logo

суханрониҳо

СИҲАТИИ МАРДУМ БОЙИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ АСТ

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар маросими ифтитоҳи беморхонаи нав дар ноҳияи Данғара, 22 марти соли 2014
Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо дар кишвари азизи мо иди бузурги миллиамон – Наврӯз, ки ҳамасола чун пайки ҷовидониву хуррамӣ ва рамзи ҳамбастагии инсону табиат фаро мерасад, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуда истодааст ва дар иртибот ба ин дар гӯшаву канори мамлакат корҳои ободонӣ вусъати тоза гирифта истодаанд.
Дар идомаи иқдомҳои созанда ва ба як мулки ободу пешрафта мубаддал сохтани Ватани аҷдодиамон чанд лаҳза пеш мову шумо шоҳиди ба истифода додани муассисаи муосири тиббӣ дар маркази ноҳияи Данғара гардидем, ки барои осон гардидани мушкилоти мардум дар самти ташхису табобат мусоидат менамояд.
Аз ин лиҳоз, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва табибони ҳозиқро ба ифтихори фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ ва ифтитоҳи муассисаи нави тандурустӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодатмандиву барори кор ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям.
Ҳамчунин ба бинокорону муҳандисон ва ҳамаи онҳое, ки барои бо сифати баланд бунёд гардидани иншооти бисёр муосири имрӯза саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори сипос мекунам.
Сохтмони беморхона соли 2006 оғоз гардида, барои бунёду таҷҳизонидани он қариб 100 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Муассисаи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ барои як миллиону 100 ҳазор нафар сокинони минтақаи Кӯлоб бунёд гардида, ҷавобгӯи ҳамаи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Беморхона дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонида метавонад.
Дар муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ муҳайё карда шудааст.
Яке аз мушкилоти сокинон ташхиси дақиқи беморӣ мебошад, ки бо ин мақсад дар беморхона дастгоҳҳои рақамии томографиву рентгенӣ ва таҷҳизоти махсус барои анҷом додани амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ насб карда шудаанд.
Ҷиҳати расонидани кумаки фаврии тиббӣ ва бистарӣ намудани беморон нақлиёти махсуси муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ фаъолият мекунад.
Тарҳи инфрасохтори беморхона хеле нодир буда, баъзе ҷузъиёти он, аз ҷумла нуқтаи истеҳсоли оксиген дар бунёди муассисаҳои тиббии мамлакат бори аввал истифода шудаанд. Ғайр аз ин, беморхона бо барномаҳои махсуси компютерӣ таъмин гардида, бақайдгирии электронии нишондоди беморон ва хулосаҳои ташхису машварати табибон тавассути шабакаи дохилӣ интиқол дода мешавад.
Беморхона бо дастгоҳи тибби фосилавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, кормандону беморон имконият доранд, ки ба таври мустақим дар фурсати кӯтоҳтарин аз машварати мутахассисони касбии муассисаҳои тиббии дохил ва хориҷи кишвар истифода намоянд.
Бо ифтитоҳи беморхона 240 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, 62 нафар табиб, 80 нафар корманди миёнаи тиб, 88 нафар корманди хурди тиб ва мутахассисони техникӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.
Бо мақсади дар сатҳи касбӣ иҷро кардани хизматрасониҳои тиббӣ то имрӯз 45 мутахассисон дар муассисаҳои дохил ва хориҷи кишвар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд, ки айни замон омодаи фаъолият мебошанд.
Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки беморхона иқтидор дорад минбаъд ҳамчун пойгоҳи асосии омода намудани мутахассисони тиббии вилоят ва кишвар хизмат намояд. Беморхона инчунин имкон дорад, ки ҷиҳати ба такмили ихтисос фаро гирифтани шумораи зиёди кормандони миёнаи тиб ҳамчун пойгоҳи клиникӣ истифода шавад. Дар иртибот ба ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дар заминаи беморхонаи мазкур ташкили кафедраҳоро барои таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои тиб ба роҳ монад.
Ҳамзамон бо ин, имконияти васеи беморхонаро ба инобат гирифта, дар заминаи он гузаронидани даврҳои сайёри такмили ихтисоси мутахассисони соҳавӣ аз ҷониби устодону кормандони илмии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Соли ҷорӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат омӯзишгоҳи тиббии ноҳия ба Коллеҷи тиббӣ табдил дода шуд, ки иқдоми мазкур барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб барои ноҳия ва минтақа мусоидат хоҳад кард. Ҳоло дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара якҷо бо гурӯҳҳои мақсадноки ба он вобасташудаи назди беморхонаҳои ноҳияҳои Балҷувону Темурмалик ва Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 1265 нафар донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил менамоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ҷиҳати рушди соҳаи тандурустии кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ кумаку дастгириҳои худро идома медиҳад. Айни ҳол Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015 амал мекунад, ки маблағи умумии амалисозии он қариб 315 миллион сомонӣ мебошад.
Дар шароити кунунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ таҳким бахшидани шабакаи ёрии аввалияи тиббию беҳдоштӣ мебошад, ки бидуни бунёди инфрасохтори зарурӣ рушди он дар сатҳи деҳот ғайриимкон аст.
Соли 2013 бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти шабакаи ёрии аввалияи тиббию беҳдоштӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 70 бунгоҳи саломатӣ сохта, ба истифода дода шуд. Вале қобили зикр аст, ки ҳарчанд солҳои охир мақомоти маҳаллӣ бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ ба сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд, аммо аксари онҳо ба таъмиру барқарорсозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамон ниёз доранд.
Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки доир ба иҷрои барномаҳои қабулкардаи Ҳукумат дар самти рушди соҳаи тандурустӣ, инчунин сохтмон ва таъмиру азнавсозии бунгоҳҳои тиббӣ, бахусус дар маҳалҳои дурдасти мамлакат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд.
Масъалаи дигари ҳалталаби соҳаи тандурустии вилоят норасоии кадрҳои тиббӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат вазъи таъминоти вилоятро бо мутахассисон ба инобат гирифта, соли гузашта барои ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Донишгоҳи тиббӣ иловатан 100 Квотаи президентӣ ҷудо намуд.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ва ҳавасмандгардонии онҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки медонед, мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сиҳатии мардумро беҳтарин боигарии давлат арзёбӣ намуда, дар доираи ислоҳоти соҳа барои ноил шудан ба сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодаем.
Ин аст, ки тайи 10 соли охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар маблағгузории соҳаи тандурустӣ зиёда аз 25 баробар афзуда, шумораи ниёзмандони ба хориҷи кишвар барои ташхису табобат муроҷиаткунанда 80 фоиз коҳиш ёфтааст ва ҳоло Тоҷикистон ба давлати қабулкунандаи беморони хориҷӣ мубаддал гардидааст.
Дастоварди дигари соҳаи тандурустии кишвар рушди васеи кумаки аввалияи тиббӣ ба аҳолии деҳот тавассути ҷорӣ намудани таҷрибаи тибби оилавӣ мебошад. Бояд гуфт, ки чунин тарзи фаъолият аз лиҳози иқтисодӣ камарзиш буда, барои аҳолӣ, аз ҷумла беморон дастрас ва осон мебошад.
Ҳоло марҳалаи бунёд ва барқарор кардани инфрасохтори соҳаи тандурустӣ босуръат идома дошта, Ҳукумати мамлакат тасмим дорад, ки дар марҳалаи оянда силсилаи тадбирҳоро дар самти ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои тандурустиро тавассути роҳандозӣ кардани низоми аккредитатсияи муассисаҳои тиббӣ, боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонии табибон ба василаи анҷом додани маблағузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият амалӣ созад.
Бояд гуфт, ки дар баробари андешидани тадбирҳои муассир доир ба ҳифзи тандурустии аҳолӣ зарур аст, ки роҳҳои самараноки беҳтар намудани саломатии фардӣ, яъне машқу тамрин ва варзиши бадан, ки аз аҷдоди номдорамон мерос мондааст ва аз василаҳои асосии пешгирии беморӣ мебошад, бояд васеъ истифода карда шавад. Дар ин кори хайр низ, пеш аз ҳама, кормандони соҳаи тандурустӣ бояд саҳми фаъолона дошта бошанд ва дар тарғиби тарзи ҳаёти солим худашон намуна ва пешсаф бошанд.
Бахусус дар арафаи фарорасии Наврӯз, ки марҳалаи сабқату ташкили чорабиниҳои гуногуни варзишӣ мебошад, рӯй овардан ба варзиш асоси беҳдошти солимии ҷомеа буда, ҳамзамон яке аз суннатҳои беҳтарини ин ҷашни миллӣ мебошад. Моҳияти машқҳои ҷисмониро дар самти пешгирии бемориҳо Шайхурраис ибни Сино бамаврид фармудааст: «Ҳар кӣ ба он муваффақ шавад, ки варзишро ба эътидол ва андар вақти худ ба кор барад, аз ҳар гуна муолиҷа бениёз хоҳад шуд».
Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба шумо, пеш аз ҳама тандурустӣ, саодати рӯзгор ва барори кор орзумандам.
Доим саломату сарбаланд бошед, дӯстони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2014    №: 57    Мутолиа карданд: 1649
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед