мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО
13 марти соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки «заминаи қарордодию ҳуқуқии муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар бар зиёда аз 240 санад асос ёфтааст».
Гуфтугӯи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дурнамои рушди ҳамгироиҳои фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.
Валентина Матвиенко иброз намуд, «Мо ба ҷониби Тоҷикистон, хусусан ба сарвари он ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи забони русӣ, дастгирии давлатии ҷараёни паҳншавӣ ва истифодаи он изҳори миннатдорӣ менамоем».
Дар мулоқот ба нақши форуми байнипорлумонии «Тоҷикистон - Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» доир ба ташкил ва густариши робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои алоҳидаи ду кишвар баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳоло қариб 80 минтақаи Русия бо минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон робитаҳои бевоситаи ҳамкорӣ доранд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои рушди бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ имконоти истифоданашуда хеле зиёданд.
Дар рафти суҳбат оид ба авзои минтақа ва ҷаҳон низ табодули назар сурат гирифт.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устувори хешро ба рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Русия изҳор намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.03.2014 №: 51 Мутолиа карданд: 1306