мулоқотҳо
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУРРАУФ ИБРОҲИМӢ
26 март, бегоҳии рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кобул бо Раиси Маҷлиси намояндагони (порлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауф Иброҳимӣ мулоқот намуд.
Эмомалӣ Раҳмон “ҳамкории ҳамаҷониба бо Афғонистони ҳамсояро “аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати хориҷии Таҷикистон” номида, рушди равобити байнипорлумонии ду кишварро басо муҳим арзёбӣ кард.
Абдуррауф Иброҳимӣ изҳор дошт, ки “роҳбарият ва мардуми Афғонистон аз дастгириҳои пайвастаи Шумо аз раванди сулҳу субот ва рушди кишвари худ қадрдонӣ мекунанд, зеро ки мо ҳамеша пуштибонии Шуморо аз манофеи сарзамини мо дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мебинем ва эҳсос мекунем”.
Таъкид гардид, ки порлумонҳои ду кишвар метавонанд дар ташвиқ ва танзими ҳамкории сиёсию амниятӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва бунёди шабакаҳои фаромиллии инфрасохторӣ нақши муҳим дошта бошанд.
Ҳамкории босамари байнипорлумонӣ, ҳамчунин боиси рушди равобити таърихии фарҳангӣ, адабӣ, илмӣ ва маънавии мардумони ду кишвар номида шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2014 №: 57 Мутолиа карданд: 1197