logo

сафарҳо

ДАР ҚИЗИЛҚАЛЪА БОҒИ НАВ БУНЁД МЕЁБАД

(Гузориш аз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон)

13 март бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба бунёди боғи нав асос гузошта шуд, ки дар майдони беш аз 600 га доман паҳн хоҳад кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин мавзеи васеи ноҳияи Хуросон, ки зиёда аз 20 сол бо сабаби аз кор мондани обкашҳои барқӣ аз истифодаи кишоварзӣ дур монда буданд, ташриф оварда, ба дили ҳазорон сокинони атрофи он шуълаи умед афрохт.
Дар остони боғи нав боғдорону ниҳолпарварон ва масъулони бахшҳои дигари соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят намоишгоҳ оростанд. Дар ин ҷо ниҳолҳои дарахтони гуногуни мевадиҳанда ва ороишию сояафкан, меваю сабзавоти тару тоза, хушк ва консервшуда дар маъраз буд.
Солҳои охир нишондодҳои рушди боғутокпарварӣ ва зироаткорӣ  дар Хатлон рӯй ба афзоиши босуръат доранд. Боғҳои анори шаҳри Норак ва ноҳияҳои Шӯрообод, Ҷиликӯл, Қумсангир ва Шаҳритузу Қубодиён барқарор шуда, анорбоғҳои нав бо навъҳои содиротии он бояд бунёд шаванд.
Дар посух ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи мамнуъгоҳи Бешаи палангон, иттилоъ дода шуд, ки барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ин мавзеъ 285 сар гавазни бухорӣ зиндагӣ мекунанд ва шумораи мурғи даштӣ ва дигар парандагону ҳайвонот низ рӯй ба афзоиш овардааст.  
Зимни суҳбат бо мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳна, ривоҷ додани сабзавоткорӣ ва аз ин ҳисоб афзун кардани қудрати содиротии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид дод. Таъкид гардид, ки боғу токзор бояд дар заминҳои бекорхобида, партов ва талу теппаҳо бунёд гарданд.
Бунёди боғи нави 600 - гектара бо шинондани нахустин ниҳолҳо аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва пирони деҳқонию  боғпарварӣ оғоз ёфт. Зикр гардид, ки ҳамин сол дар майдони беш аз 150 га ниҳолҳои гуногун шинонда мешаванд ва 300 нафар соҳиби кор мегарданд. Дар сурати ба 600 га расидани майдони боғ дар он беш аз 1200 нафар соҳиби кор ва ризқи фарох хоҳанд шуд. Дар ин боғ асосан навъҳои содиротии олу, зардолу, нок ва  ангур шинонда мешаванд.
Мардуми деҳоти атрофи мавзеъ аз иқдоми бунёди боғ ва аз нав ободу зебо гардидани ин заминҳо басо шоду сипосгузоранд. Тайи беш аз 20 соли беобӣ қисмате аз аҳолии деҳот аз ин ҷо кӯч баста ба дигар ҷойҳо ҳиҷрат кардаанд. Акнун, ки ин мавзеъ аз нав обод мешавад, тамоюли кӯч бастани мардуми атрофи он хотима меёбад ва баръакс аҳолии он рӯ ба афзоиши бештар хоҳад овард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2014    №: 52    Мутолиа карданд: 1462
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед