logo

туризм

ЯК МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ДАРОМАД, ПАНҶ МИЛЛИОН ҶОЙИ КОР?

Оё ин имкон дорад?

Солҳои охир дар аксари кишварҳо туризм ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил ёфтааст. Бино ба маълумоти СММ, сайёҳӣ дар бархе давлатҳо аз ҷиҳати даромаднокӣ соҳаҳои мошинсозӣ, кимиё ва энергетикаро кайҳо гузаштааст. Ҳамчунин тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии «Сибак», имрӯз дар саросари дунё  бахши сайёҳӣ 7%-и сармоягузориҳоро ташкил дода, аз ҷиҳати даромад баъди фурӯши нафт меистад.

Масалан, ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб соли гузашта 75 миллион  сайёҳ ворид шудааст ва даромад аз туризм дар ин кишвар 35%-и даромади умумии давлатро ташкил медиҳад. Ба   Қирғизистони ҳамсоя, ки сарзаминаш ба Тоҷикистон монанд аст,  тибқи гузориши шабакаи телевизионии «МИР-24»,  соли гузашта 3 миллион сайёҳ ворид шуда, ба буҷаи он 218 миллион доллар  фоида овард.
Ҳамин тавр,  вобаста ба имкониятҳое, ки Тоҷикистон дорад, агар сайёҳӣ дуруст ба роҳ монда шавад, аз  соҳа манфиати бештар гирифтан имконпазир аст, зеро  Тоҷикистон дорои сарватҳои нодир ва фарогири ёдгориҳои арзишманди таърихӣ аст. «Тахти сангин», «Қалъаи Ҳисор»,  «Чилдухтарон», «Саразм» ва ғайра, ки имрӯз  чун ёдгориҳои  таърихӣ дар сатҳи байналмилалӣ шинохта мешаванд, аз зумраи онҳо мебошанд.  Ҳамчунин кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи Бадахшон, ба вижа қуллаи Исмоили Сомонӣ  ва обҳои шифобахшу мавзеъҳои фароғатӣ, аз ҷумла «Искандаркӯл»-и ноҳияи Айнӣ, «Зоркӯл»-у  чашмаҳои гарму ҷӯшони «Тамдикӯл»-и ноҳияи Ҷиргатол, «Чилучорчашма»-и  ноҳияи Носири Хусрав, гармчашмаҳои ноҳияҳои  Файзобод,  Ванҷ, Рӯшон ва садҳо чашмаҳои шифобахшу  мавзеъҳои фароғатӣ, ки дар дигар гӯшаву канорҳои кишвар мавҷуданд, биҳишти рӯйи замин будани Тоҷикистонро баръало собит месозанд. Чунин  зебоӣ ва сарватҳои нотакрори сарзамини Тоҷикистон метавонанд омили рушди туризм дар кишвар гардида,  ба буҷаи он солона  садҳо миллион доллар даромад ворид созанд. 
 Дар хориҷи кишвар низ имрӯз одамоне, ки мехоҳанд сарватҳои нодир ва маконҳои дилрабои кӯҳсорони Тоҷикистонро аз наздик  тамошо кунанд, зиёданд. Махсусан мавзеъҳои таърихӣ ва мондагорро, ки умри чандҳазорсола доранд. Ё барои муолиҷа мехоҳанд аз чашмаҳои шифобахши диёрамон истифода бубаранд. Аз сӯйи дигар барои мардуми Аврупо ва кишварҳои дигар сайру сайёҳат дар соҳили баҳру уқёнус ба як чизи муқаррарӣ мубаддал гаштаву ҳоло ба тамошои кӯҳсорони  диёри мо майл  доранд.
Аммо нарасидани кадрҳои туристӣ имрӯз дар Тоҷикистон садди  пешравӣ дар ин соҳаи даромаднок аст.  Пас муассисаҳои таълимие, ки ҳоло оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон фаъолият мебаранд, то куҷо метавонанд мушкилии норасоии кадрҳоро бартараф созанд? Оё шароити таҳсили толибилмони чунин муассисаҳо дархӯри талаботи бозори меҳнат мебошад?    

Абдукарим Қурбонов, мутахассиси соҳаи сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин хусус чунин мегӯяд:
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди таъсис ёфтани бахшҳои омодасозии кадрҳои соҳаи туризм дар ҳафт макотиби сатҳи олӣ ва миёнаи кишвар, сатҳи дониши хатмкунандагони онҳо ба талаботи бозори соҳавӣ ҷавобгӯй намебошад. Аксари онҳо бинобар сабаби сатҳи пасти донишҳои касбӣ ва забондонӣ дар бозори меҳнат мавқеи худро ишғол накардаанд. Кам будани мутахассисони соҳаи туризм барои хизматрасонии муносиб ба шумораи афзоишёбандаи сайёҳони хориҷӣ дар кишвар, имкон намедиҳанд.
Номукаммалии асосии барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар он аст, ки мутахассисони соҳа бе назардошти талаботи бозори соҳаи туризм омода карда мешаванд ва ба онҳо ҳатто як забони хориҷӣ мукаммал омӯзонда намешавад. Аз ҷадвалҳои дарсии онҳо аён мегардад, ки соатҳои омӯзиши забони хориҷӣ ва дарсҳои амалӣ каманд. Ин ҳолат барои бо таври зарурӣ аз худ кардани фан мусоидат карда наметавонад. Ба ғайр аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон аз ҷониби дигар муассисаҳои таълимӣ ягон ташаббусе баҳри сайқал додани дониши толибилмон ба назар намерасад. Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки омодасозии кадрҳои соҳаи туризмро бо назардошти талаботи бозори меҳнат ба роҳ монда, бештар ба масъалаи  норасоии мутахассисони  техникии соҳаи туризм, аз ҷумла роҳбалад, роҳбалад - тарҷумон ва ғайра таваҷҷуҳ намояд. Шумораи роҳбаладон айни замон, мутаассифона, талаботи рӯзафзуни туристони хориҷиро қонеъ наменамояд.

Фазлиддин Қоди-ров, декани факултаи туризм ва хадамоти гумрукии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, дар ин хусус чунин иброз дошт:
Аз  соли 2006  инҷониб факултаи туризм ва хадамоти гумрукӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи туризм фаъолият дорад, ки муассисаи пойгоҳии таҳсилоти олии тахассусӣ дар бахши сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар донишкада аз рӯйи ихтисосҳои сайёҳат ва меҳмондорӣ, менеҷменти сайёҳати байналмилалӣ, маркетинг дар сайёҳӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи туризм, бо назардошти урфу одат, анъана ва дигар хусусиятҳои миллӣ, ҳамзамон ба эътибор гирифтани стандартҳои байналмилалии соҳаи туризм мутахассисон омода карда мешаванд. Азбаски туризм хусусияти байналмилалӣ дорад,  таълими фарҳанги меҳмондорӣ ва дигар ҷанбаҳои хизматрасонии байналмилалӣ, ҳангоми тайёр кардани кадрҳо ба назар гирифта мешаванд.
Барои омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи мазкур, пеш аз ҳама таълифи адабиёти таълимӣ бо забони тоҷикӣ зарур аст. То ҳол аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар оид ба туризм, тақрибан 10 китоби дарсӣ ба табъ расидааст. Аз ҷумла “Иқтисодиёти туризм”, “Экотуризми Сари Хосор муаммо, мушкилот ва дурнамо”, “Асосҳои туризм”, “Фаъолияти сайёҳӣ”, “Менеҷменти туризм”, “Технологияи интернет дар сайёҳӣ”, “Асосҳои меҳмоннавозӣ”, “Саёҳатшиносӣ” имрӯз ба сифати адабиёти таълимӣ истифода мешаванд, ки миқдорашон хеле каманд.  Натанҳо адади нашри асарҳо кам аст, балки пеш  аз  ҳама номгӯи чунин асарҳои барои  толибилмон муфид бо забони модарӣ ангуштшумор мебошанд. Бештари асарҳоеро, ки  дар боло зикр кардем, устодону кормандони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таълиф намудаанд. Агар номгӯ ва адади нашри чунин асарҳо бо забони ноби тоҷикӣ, зиёд карда нашаванд, сифати таълим беҳ намегардад. Дар ин ҷо ҳамкории ҳамаҷонибаи мо бо мутахассисони баландпояи хориҷӣ нақши муҳим мебозад. Танҳо дар натиҷаи чунин ҳамкорӣ, таълиму тадрис бо назардошти стандарти байналмилалӣ сурат гирифта, ба бозори меҳнати кишвар мутахассисони хуби соҳа пешкаш мегарданд.
Ба ҷуз таълифи дастурҳои таълимӣ мо ба таҳияи лоиҳаи ҷумҳуриявии роҳу усулҳои тайёр кардани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ машғулем. Барои таҳияи лоиҳаи мазкур аз буҷаи ҷумҳурӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки фаъолияти моро дар ин самт пурқувват месозад. Ҳамчунин бо ташаббуси донишкада ва Вазорати маориф ва илми кишвар Маркази ҷумҳуриявии таълими методӣ оид ба туризм дар назди донишкада ташкил ёфт, ки он дар омодасозии кадрҳои баландихтисос мусоидат хоҳад кард. Ин марказ аз ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар, ки дорои бахши сайёҳӣ мебошанд, якнафарӣ аъзо дорад. Вақте ки мо китобҳо ва нақшаи таълимиро тайёр мекунем, он мавриди баррасии коршиносони Маркази ҷумҳуриявии илмӣ - методӣ оид ба туризм қарор мегирад, то стандарти нодурусти таълимӣ дар муассисаҳои таъсилоти олӣ паҳн нагардад. 

Забондонӣ дар сайёҳӣ вазифаи аввалиндараҷа аст
Дар факултаи мо бештар ба омӯзиши забони русӣ аҳамият дода  шудааст, зеро аксари сайёҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, аз давлатҳои собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд, - гуфт Ф. Қодиров ва афзуд, - донишҷӯёни мо тӯли 4 сол забони англисиро чун мутахассисони соҳаи туризм меомӯзанд ва дар соли охири таҳсил ихтиёр доранд, ки забони олмонӣ ё фаронсавӣ омӯзанд. Инчунин дар назар аст, ки солҳои наздик омӯзиши забони чинӣ низ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Зеро Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишвари мо ҳамсарҳад буда, дар оянда аз ин мамлакат сайёҳони зиёд ба ватани мо ворид хоҳанд шуд. Чунин методи таълим, яъне афзалияти бештар додан ба забономӯзӣ, дар ҳама донишгоҳу донишкадаҳо бояд кори аввалиндараҷа бошад. Чунки забондонӣ ва суханварии хуб дар туризм яке аз вазифаҳои аслии кормандон мебошад. Азбаски соҳаи туризм дар кишвари мо  падидаи нав аст, ҳоло мушкилиҳо, махсусан дар бахши забономӯзӣ ва таълифи адабиёти ҷаҳонгардӣ зиёданд.
Ҳоло 14 нафар донишҷӯйи донишкада дар ширкатҳои туристӣ таҷрибаомӯзанд. Донишҷӯёни мо дар аксари ширкатҳои туристие, ки ҳоло дар қаламрави мамлакат фаъолият доранд, метавонанд таҷрибаомӯзӣ кунанд. Соли сипаригашта аз 14 нафар хатмкунандагони факултаи мо 12 нафарашон дар осоишгоҳи «Баҳористон» ва 2 нафари дигар дар меҳмонхонаи «Ҳайат-Реҷенси» коромӯз мебошанд.

Хатмкунандагон талаботро қонеъ намесозанд
Шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба туризм тағйирёбанда аст. Теъдод як сол бисёру соли дигар хеле кам мешавад.  Масалан, агар соли гузашта факултаи туризм ва хадамоти гумрукиро 47 нафар хатм карда бошад, имсол шояд 34 нафар хатм мекунад. Ҳамчунин  дар дигар мактабҳои олии кишвар, ки бахшҳои таълимӣ оид ба туризмро доранд, хатмкунандагон кам ба назар мерасанд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро наздики 45-50, Донишкадаи санъатро тақрибан 20, Донишкадаи тарбияи ҷисмониро зиёда аз 30, Донишгоҳи омӯзгориро низ тахминан 30 нафар хатм мекунанд, ки дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна ҳамчун мутахассиси соҳаи сайёҳӣ, имсол 150 нафар мактабҳои олии кишварро хатм мекунанд. Ҳол он ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани саёҳат дар кишвар, камаш 10 ҳазор мутахассиси баландихтисос ва пуртаҷриба лозим аст. 
Ба гуфтаи Фазлиддин Қодиров, аксарияти кормандони осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар муассисаҳои хизматрасонии туристӣ, ки феълан дар кишвар маъруфанд, аз хориҷи кишвар даъват мешаванд.
“Сабаби асосӣ хуб надонистани забон, технологияи навин ва дигар зарфиятҳои тахассусӣ мебошад. Барои бартараф намудани чунин мушкилиҳо, албатта, муаллимоне заруранд, ки таҷрибаи кофӣ доранд ва аз имтиҳони сахти туризм гузаштаанд. Агар мо сифати таълим ва омодасозии мутахассисонро беҳтар нагардонем ва кадрҳои даркориро бештар омода насозем, рушди соҳа мушкил аст. Масалан, чанд сол аст, ки ноҳияи Балҷувон минтақаи туризми байналмилалӣ эълон шудааст. Азбаски кормандони таҷрибадор ва таҳсилдида ниҳоят каманд, туризми байналмилалӣ эълон гардидани ин минтақа қариб натиҷае надод. Барои он ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо бештар гардад, бояд сифати хизматрасонӣ беҳтар ва муҳити туристӣ дар қаламрави кишвар ба вуҷуд ояд.  Аз ҷумла,  муаррифии расму оин ва дигар анъанаҳои миллӣ лозим аст. Масалан, ҳангоми пухтупази хӯрок анъанаҳои миллии тарзи  тайёр кардани онҳо  нишон дода шаванд, то барои меҳмонон ҷолиб бошанд. Вале ба ҳамаи ин мутахассис ва кормандони таҷрибадор лозиманд. Омили дигаре, ки метавонад барои беҳтар омода шудани мутахассисон мусоидат кунад, ҳамкории субъектҳои хоҷагидори туристӣ бо муассисаҳои таълимии соҳаи мазкур аст. Яъне пешниҳод намоянд, ки барояшон чи гуна корманд лозим аст, то муассисаҳои таҳсилоти касбӣ мувофиқи эҳтиёҷи онҳо мутахассис омода созанд.

Як миллиард доллар даромад аз туризм дар Тоҷикистон
Ба қавли номбурда, дар кишвар агар имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии соҳаи сайёҳӣ хуб истифода шаванд, солона метавонем аз ҳисоби он то як миллиард доллар ба буҷаи давлат даромад ворид созем. Ҳол он ки барои ташкил ва тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ,  на он миқдор сарфи маблағ зарур меояд, ки барои таъсиси корхонаҳо ва бунёди неругоҳҳои барқӣ лозим аст.         
Дар идомаи суҳбат Фазлиддин Қодиров, гуфт: “Дар натиҷаи беҳтар шудани соҳаи сайёҳӣ аҳолӣ низ метавонад, бо ҷойи кор таъмин гардад. Бубинед, як сайёҳ, аз  ронандаву роҳбалад то ошпазу сартарош ба чӣ қадар корманд ниёз дорад? Ба ҳисоби миёна агар дар оянда соле 2-3 миллион турист ба кишвар биояд, пас эҳтимол дорад,  то  5 миллион ҷойи кор пайдо шавад”. 
Аммо барои расидан ба ҳадаф ҳоло монеаҳои зиёд дар пешанд. Пеш аз ҳама таълифи адабиётҳои тахассусию соҳавӣ бо забони тоҷикӣ  зарур аст. Онҳо барои доираи васеи мардум нигаронда шаванд. Омӯзгор,  донишҷӯ, кормандони мақомоти гуногун ва умуман аҳолӣ, бояд хонандаи он бошанд. То фаҳманд, ки туризм бояд чи гуна бошад, чи нозукиҳо дорад, дар иқтисоди мамлакат ва дар буҷаи ҳар сокини он чи нақш дорад.  Агар чунин китобҳо ва дигар воситаҳои таълимӣ зиёд нашаванд ва бахшҳои омӯзишии касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат бештар нагарданд, туризм дар ҷомеа мавқеъ пайдо намекунад. Вақте муҳити туристӣ ба вуҷуд наояд, наметавонем таваҷҷуҳи  сайёҳонро ҷалб намоем. Пас чи гуна метавон миллиард доллар аз ҳисоби сайёҳӣ фоида бубинем ва ё панҷ миллион ҷойи кор пайдо созем? Чӣ гуна? Кай?

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2014    №: 51    Мутолиа карданд: 2412
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед