ва тайёр кардани омӯзгорони ношунаво барои таълими ношунавоён равшанӣ андозад.
- Таълими кӯдакони ношунаво, -гуфт ӯ, - усулҳои гуногунро дар бар мегирад. Кӯдакони ношунаво намешунаванд ва гап зада наметавонанд. Онҳо тамоми ҳаёт аз шунидани суханҳои ширин ва гуфтан маҳруманд. Бисёр вақт онҳо ғамгинанд. Сабаб нашунидану нагуфтан аст. Вақте ки бо онҳо гап мезанем, худро хушбахт ҳис мекунанд, вуҷуди онҳоро як меҳру муҳаббати гарм фаро мегирад. Мо бояд бо забони ишора бо онҳо муошират намуданро ёд гирем. Барои он ки забони ишора забони онҳо мебошад.
Соли 1880 дар шаҳри Милани Италия конфронси сурдопедагогҳо баргузор гашт, ки намояндаи 134 давлати олам иштирок дошт. Дар он баъзе олимон зикр намуданд, ки забони ишора ба кӯдаки ношунаво дониши илмӣ надода, рафти инкишофи нутқи онҳоро боз медорад. Дигар олимон тазаккур доданд, ки забони ишора ба инкишофи нутқи даҳонӣ ягон хел монеа эҷод накарда, баръакс дар инкишофи нутқ ёрӣ мерасонад.
Дар бисёр давлатҳо ин мушкилотро дида роҳи дигари таълимро пеш гирифтанд. Соли 1950 олимони амрикоӣ таълими билингвистӣ (таълими ду забона - ишора ва даҳонӣ) - ро ба роҳ монданд, ки то имрӯз натиҷаи хуб додааст. Ин метод савияи дониши хонандагони ношунаворо баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар ҷомеа дигар намуд.
Дар Тоҷикистон соли 1940 мактаби ношунавоён ташкил шуд, таълим ба забони русӣ буд ва то имрӯз усули таълими даҳонӣ давом дорад. Ин тарз методи ягона буда, мутахассисони сурдопедагогика дар он ақида мебошанд, ки он барои бачагони ношунаво зарур буда, онҳоро ба ҷамъияти ношунавоён тайёр мекунад.
Ба онҳо нутқи даҳонӣ ва таълими ишора лозим аст. Нутқи даҳонӣ онҳоро бо дунёи шунавоён пайванд месозад, таълими ишора бошад мақсади худро ба атрофиён фаҳмонидан аст.
Шояд сари вақт муайян кардани ношунавоӣ душвор бошад, чунки ҳамаи тифлон вақти таваллуд гиря – садо мебароранд. Вақте ки кӯдакони дорои нуқсони шунавоӣ сари вақт муайян карда нашуда, ёрии заруриро нагирифтанд, баъди он ба хизматрасонии иловагӣ муҳтоҷ мешаванд, ки ин гуна кумак бояд дар давоми солҳои мактабхонии онҳо (шояд дертар ҳам) расонда шавад. Ҳатто кӯдаконе, ки шунавоиашон андаке заиф аст, метавонанд аз қисми зиёди иттилоот ва муҳокимарониҳои дар синф бавуқӯъомада, бебаҳра бимонанд. Агар мо сари вақт аз шунавоии паст доштани онҳо бохабар нашавем ва роҳи таълимдиҳӣ ва муносибати байниҳамдигариро бо онҳо дигаргун насозем, дониши хуб гирифта наметавонанд.
Нутқи даҳонӣ барои кӯдакони шунавоиашон заиф, миёна ва вазнини миёна ҳамчун забони аввалин ва барои кӯдакони шунавоиашон вазнин, кар ё ниҳоят вазнин ҳамчун забони дуюм истифода мешавад. Кӯдакони шунавоиашон заифро маҷбур мекунанд, ки гапро ёд гиранд, аммо ин имкон надорад. Бо ин гуна кӯдакон бояд муносибати хуб намуда, онҳоро ранҷ надиҳем.
Омӯзгороне ҳастанд, ки дар рафти дарс садояшонро баланд мекунанд, ки гӯиё ношунаво мешунида бошад. Ин омӯзгорон барои баланд ҳарф задан аз тарафи маъмурият омӯзгори беҳтарин арзёбӣ мешаванд. Ҳоло ин метод дар мактаб - интернатҳои махсус давом доранд. Бо овози баланд ҳарф задани омӯзгор ба ношунаво ягон фоида наоварда, баръакс ба саломатии омӯзгор зарар дорад. Дар синф 10 нафар хонанда бошад, онҳо як хел сатҳи шунавоӣ надоранд. Кӯдаконе ҳастанд, ки овози баланд доранд. Дар вақти салом додан ё ягон сухан гуфтан, овозашон баланд аст, аммо ин ба одами ношинос ё меҳмон дағал мерасад. Барои ҳамин бо ин кӯдакон кор карда нуқсонҳои нутқи онҳоро бартараф сохтан даркор.
  Соли 1994 синфи тайёрӣ доштам, 14 хонанда буд. Кӯшиш мекардам, ки бо ҳар гуна усулҳо таълим диҳам, таълим бо забони ишора иҷозат набуд, бояд ишораро истифода набарем. Бо онҳо даҳонӣ гап мезадам, онҳо маро намефаҳмиданд, аз ин рӯ, ишораҳоро истифода бурдам. Маъмурият дарси маро таҳлил намуда, барои истифодаи ишора сарзаниш мекард. Ин мушкилот маро водор сохт, ки ба хориҷа рафта, методи таълими онҳоро омӯхта, монеаҳоро бартараф намоям. Ман ба нутқи даҳонӣ зид нестам. Аммо кӯдаке, ки нутқ надорад, 99% намешунавад, барояш гап задан ғайриимкон аст.
 Дар мактаб – интернатҳои махсус аз ношунавоён имтиҳон гирифта намешавад. Дар корҳои санҷишӣ аз фанни инкишофи нутқ ба ҳар як хонанда дар синф 5 савол дода шуда, аз рӯи 3 метод баҳо гузошта мешавад: даҳонӣ, дастӣ ва ишора. 
Сурдопедагоги машҳури Русия Виктор Флери гуфтааст, ки чи қадар барвақт таълими ишораро ба кӯдакон сар кунем, фикрронии кӯдакро сайқал дода, ӯро барои инкишофи нутқ омода менамояд.
Имрӯз дар Тоҷикистон таълими билингвистӣ кам ба чашм расида, методи даҳонӣ амал дорад. Дигар роҳи беҳсозии сифати таълиму тарбияи ношунавоён аз миёни онҳо тайёр кардани омӯзгорон ва мутахассисони соҳа мебошад. Зеро онҳо бо ҳам наздиканд, забони ҳамдигарро мефаҳманд. Дар ҳар як мактаби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз 5 то 10 нафар ношунаво кор мекунад. Ҷамъомадҳо ва дарсҳои тарбиявиро худи ношунавоён мегузаронанд. Дар Афғонистон таълим фарогир мебошад ва кӯдакони маъюб бо солимон якҷоя таҳсил мекунанд. Дар Тоҷикистон, агар хато накунам, ҳамагӣ 3 нафар ношунаво кор мекунад. Бисёриҳо дар ин ақида мебошанд, ки бо иллати ношунавоӣ кор карда наметавонанд. Ин ақида нодуруст буда, баръакс онҳо дар кори худ хело ҷиддианд. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, хушбахтона, ношунавоён таҳсил доранд ва баъди хатм бояд онҳо дар мактаб - интернатҳо ба кор ҷалб карда шаванд.

Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2014    №: 50    Мутолиа карданд: 1968
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед