мулоқотҳо
ГУФТУГӮИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲАЗРАТ УМАР ЗАХИЛВОЛ
26 март, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Захилволро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва ҷалби муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика баррасӣ шуданд.
Татбиқи ҳарчи зудтар ва босамари лоиҳаҳо доир ба кашидани хати барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои минтақавӣ ба нафъи ҳар ду кишвари дӯст арзёбӣ гардид.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро барои ба мувофиқа расондани лоиҳаи созишномаи сеҷонибаи миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон доир ба тиҷорати транзитӣ таъкид доштанд.
Ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ барои босамар ба роҳ мондани конфронси RECCA-6 дар Афғонистон табодули назар шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2014 №: 57 Мутолиа карданд: 1329