logo

суханрониҳо

БУЗУРГДОШТИ НАВРӮЗ БУЗУРГДОШТИ ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ БАШАРИСТ

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз, шаҳри Душанбе, 21 марти соли 2014
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мояи ифтихори мо - тоҷикон аст, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ 21-уми марти ҳар сол фарорасии соли нави аҷдодиамон - Наврӯз якҷо бо айёми эҳёи табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ба муносибати ин рӯзи саид ва ҷашни барои ҳар яки мо бузургу муқаддас, ки чанд сол инҷониб мақоми байналмилалӣ гирифтааст, тамоми мардуми саодатманди Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, мардумони кишварҳоеро, ки ин ҷашнро гиромӣ медоранд, инчунин ҳамаи сокинони пойтахт ва шумо - иштирокдорони ҳамоиши имрӯзаи идонаро сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгор орзу менамоям.
Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои куҳандиёри мо зуҳур кардааст.
Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму оинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд.
Дар ин рӯз табиат ва инсон неруи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накукорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳофар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳанд.
Фазилати дигари таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузурги мардум мебошад.
Дар Наврӯз мардум гирди хони идона ҷамъ омада, нақшаҳои ободкориву созандагӣ мекашанд, хонаву кошона ва макони зисташонро поку озода намуда, ба зиндагӣ бо диду андешаи нав менигаранд, ки ин навгониву навсозӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи тамаддунсози мо - тоҷикон буда, нишонаи кӯшиш барои беҳтар зистан, шукронаи табиат ва неъматҳои онро ба ҷо овардан мебошад.
Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну муҳтавои зиндагисози худ ҳамчун оини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст.
Ин ҷашни бостонӣ дар замони давлатдории хонадони Сомониён бо тамоми русуму суннатҳои худ дубора эҳё гардидааст, ки шаҳодати эътирофу гиромӣ доштани он дар осори аҳли адаби ин давра, бахусус дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ тараннум ёфтааст.
Дар давраҳои баъдина низ суннатҳои наврӯзӣ ривоҷу густариш пайдо карда, бо сиришти поки худ то замони мо боқӣ мондааст.
Бузургдошти Наврӯз - умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст.
Ҷаҳонишавии Наврӯз воқеияти таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро барқарор намуд.
Дӯстони гиромӣ!
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи Наврӯз тадбирҳои мушаххас анҷом медиҳад. Бахусус дар арафаи Наврӯз дар сатҳи давлатӣ баргузор намудани Рӯзи модар, мулоқоти Роҳбари давлат бо зиёиёни кишвар, Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.
Дар ин раванд, бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ҷиҳати ободии Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш намояд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта гардад.
Толеи баланди миллати сарбаланди тоҷик аст, ки баҳори бистусеюмини давлатдории мустақил ва ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯзро дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати милливу ҳамраъйии сокинони кишвар истиқбол менамояд.
Аз ин лиҳоз, мову шумо низ орзу менамоем, ки Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо қабои сабзи худ чун мунодии сулҳу оромӣ ва пиндору гуфтору рафтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Ватани азизамон раҳнамун созад.
Бигзор, Наврӯзи ҷаҳонӣ дар хотираи аҳли ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун намунаи хиради бузурги гузаштагони некноми мо ва чун зеботарин ҷашни башарӣ то ҷовидон боқӣ монад.
Бори дигар ба ҳамаи шумо бахту саодати наврӯзӣ, фараҳу шодӣ, иқболи баланд ва тансиҳативу рӯзгори осуда орзу менамоям.
Наврӯзи хуҷастапай муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2014    №: 57    Мутолиа карданд: 1440
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед