номаҳо
ДИЛСАРДӢ АЗ ДЕР ПАРДОХТАНИ МАОШ
Раёсати молияи ноҳи-яи Шаҳринав мақолаи «Дилсардӣ аз дер пардохтани маош» («Ҷумҳурият», № 34, 18 феврали соли 2014)-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар сархати мақолаи мазкур дар асоси гуфтаҳои муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев омадааст, ки «Мавсуф ҷой доштани мушкилоти сари вақт пардохт нагардидани маоши кормандони соҳаи тиб ва маорифро дар ноҳияҳои Шаҳринав, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Душанбе иброз дошта, аз чунин ҳол изҳори нигаронӣ кард». Дар асл дар ноҳияи Шаҳринав пардохти саривақтии маоши кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳамаи давраҳои ҳисоботӣ таъмин буда, қарздорӣ аз ҳисоби пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо, нафақа ва идрор вуҷуд надорад.
М. НАЗАРОВ, сардори раёсати молияи ноҳияи Шаҳринав
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2014 №: 52 Мутолиа карданд: 1328