мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛҲОДӢ АРҒАНДИВОЛ
13 март, бегоҳии рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Раиси ҷониби афғонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии ду кишвар Абдулҳодӣ Арғандиволро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Рушди ҳамкорӣ бо Афғонистон аз авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии кишвари мо мебошад”.
Доир ба бахшҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию транзитӣ, амниятӣ ва фарҳангии ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Изҳори боварӣ шуд, ки баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонӣ ва Конфронси шашуми RECCA дар Афғонистон ба таҳкими фазои сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Доир ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои кашидани хати барқии CASA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон-Туркманистон, ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, афзун намудани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, кашидани лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои пурманфиат табодули назар шуд.
Ба мувофиқа расондани лоиҳаи Созишномаи сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон дар бораи тиҷорати транзитӣ зарур шумурда шуд.
Дурнамои ҳамкории маърифатию фарҳангӣ умедворкунанда номида шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон 234 донишҷӯй аз Афғонистон таҳсили илм доранд ва беш аз 200 нафар табибон аз Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар хизмат мерасонанд.
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба ҳамкории ду кишвар барои таъмини амну субот дар минтақа ва хусусан дар марзи муштараки давлатӣ зоҳир гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2014 №: 52 Мутолиа карданд: 1274