logo

мулоқотҳо

ХУШБИНИИ ЙОЗЕФ БЛАТТЕР АЗ ДУРНАМОИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

25 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) - ро, ки бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масоили вобаста ба рушди футбол ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат баррасӣ шудааст. Бино ба гузориши манбаъ, Йозеф Блаттер “Соли футболи оммавӣ” дар Тоҷикистон эълон гардидани соли 2014 - ро иқдоми шоистаи дастгирӣ номида, изҳор намудааст, ки “иштирок дар маросими оғози татбиқи ин ташаббус аз ҳадафҳои сафар”-и ӯ ба Тоҷикистон аст.
Дар мулоқот ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба бунёди инфрасохтори варзишӣ, аз ҷумла доир ба сохтмони варзишгоҳҳо ва дигар иншооти ин соҳа, тарғибу ташвиқи насли наврас ба тарзи ҳаёти солим боиси рушду тараққиёти босуръати футбол ва дигар намудҳои варзиш дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Йозеф Блаттер, Президенти ФИФА, мулоқоташ бо Сарвари давлатро дӯстонаву созанда номид. Президенти ФИФА аз таваҷҷуҳи доимии Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш, алалхусус футбол ва бунёди варзишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрӣ истиқбол намуда, ба тавсеаи ин намуди варзиш дар Тоҷикистон хушбинӣ кард. Номбурда, ҳамчунин талошҳои роҳбарияти Федератсияи футболи ҷумҳуриро қобили дастгирӣ дониста, футбол дар Тоҷикистонро рӯ ба инкишоф арзёбӣ кард.
 – Мо умедворем, ки рӯзе тими мунтахаби Тоҷикистон ба сифати яке аз дастаҳои пурқувват дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ баромад хоҳад кард,- изҳор дошт Йозеф Блаттер.
Президенти ФИФА дар доираи сафараш ба Тоҷикистон, сабқати дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлобро барои ба даст овардани Шоҳҷоми Тоҷикистон тамошо карда, ба дастаи ғолиб Ҷоми Олии кишварро супурд. Ин бозӣ бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи дастаи «Истиқлол» - и Душанбе анҷом шуд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2014    №: 57    Мутолиа карданд: 1372
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед