logo

маориф

ДАР БАДАХШОН ИЛМ ГУЛ МЕКУНАД

Модари тоҷик бисёр фарзандонро, ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Берунӣ, Аҳмади Дониш ва даҳҳо бузургони дигарро ба дунё овардааст, ки онҳо дар рушди илм, фарҳанг ва тамаддуни башар нақши хоса гузоштаанд.

Имрӯз низ неруи зеҳнии модарон имкон медиҳад, ки олимони мо ин анъанаи некро идома дода, дар самтҳои гуногуни илм парчамбардор бошанд.
Барои рушди илму маориф ва фарҳанг бояд шароити мусоид, заминаи моддию техникӣ вуҷуд дошта бошанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳоеро дар робита ба рушди илм омода ва тасдиқ намуд, ки барои пешрафти кори муассисаҳои илмии кишварамон ва рушди ҳамаҷонибаи илм мусоидат менамоянд. Имрӯз пешрафти илм дар баробари маорифу фарҳанг аз самтҳои афзалиятноку стратегии давлат ба шумор меравад. Ҳаҷми маблағгузории давлат ба соҳаи илм фақат дар панҷ соли охир се баробар афзуд. Барои ба фаъолияти пурсамари илмӣ ҷалб намудани олимони ҷавон маоши онҳо сол ба сол баланд бардошта мешавад. Фақат дар соли 2011 бо фармони Сарвари давлат маоши онҳо ду баробар зиёд шуд.
Имрӯз дар ВМКБ се муассисаи илмӣ – Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи биологии Помир бо неруи бузурги илмӣ фаъолият доранд ва кормандони ин муассисаҳои илмию таълимӣ оид ба бахшҳои гуногуни иқтисод, иҷтимоъ, таъриху фарҳанг таҳқиқотҳои пурарзишро анҷом медиҳанд.
Ба шарофати истиқлолият ва сиёсати давлат таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зани тоҷик имрӯз дар ҷомеа мақоми сазовори худро пайдо намудааст. Бонувон дар тамоми соҳаҳо баробари мардон ба фаъолияти самарабахши худ дар таҳкими давлати соҳибистиқлол, устуворсозии пояҳои давлати миллӣ, рушди иқтисодии кишвар ва солимгардонии ҷомеа бо кору пайкори созанда ширкат меварзанд.
Дар муассисаҳои илмии вилоят 17 бону номзади илм аст. Дар даҳ соли охир 63 духтар аспирантураро хатм намуданд, ки ин солҳои пеш тасаввурнопазир буд.
 Айни ҳол дар шуъбаи аспирантура 40 нафар ва дар докторантура 3 нафар духтарони унвонҷӯй таҳсил доранд. Омӯзгор Қурбонбегим Собирова рисолаи докториашро ба баррасӣ пешниҳод намуда, дар остонаи ҳимоя қарор дорад. Аз байни олимаҳои ҷавони вилоят як нафар барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад.

Раҳмони Гулзор, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2014    №: 52    Мутолиа карданд: 1490
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед