logo

порлумон

НБО-И «САРБАНД» ТАҶДИД МЕГАРДАД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидан ва аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани шодравон Амир Қарақулов бинобар сабаби маргаш, ба тасвиб расид.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Созишномаи гранти (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт» иброз дошт, ки мақсади он таъмини боэътимоди мунтазами неруи барқ дар маҳалҳои аҳолинишин ва аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикӣ мебошад. Ба гуфтаи мавсуф, бо татбиқ намудани лоиҳа иқтидори неругоҳи «Сарбанд» ба 252 МВт расонда шуда, сатҳи хидматрасонии он баланд мегардад. Ҳаҷми арзиши лоиҳа 170 миллион доллар буда, аз он 136 миллион гранти Бонки осиёии рушд ва 34 миллион саҳми ширкати «Барқи Тоҷик» мебошад.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи беш аз 40 соли истифодаи неругоҳ аксари таҷҳизот фарсуда шудаанд. Солҳои 1993-1994 бо сабаби аз кор мондани низоми назорат ва танзими баландшавии об яке аз агрегатҳои неругоҳ зери об монд. Агар ҳамин ҳолат давом кунад ва корҳои навсозӣ ба роҳ монда нашаванд, баъди 5 сол агрегатҳо корношоям гардида, неругоҳ аз фаъолият бозмемонад. Зимнан Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, гуфт, ки бо таҷдиди неругоҳ иқтидори он 6 маротиба меафзояд.
Ҳамчунин Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи («Беҳтар намудани системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон») аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардид. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия, зимни баррасии созишномаи мазкур иброз дошт, ки он аз ҷониби Президенти мамлакат ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Назар ба гуфтаи мавсуф, маблағи умумии лоиҳа 18 миллион доллар, аз ҷумла  11 миллион ҳамчун грант ва 7 миллион қарз буда, барои корҳои сохтмонӣ ва харидани маводи зарурӣ ҷиҳати барқарорсозии низоми обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ нигаронда шудааст.
Мақсади асосии лоиҳа сохтмону таъмир ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои номбаршуда мебошад. Он ба беҳбуди фаъолияти корхонаҳои фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия, баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ, беҳдошт ва бо оби босифати нӯшиданӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи муовини аввали вазири адлия айни замон якҷо бо дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ як лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 620 миллион сомонӣ, аз ҷумла 428 миллион сомонӣ ҳамчун грант, 176 миллион сомонӣ ҳамчун қарз ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.03.2014    №: 55    Мутолиа карданд: 1436
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед