суханрониҳо
ЗИЁИЁН ДИДАИ БЕДОРИ МИЛЛАТАНД
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар, 20 марти соли 2014, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони аҳли зиёи кишвар!
Истиқлолияти давлатии тоҷикон, ки ба мардуми мо дар даҳсолаи охири садаи бистум муяссар гардид, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти халқамон гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба марҳалаи сифатан нави рушди кишварамон оғоз бахшид.
Шароити нави таърихӣ дар назди роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон вазифаи ниҳоят пурмасъулият, яъне бунёди давлати ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосир ва мутамаддинро гузошт.
Дар шароити мураккаби оғози истиқлолият, ки мо қарор доштем, паси сар кардани мамониату мушкилоти азим ва расидан ба ҳадафу ормонҳои мардум кори саҳл набуд.
Вале имрӯз, бо гузашти бисту се соли истиқлолият, мо бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки бо вуҷуди он ҳама мушкилот Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо тамоми рукнҳои демократии давлатдорӣ ташаккул ёфт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Бешубҳа, ин бузургтарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик дар тӯли асрҳо ва неъмати бебаҳо барои наслҳои ояндаи халқи мост, ки ҷовидона соҳиби давлати миллии хеш хоҳанд буд.
Ҳамзамон бо ин, дар назар бояд дошт, ки инсоният имрӯз дар шароити таҳаввулоти пуршиддату пуртазод қарор дорад.
Яке аз падидаҳои дунёи муосир раванди ҷаҳонишавӣ мебошад, ки бо вуҷуди паҳлуҳои муфиду мусбати он дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти башарият барои иқтисоду фарҳанг ва ҳастии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд таъсири ҷиддии манфӣ низ дорад.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, худогоҳиву худшиносии миллиро, ки асли он арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, дӯст доштани Ватан - модар, забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад, густариш бахшем, наслҳои наврас ва ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.
Зеро танҳо шахси ватандӯсту ватанпараст, аз таъриху фарҳанги миллати хеш бохабар, худогоҳу худшинос ва дорои ифтихори баланди миллӣ метавонад дар ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннату ойинҳои неки миллӣ саҳми фаъол гузорад.
Яке аз ойинҳои бисёр қадимаи мардуми куҳанбунёди мо, ки ба шарофати истиқлолият, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ эҳё гардида, ҳар сол ҳамчун соли нави аҷдодӣ таҷлил мегардад, Наврӯз мебошад, ки имрӯз мову шумо дар остонаи фарорасии он қарор дорем.
Бо истифода аз фурсати муносиб фарорасии ин ҷашни бузурги миллӣ ва ҷаҳониро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, инчунин ба мардумони кишварҳое, ки ин суннати бостониро гиромӣ медоранд, самимона табрик мегӯям.
Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллии мо буда, дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд.
Мардуми Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамасола ин ҷашни бузургро бо хушҳолии беандоза ва самимияти хоса таҷлил менамоянд, зеро он рамзи эҳёи табиат, оғозгари ҳаёти нав ва марҳалаи тоза дар зиндагии инсон мебошад.
Дар ин айёми эҳёи зиндагӣ, ҷони тоза гирифтани табиат ва тамоми мавҷудоти олами ҳастӣ ҳаёт бар марг, нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ, садо бар сукут ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад ва ин боиси дилгармии инсон, пеш аз ҳама, марди деҳқон мегардад.
Бузургони мо аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то имрӯз дар васфи Наврӯз шеъру тарона ва достону чакомаҳои зиёд офаридаанд ва зебоиву бузургии ин ҷашнро тавсиф кардаанд.
Ба ибораи дигар, Наврӯз ва суннату ойинҳои он як бахши муҳимтарини зиндагии мардуми мо аз давраҳои қадим то имрӯз мебошад.
Аз ин рӯ, пос доштани Наврӯз ҳамчун суннати аҷдодӣ барои ҳар яки мо амри ҳаётӣ ва рисолати муҳимми миллӣ мебошад.
Зеро тамаддуни орёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш сохтааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад.
Яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз, ки 19-уми феврали соли 2010 бо қатъномаи Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, дар ҷавҳари инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва парастиши некиву накукорӣ нуҳуфтааст.
Ҷомеаи мутамаддини муосир беш аз ҳар вақти дигар ба ойинҳои инсондӯстона ва хиради созанда ниёз дорад.
Ва Наврӯзи ҷаҳонӣ имрӯз низ метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо хизмат намояд.
Такрор ҳам шавад, мехоҳам як далели равшани илмиро хотирнишон созам, ки Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.
Аз ин лиҳоз, ин ҷашни бостонӣ илова бар ин, ки далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад, ба ягон дину мазҳаб робита надорад, тобеи ягон мафкура ё ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ нест ва аз ҷумлаи ҷашнҳои камназири башарият аст, ки онро хурду бузурги мардумони мухталифи сайёра истиқбол мегиранд.
Ба ин маънӣ метавон дилпурона изҳор намуд, ки Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват мебошад.
Чунонки имрӯзҳо аз васоити ахбори умум мушоҳида мекунем, бисёр халқҳои дунё айёми ба охир расидани сардиҳои зимистон ва эҳё гардидани табиатро бо баргузории маросимҳои гуногун, аз ҷумла бо номи ҷашни баҳор ё истиқболи гармӣ таҷлил мекунанд, ки бешубҳа ба ин ё он тарзе аз Наврӯз маншаъ мегиранд.
Вобаста ба ин, боз як масъалаи дигарро таъкид менамоям. Дар давраҳои гузашта, бо вуҷуди монеаву маҳдудиятҳои зиёде, ки ба муқобили Наврӯз ва русуму ойинҳои он эҷод мегардиданд, ин ҷашни аслан ва моҳиятан табииву мардумӣ аз байн нарафт.
Падару модарони хирадманди мо суннату анъанаҳои наврӯзиро гоҳо ошкор ва гоҳо пинҳонӣ ба ҷо меоварданд ва чунон ки мебинем, онҳоро барои мову шумо, яъне наслҳои имрӯзу фардо ҳифз намуданд.
Онҳое, ки имрӯз бар зидди ин ҷашни мардумӣ сару садо баланд мекунанд, ё сахт мутаассибу тангназар ҳастанд ё таърихи миллат, расму ойинҳои аҷдодӣ ва арзишҳои ҷовидонии он, хулоса тақдири миллат барои онҳо комилан аҳамият надорад.
Худатон тасаввур кунед, ки оё чунин як суннати фарогири халқиро, ки аз ҷониби хурду бузург бо шодиву нишоти беандоза ва дар давоми чандин рӯз ҷашн гирифта мешавад, ба таври сунъӣ ташкил кардан мумкин аст? Ҳаргиз не.
Дигар ин, ки расму одатҳои хуб ва ниҳоят савобу манфиатбахши тозакории хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва оғози кишту кор ба кӣ зарар мерасонад?
Муҳтарам намояндагони аҳли зиё!
Дӯстони азиз!
Боиси ифтихори ҳамаи мост, ки созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва қарори дахлдор қабул кард.
Ҳамчунин соли ҷорӣ мо бистумин солгарди қабули бахтномаи халқамон – Конститутсия ва яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон Суруди миллиро таҷлил мекунем.
Бинобар ин, дар ин рӯзҳои хурраму файзбори наврӯзӣ - дар арафаи соли нави аҷдодӣ оғози соли бузургдошти Мавлоно Ҷомиро эълон карда, ин падидаи фараҳбахшро дар ҳаёти ҷомеаи илму адабпарварамон ҳамчун рамзи нек арзёбӣ менамоям.
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бузургтарин адиб, олим ва ориф дар таърихи тамаддуни мо дар асри понздаҳум мебошад.
Шуҳрати ӯ ҳанӯз дар замони зиндагиаш берун аз хоки Хуросону Мовароуннаҳр ба сарзаминҳои Форс, Осиёи Сағир, Ироқ ва Ҳиндустон расида буд.
Абдураҳмони Ҷомӣ на танҳо дар байни аҳли илму адаб ва шогирдону ихлосмандони осораш, балки дар назди ҳокимону волиён ва давлатдорони давру замонаш низ шуҳрат ва эътибору обрӯи зиёд дошт.
Шоиру нависандагони маъруф ва алоқамандони шеъру шоирӣ аз саросари Мовароуннаҳру Туркистон, Ироқу Озарбойҷон ва Эрону Туркия таълифоташонро ба Абдураҳмони Ҷомӣ барои доварӣ мефиристоданд ва аз санҷиши ӯ мегузарониданд, ба суҳбаташ мешитофтанд ва аз ӯ сабақ мегирифтанд.
Завқи бадеӣ, донишу таҷриба ва ҳунару маҳорати Мавлоно дар арзёбии осори адабӣ ва масъалаҳои илму ирфони гузаштаву муосир маҳаки боэътимоду раднопазир ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки ӯро беҳтарин ҳаками замонаш медонистанд.
Дар байни аҳли илму адаб, ҳамчунин дар назди ҳокимони сарзамини худ ва қаламравҳои дигар чунин шуҳрати беандоза пайдо кардан дар таърихи ҷомеаи башарӣ ба кам касон муяссар гардидааст.
Аз ин ҷиҳат, таҳқиқи хусусиятҳои ин падидаи нодир ва омилҳои зуҳури он на танҳо барои шинохти дурусти шахсиятҳои нотакроре мисли Мавлоно Ҷомӣ ва осору андешаи онҳо, балки барои равшан кардани самтҳои асосии рушди илму адабу фарҳанги муосир ва сабақи даркорӣ бардоштан аз онҳо дар рӯзгори мо низ амри воҷиб мебошад.
Нахустин рисолаи илмии Абдураҳмони Ҷомӣ шарҳе ба китоби донишманди маъруфи замонаш Қозизодаи Румӣ дар илми ҳайат ё нуҷум буд, ки дар синни хеле ҷавонии ӯ сурат гирифтааст.
Робитаи илмиву адабӣ ва мукотибаи дӯстонае, ки дар байни як олими забардасти солхӯрдае мисли Қозизодаи Румӣ ва як ҷавони навхати тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ барқарор гардида буд, худ гувоҳи он аст, ки ӯ, дарвоқеъ, соҳиби истеъдоди баланд ва дониши фавқулода буд.
Тасодуфӣ нест, ки Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар асари маъруфи худ “Бадоеъ-ул-вақоеъ” Мавлоно Ҷомиро яке аз панҷ нафар шахсиятҳои ҳайратовари замонаш номидааст.
Омили дигари шуҳрати ҷаҳонии Мавлоно Ҷомӣ ба фаъолияти бағоят густурдааш дар соҳаҳои мухталифи илм, аз ҷумла забоншиносиву адабиётшиносӣ, мусиқиву ирфон, шарҳнависӣ ва навъу жанрҳои мухталифи адабӣ - назму наср, қасидаву маснавӣ, ғазалу рубоӣ ва монанди инҳо алоқаманд мебошад.
Ҷомишиносон шумораи асарҳои илмиву адабӣ ва ирфонии муаллифро тақрибан аз панҷоҳ номгӯй иборат донистаанд, ки машҳуртарини онҳо “Баҳористон”, маснавиҳои “Ҳафт авранг”, девони иборат аз се қисм, “Нафаҳот- ул- унс”, “Рисолаи мусиқӣ”, “Рисолаи арӯз”, “Рисолаи қофия”, “Шарҳи Ҷомӣ” доир ба сарфи забони арабӣ ва “Чил ҳадис” мебошанд.
Омили сеюми шуҳрати зиёди Абдураҳмони Ҷомӣ аз он иборат аст, ки ӯ дар синни чилсолагӣ ба мактаби асосгузоштаи Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд, яъне тариқати маъруфи нақшбандия рӯ меорад ва бо яке аз пешвоёни номдори ин тариқат Хоҷа Аҳрори Валӣ шиносоиву қаробат пайдо мекунад.
Ба тариқати нақшбандия, ки ба қавли олимону мутахассисон як шохаи ороми тасаввуф буда, бо исломи расмӣ ва махсусан мазҳаби ҳанафии он мувофиқати зиёд дорад, гаравидани шахсияти барҷастаи адабӣ ва илмиву ирфоние мисли Абдураҳмони Ҷомӣ ҳаргиз тасодуф набуд.
Шиорҳои асосии пайравони ин тариқат, аз ҷумла “ба зоҳир бо халқ ва ба ботин бо Ҳақ”, “дил ба ёру даст ба кор”, яъне дар зиндагии рӯзмарра ҳамранги ҷамоат будан, аз ҳисоби кору заҳмати худ рӯз гузаронидан ва дурӣ ҷустан аз таассуби диниву мазҳабӣ ба олами эҳсосу андешаҳои вай наздиктар буданд.
Бузургии шахсияти Мавлоно Ҷомӣ ва истеъдоди камназири ӯ, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, дар асарҳои адабии ӯ зуҳур намудааст.
“Баҳористон”, “Ҳафт авранг” ва девони шоир аз ҷумлаи шоҳкориҳои адабиёти классикии тоҷикии форсӣ мебошанд ва то имрӯз тавассути тарҷума ба забонҳои арабиву туркӣ, олмониву фаронсавӣ, англисиву чехӣ, русиву арманӣ ва ғайра дар миёни мардумони кишварҳои дигар низ машҳур шудаанд.
Абдураҳмони Ҷомӣ бо истеъдоди фавқулодаи хеш дар пояи суннатҳои олӣ ва ҷаҳоншумули адабиёти классикии тоҷику форс мактаби илмиву адабии хешро ба вуҷуд овард. Дар ин мактаби бонуфузу фарогир муҳимтарин анъанаҳо ва жанрҳои адабиёти гузашта дар заминаи ғояҳои ҳаётбахш ва ҳунари беназири Мавлоно Ҷомӣ эҳё гардиданд.
Аз ин сабаб ҷомишиносони тоҷик асри понздаҳро “асри эҳёи шеъри форсӣ” ва Ҷомиро ҳамчун бузургтарин адиби эҳёгар пешвою сарпарасти ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон номидаанд.
Дар ин ҳавзаи илмиву адабӣ даҳҳо шоирону олимони забардаст, ба шумули Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ҷалолиддини Давонӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ, Осафии Ҳиравӣ, Низомиддин Аҳмади Суҳайлӣ, Алии Сафӣ, Абдулғафури Лорӣ, Ҳофизи Абрӯ, Мирхонд, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишери Навоӣ ба камол расидаанд.
Доир ба ин масъала қобили зикри махсус аст, ки дар миёни ду шахсияти маъруфи адабиву сиёсии он давр - Ҷомӣ ва Навоӣ робитаи самимонаи устодиву шогирдӣ, дӯстиву ҳамкорӣ ва дастгириву пуштибонии ҳамдигар барқарор будааст.
Бино ба гуфтаи Бобоҷон Ғафуров, ки дар шоҳасари ӯ “Тоҷикон” омадааст, соли 1492, яъне вақте ки Мавлоно Ҷомӣ вафот намуд, Навоӣ ва дӯстони ӯ як соли тамом азодорӣ карданд ва Навоӣ ба хотири дӯсту устоди бузургвори худ ба номи “Хамсат-ул-мутаҳаййирин” асаре навишт ва яке аз таълифоти Ҷомиро ба забони ӯзбекии қадим тарҷума кард.
Моҳияти эҳёгарона ва навоварона доштани эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомиро беҳтар аз ҳама адиби бузурги олмонӣ Гёте муайян намудааст ва гуфтааст: “Азбаски ӯ тамоми ҳусну қубҳи осори пешгузаштагонашро мисли як дарза ба ҳам пайваста, онро пайравӣ намуд, нав кард ва инкишоф дод ва ба таври равшан он ҳамаро дар худ таҷассум намуд, ба наслҳои аз паси ӯ оянда роҳи дигаре намонд, ба ҷуз он ки худро пайрави ӯ созанд, ба шарти он ки сатҳи бадастовардаи ӯро паст накунанд”.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҷомишиносӣ дар Тоҷикистон низ тӯли солҳои зиёд ба яке аз самтҳои муҳим ва пурсамари адабиётшиносӣ табдил гардида, дар ин замина асарҳои пурқимати илмӣ, ба мисли таҳқиқоти пурмуҳтавои донишмандони шодравон Аълохон Афсаҳзод ва Мӯсо Раҷабов офарида шудаанд, ки имрӯз аз ҷониби олимони муътабари ҷаҳон эътироф гардидаанд.
Абдураҳмони Ҷомӣ моҳиятан шахсияти маърифатпарваре мебошад, ки мақсади ягона ва аслии ӯ аз эҷоди асарҳои сершумори адабӣ ва илмӣ бо нури маърифат мардумро аз ҷаҳлу ҷаҳолат раҳонидан, ба сӯйи зиндагии орому осуда ва рӯзгори хуш роҳнамоӣ кардани онҳост.
Қаҳрамони асарҳои Ҷомӣ шахси бомаърифату соҳибхирад, ҳунарманду ҳимматбаланд ва адолатпарвару озодандеш буда, китобро дар ҷаҳон беҳтарин ёру мунису ғамхори худ медонад:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Панҷ - шаш соли пеш шумо, зиёиёни муҳтарам, ҳангоми мулоқот аз мо хоҳиш мекардед, ки дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат китобхона, мағозаҳои китобфурӯшӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ бунёд намоем ва муассисаҳои таъмирталабу фарсударо таъмиру таҷдид кунем.
Ман имрӯз ба иттилои шумо мерасонам, ки дар тӯли фақат панҷ соли охир дар мамлакат 13 қасри фарҳангӣ, 5 осорхона, 13 китобхона, 60 мағоза ва дуконҳои китобфурӯшӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, ки бо тамоми шароити муосир яке аз махзанҳои бузурги илму дониш мебошад, инчунин Осорхонаи миллӣ сохта шуда, 305 китобхона ва 105 қасри фарҳангӣ аз таъмир бароварда шуд.
Акнун вазифаи шумо, аҳли зиё ва эҷодкорон аз он иборат аст, ки ҳарчи бештар эҷод кунед, наврасону ҷавононро ба дӯст доштани китоб, омӯхтани илму дониш ва расидан ба қадри мероси ниёгон, аз ҷумла Мавлоно Ҷомӣ ва дигар бузургони гузаштаву имрӯзаи халқамон, ки воқеан хазинаи бебаҳо ва ифтихори мо мебошанд, ташвиқу дилгарм созед ва завқи китобхониро дар қалби онҳо тарбия намоед.
Мавлоно Ҷомӣ дар роҳи ошноӣ бо китоб, омӯхтани илму дониш ва такмили ақлу хирад нақши устод - омӯзгорро барҷаста медонад ва бовар дорад, ки агар омӯзгор набошад, ҷаҳон аз вуҷуди бехирадон ва ашхоси ҷоҳилу мутаассиб тираву дилгиркунанда мегардад:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки Мавлоно Ҷомӣ дар асарҳои худ гузоштааст, шинохтан ва донистани қадри инсони ҳунарманду заҳматкаш мебошад. Зеро ба андешаи ӯ муайянкунандаи қадри инсон на симу зар, балки илму дониш ва касбу ҳунар мебошад:
Қимати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба қадри ҳунар аст.
Агар таваҷҷуҳ карда бошед, ман қариб дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳои худ масъалаи омӯхтани илму донишҳои муосир ва азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавиро махсусан ба наврасону ҷавонон таъкид менамоем. Чунки касбу ҳунар нафақат рӯзирасони инсон аст, балки муайянкунандаи мақоми шахс дар ҷомеа ва асоси обрӯву қадри одам мебошад.
Имрӯз ба хотири пешгирии косташавии маънавиёт ва тарғиби ахлоқи ҳамида дар байни мардум, бахусус наврасону ҷавонон, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагонро зарур аст, ки «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва дигар асарҳои панду ахлоқии гузаштагони бузургамонро ҳарчи бештар таҳияву интишор кунанд ва ба хонандагон пешниҳод намоянд.
Бисёр андешаҳои инсондӯстонае, ки Мавлоно Ҷомӣ дар мавзӯи нигоҳ доштани ифтихору шарафи инсонӣ ва аҳамияти озодиву соҳибихтиёрӣ дар ҳаёти инсонҳо баён кардааст, ҳамоҳанги сиёсати имрӯзаи давлати соҳибистиқлоламон мебошанд.
Масалан, дар қитъаи машҳури «Ду боз» шоир озодиву истиқлолро аз ҳамаи арзишҳо ва неъматҳои дунё боло мегузорад.
Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки барои бузургони миллати мо дар ҳама давру замонҳо истиқлолият ва озодии миллату Ватан ормони муқаддас будааст.
Вале ин бахти баланд ва ин неъмати бебаҳо танҳо дар замони мо, дар фарҷоми асри бист насиби насли имрӯзаи халқи тоҷик гардид.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки дар давраи гузариши ду садсола зиндагӣ кардан на ба ҳар як насл муяссар мегардад.
Одатан дар давраи гузариш аз як аср ба асри дигар ҳодисаву рӯйдодҳои тақдирсозе ба вуқӯъ меоянд, ки ҳаёти халқу миллатҳоро ба таври куллӣ дигаргун месозанд.
Ҳодисаву таҳаввулоти охири асри гузашта ва ибтидои асри навро мову шумо хуб мушоҳида кардем.
Дар ин раванд дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон низ гардиши бунёдӣ ба вуҷуд омад, яъне ормони ҳазорсолаи халқамон амалӣ гардид ва Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлолу соҳибихтиёр шуд.
Вазифаи зиёӣ ва аҳли қалам инъикосу таҳқиқи ин ҳодисаи бузурги таърихӣ ва аҳамияти он дар тақдири ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Чунонки ин мавзӯъро гузаштагони мо, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёде, ки дар зиндагӣ доштанд, мисли Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон устодона ба миён гузоштаанд.
Оромгоҳи Мавлоно Ҷомӣ дар мавзеи «Тахти мазор»-и шаҳри Ҳироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ буда, то имрӯз қадамҷои аҳли сухан ва иродатмандони каломи ӯ мебошад.
Дар бисёр сарчашмаҳо омадааст, ки рӯзи дафни Мавлоно Ҷомӣ мардуми зиёди шаҳри Ҳирот либоси мотам пӯшида буданд ва ҷанозаи ӯ шабеҳи хайрбоди шӯрангези мардум дар рӯзи фавти фарзанди дигари фарзонаву барҷастаи миллати тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ буд.
Асрҳо ва наслҳо якдигарро иваз мекунанд, вале эҳтироми Мавлоно Ҷомӣ дар давоми ин шаш асри баъдӣ коста нашуда, балки баръакс торафт меафзояд. Далели ин пайваста китобат гардидану ба нашр расидани осори бегазанди ӯ мебошад.
Ҳамин осори гаронмоя ва ҳамин шуҳрати адабии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ буд, ки соли 1964 -ум 550-солагӣ ва соли 1989-ум 575 – солагии ӯ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид.
Аз ҳар ҷиҳат шоиста аст, ки мо дар соли бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ аз ҷомишиносон ва аҳли илму адаби кишвар тақозо намоем то дар таҳқиқи паҳлуҳои камомӯхтаи аҳволу осори ин шоиру мутафаккири бузурги мо ва дар байни мардум тарғиб намудани андешаҳои пурқимати ахлоқиву башардӯстонаи ӯ беш аз пеш фаъол бошанд.
Ҷашни Ҷомӣ ва соли Ҷомӣ, пеш аз ҳама, барои шумо, аҳли илму адаб ва аҳли фарҳанг аст.
Эҷодиёти ӯро омӯзед, андешаҳои баландпарвозашро дар фаъолияти эҷодиву илмии худ идома диҳед ва онҳоро дар байни мардум, бахусус наврасону ҷавонон тавассути барномаҳои радиову телевизион тарғиб кунед.
Ба ин муносибат баргузории конфронси байналмилалии илмиро дар шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи донишмандону ховаршиносони дунё дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба мақсад мувофиқ медонем.
Ҳамчунин номгузории яке аз хиёбонҳои пойтахти зебоманзари кишварамон ва яке аз муассисаҳои илмиву маърифатиро ба шарафи Мавлоно Ҷомӣ зарур мешуморам.
Бешак, тамоми осори гаронбаҳои аз ниёгон то ба имрӯз расида асрҳои аср ҳамчун мактаби бузурги таълиму тарбия боқӣ мемонад ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба заволи маънавӣ рӯбарӯ гардад.
Итминони комил дорам, ки шумо зиёиёни муосир, зиёиёни даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон анъанаву суннатҳои ниёгони шарафмандамонро дар роҳи баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати мардум, тавсеаи худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва умуман пешрафти миллат ва таҳкими давлатдории миллӣ ба таври шоиста идома медиҳед.
Дӯстони арҷманд!
Дар замони кунунӣ, замони босуръати ҷаҳонишавӣ ва рушди бемисли илму техника нақши зиёиён беш аз пеш меафзояд ва моҳияти тоза касб менамояд.
Дар чунин шароит зиёиён ҳамчун нерӯи бунёдкори ҷомеа бояд барои дарки ҳадафҳои миллӣ ва давлатдорӣ омода бошанд, мардумро ба шоҳроҳи бузург ва созанда ҳидоят намоянд, намунаи садоқат ва фидокорӣ ба Ватани аҷдодӣ бошанд.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин марҳалаҳои истиқлолият ба нерӯҳои ақлонии мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ аз фикру андеша, хулосаҳои асосноки илмӣ ва донишу малакаи онҳо самаранок истифода менамояд.
Чун сухан дар бораи зиёӣ меравад, мехоҳам дар бораи нақш ва рисолати зиёии замони муосир чанд андешаи худро баён намоям. Пеш аз ҳама, биёед, андеша кунем, ки худи зиёӣ кист ва чӣ гуна шахсро метавон зиёӣ номид?
Баҳсҳо дар атрофи зиёӣ дар тамоми кишварҳо ҳамеша буданду ҳастанд.
Ман ба ақидаи иддае аз равшанфикрон розӣ ҳастам, ки ба гуфти онҳо аҳли зиё бояд ҳамчун як қишри ҷомеа шакл гирад ва парчамбардори маънавиёт дар байни халқ бошад.
Барои ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки зиёӣ бо тамоми ҳастӣ рисолат ва масъулияти хешро дар назди миллат ва гузаштаву имрӯзаву фардои он дарк намояд.
Танҳо дар ҳамин сурат зиёӣ воқеан виҷдон, номус, дардошнои ҷомеа ва чашми бедори миллат хоҳад буд.
Дарку тарғиб ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ муҳимтарин рисолати иҷтимоии зиёӣ дар марҳалаи рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро мавқеи маънавию шаҳрвандии зиёӣ, дар навбати аввал, аз муаррифии арзишҳои миллӣ ва ҳадафҳои ояндасози давлатӣ иборат мебошад.
Ин рисолат дар замони ҷаҳонишавӣ аҳамияти зиёди давлатиро касб мекунад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоотӣ дар назди зиёиёни кишвар талаботи сифатан навро мегузорад.
Барои таҳким бахшидан ба асосҳои давлатдории соҳибихтиёр ва тақвияти ҳувияти миллӣ иқтидори зеҳнии зиёиён бояд ҳамчун нерӯи сарҷамъкунандаи талошҳои созандаи мардуми Тоҷикистон зуҳур намояд.
Ҳадафи асосии зиёиён бояд эҷоди аслҳо ва ба вуҷуд овардани пояҳои ҷомеаи муосири рӯ ба рушд бошад.
Яке аз омилҳои муҳими густариши андешаи миллӣ ташаккул додани мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва рӯҳияи ифтихор аз Ватан ва давлати соҳибихтиёр дар байни наврасону ҷавонон аст.
Дар ин самт истифодаи васеъ аз зарфияти зеҳнии зиёиён бисёр муҳим аст, зеро маҳз шумо бо офаридани рамзҳои шахсиятсоз метавонед ба ин раванд мусоидат кунед.
Яке аз мисолҳои он таҳияи филмҳои бадеиву тасвирӣ дар бораи шахсиятҳои асотириву таърихӣ - Рустами Дастон, Суҳроб, Сиёвуш, Спитамен, Деваштич, Шерак, Томирис, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Саъдӣ, Камол, Ҷомӣ, Бедил, Темурмалик, Восеъ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар қаҳрамонони осори классикҳо ва муосири мо мебошад.
Иқдоми мазкур ба он мусоидат мекунад, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳо ва ҳувияти миллӣ бо роҳу усулҳои муосир ба роҳ монда шавад.
Иқдоми дигаре, ки дар замони ҷомеаи иттилоотӣ муҳим аст, густариш додани истифодаву корбурди забони тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет мебошад.
Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.
Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад.
Ҳамчунин ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагон, Академияи илмҳо ва Китобхонаи миллӣ супориш дода мешавад, ки барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани асарҳои саромадони адабиёти гузашта ва муосири Тоҷикистон аз шабакаи интернет васеъ истифода намоянд.
Асри бисту як асри илм ва технологияҳои пешрафта аст.
Ҳамчунин баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон робитаҳои иттилоотиву фарҳангии кишварамон бо мамлакатҳои гуногуни олам рӯз то рӯз вусъат меёбанд.
Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи рафтори зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем ва бо истифода аз таҷрибаи нодири халқамон ба фарзандонамон адаб ёд диҳем.
Гузаштагони хирадпарвари мо, барҳақ, адабро ҷавҳари ҳастии инсон ва ҷомеа донистаанд ва доир ба мақоми адаб фармудаанд:
Пеши арбоби хирад мояи имон адаб аст,
Лоҷарам, пешаи мардони сухандон адаб аст.
Одамизода агар беадаб аст, одам нест,
Фарқ дар ҷинси бани Одаму ҳайвон адаб аст.
Кардам аз ақл саволе, ки бигӯ, имон чист?
Ақл дар гӯши дилам гуфт, ки имон адаб аст.
Бо мақсади тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон истифодаи ҳарчи васеъ аз шабакаҳои телевизионии миллӣ зарур мебошад.
Зиёиёни миллат имкон доранд, ки бо ҳамин роҳ моҳияти сиёсати фарҳангии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба мардум расонанд ва дар таҳкими арзишҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии мардум, махсусан наврасону ҷавонон саҳми воқеӣ гузоранд.
Воқеияти зиндагӣ ва ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ ва сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, решадор гардидани ваҳдату худшиносӣ дар байни онҳо мушкил аст.
Аз ин рӯ, зиёиёни кишварро зарур аст, ки тамоми нерӯву имконияти худро барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, одобу ахлоқ, тақвияти фарҳанги сиёсии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии миллат ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз истифода намоянд.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо имрӯз иборат аз он аст, ки истиқлолияту соҳибихтиёрии давлати хешро муқаддас шуморем, онро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва дастовардҳои онро таҳким бахшем, чунонки гузаштагони ба суннату ойинҳои аҷдодии худ садоқатманд, дар маром устувор ва хирадманди мо Наврӯзро аз қаъри асрҳо то ба имрӯз поянда доштанд ва онро чун машъали фурӯзон аз насл ба насл расониданд.
Дар айёми гулшукуфти наврӯзӣ нияту орзуи хуб кардан суннати неки миллии мо мебошад.
Биёед, мову шумо ҳам ният кунем, ки Худованди мутаол сарзамини офтобии Тоҷикистон, халқи азизи мо ва марзу буми Ватанамонро аз офатҳои харобиовар эмин дорад, сулҳу амониву ваҳдати миллии моро ҷовидону пойдор гардонад ва ба хонадони мардуми мо файзу баракат ато фармояд.
Итминон дорам, ки зиёиёни мо ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ва дидаи бедори миллат, инчунин ҳар як фарди бонангу номуси Ватан барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани кишвари маҳбубамон - Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшидани мақому обрӯи тоҷикон ҳамчун миллате, ки ба тамаддуни башарӣ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳову садҳо нафар олимону адибони номдору фарзонаро додааст, инчунин аз имрӯза беҳтар шудани зиндагии мардуми куҳанбунёду фарҳангӣ ва шарифу сарбаланди тоҷик дучанд саъю талош хоҳанд кард.
Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, аҳли зиё ва ҳозирини арҷмандро ба ифтихори соли нави аҷдодиамон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо толеи нек, хушбахтиву хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон умри абад орзу менамоям.
Наврӯзатон муборак бод, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.03.2014 №: 55 Мутолиа карданд: 2093