номаҳо
ХОВАЛИНГ: «01» ФАЪОЛ НЕСТ
Дар ин мақола («Ҷумҳурият», № 24 (22329), аз 1 феврали соли 2014) омадааст, ки дар ноҳияи Ховалинг «01» фаъол нест ва дар ҳолати сар задани сӯхтор сокинон наметавонанд ба хадамоти оташнишонӣ занг зананд. Ҳамчунин дар бораи набудани барқи доимӣ ва таъмирталабии нақлиёти оташнишонӣ сухан рафтааст.
Сабаби ҷой доштани камбудиҳо барҳамдиҳӣ ва аз нав таъсис додани идораи оташнишонии ноҳия мебошад. Бинои хадамот соли 1989 дар фосилаи 3 километр аз маркази ноҳия сохта шудааст. Солҳои 90-уми асри гузашта идораи оташнишонӣ фаъол буда, дорои 30 корманд, 2 нақлиёти оташнишон ва хати алоқаи телефонии «01» буд.
Соли 1997 хадамоти оташнишонӣ барҳам дода шуд. Нақлиётҳоро ба дигар ноҳия доданду симчӯбҳои хати алоқаро шахсони фоидаҷӯ ба яғмо бурданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ шартнома ба имзо расонид ва 14 феврали соли 2012 дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ховалинг таъсис ёфт ва он моҳи июл ба фаъолият шурӯъ кард.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бинои дидбонгоҳ қисман аз таъмир баромад, аз тарафи идораи минтақавии хадамоти давлатии оташнишонӣ бо ду нақлиёт, ки дар ҳолати бади корӣ қарор доранд, таъмин гашт.
Дар соли ҷорӣ барои хароҷоти дидбонгоҳи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия 157470 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барқарор намудани хати барқи доимӣ ва алоқаи дидбонгоҳ 247 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки ҳоло мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бинобар норасоии буҷет имкони пардохти онро надорад.
Н. МИРЗОЕВ, и.в. раиси ноҳия
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2014 №: 52 Мутолиа карданд: 1329