logo

илм

“КӮҲСОРИ АҶАМ” – ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН

Дар толори бузурги Донишгоҳи Роҷерси ИМА Конфронси байналмилалӣ доир ба истифодаи пурсамари мавзеъҳои баландкӯҳ ва нигаҳдории генофонди рустаниҳо ва дарахтон бо ширкати намояндагони 104 давлати дунё оғоз гардид.
Пас аз ду – се нафар баромадкунанда, ки аз академия ва пажӯҳишгоҳҳои машҳур буданд, сухан ба Мирзошоҳи Акобир, боғбони тоҷикистонӣ, дода шуд. Ӯ ба минбар баромада, бо забони фасеҳу шевои тоҷикӣ аз кор, таҷриба ва дастовардҳояш ҳарф зад ва наворҳои видеоиро ба ҳозирон манзур намуд.
- Дар доманакӯҳҳои минтақаи Рашт садҳо намуди себу ноку олую чормағзу бодоми ёбоӣ мерӯяд, - гуфт Мирзошоҳи Акобир. – Қисмати беши онҳо мавод барои таҷриба ва омӯзишанд. Ин  намудҳо садсолаҳо нумӯ карда, ба касалиҳо ва ҳашарот тобовар гаштаанд. Намудҳои гуногуни ниҳолҳои табиию асили себ гувоҳи онанд, ки минтақаи Рашти Тоҷикистон ватани себ мебошад.
Баромад беш аз 30 дақиқа идома ёфт. Ҳар дафъае, ки  Мирзошоҳи Акобир дар бораи ниҳоле ё гиёҳе аз Тоҷикистон иттилоъ медод, дар толор мавҷи қарсак баланд мешуд. Яке аз созмондиҳандагони конфронс луқма партофт:
- Он чи мехостем, аллакай онро дар амал дида истодаем. Кори як пажӯҳишгоҳро ба ҷо оварда истодаед, офарин ба Шумо!
Мирзошоҳи Акобир боз дар бораи Тоҷикистон, бахусус минтақаҳои сарсабзи кӯҳдоман ҳарфи зиёд дошт, аммо регламенти ҳамоиш имкон надод, ки ҳама нақшаҳояшро ба тафсил иброз намояд.
Дар хотимаи Конфронс ироа шуд, ки маърӯза, андешаю ғояҳо ва таклифу пешниҳодоти Мирзошоҳи Акобир, боғпарвари Тоҷикистон, дар маҷмӯаи дастаҷамъии  олимону мутахассисон дарҷ гардаду таҷрибааш барои омӯзиш ба дигар кишварҳо тавсия дода шавад.
Дар бораи ӯ рӯзноманигор Камол Бекзода навиштааст: “Мегӯянд, Худованди бузург дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт ба Мирзошоҳи Акобир  истеъдоду ҳунари волоеро арзонӣ доштааст. Гиёҳшиносу донандаи хуби илми тибби қадим, суханвару ҷӯяндаи асрори мероси ниёкон, кишоварзу боғпарвар, хуллас, вуҷудаш бо ҳунарҳои олам пероста...”
Мирзошоҳи Акобир кист ва ӯ чӣ гуна ба ин ҳунару маҳорату малака ноил гаштааст?
Мирзошоҳи Акобир  соли 1959 дар деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашт зода шудааст. Дар 29 - солагӣ факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, муддате дар вазифаҳои сарвари бригада ва сарагрономи Иттиҳодияи “Селхозхимия”-и ноҳияи Ғарм фаъолият намудааст.
Маҳз дар ин давра ӯ ба бунёди боғи ботаникӣ – фарҳангӣ дар масоҳати 1 гектар иқдом намуд. Мехост аз навъҳои маҳаллии нестшавандаи себу ноку муруд генофонд таъсис диҳад. Аммо он солҳо ҷудо кардани қитъаи замин ба шаҳрвандон қариб номумкин буд. Ҳукуматдорони маҳаллӣ ҳатто суханашро дар бораи ҷудо кардани 1 гектар замин шунидан намехостанд. Замонаи карахтӣ буду ҳар як ташаббуси эҷодкорона дар ибтидояш маҳв мегашт. Вале Мирзошоҳ паст наомад. Ӯ монеаҳои бюрократиро як – як паси сар кардан гирифт. Лозим донист, ки ба се вакили Шӯрои Олии ИҶШС – Қандил Ҷӯраев, ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ, Гулрухсор Сафиева, шоира ва Зайтуна Қаландарова, сардори бригадаи пахтакории колхози “Правда”-и ноҳияи Панҷ, муроҷиат намояд. Оқибат бо мусоидати вакилони Шӯрои Олии ИҶШС ва Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Мирзошоҳи Акобир барои бунёди боғи ботаникӣ – фарҳангӣ 1 гектар замин ҷудо намуданд ва ӯ барои амалӣ намудани нақшаҳояш иқдом кард.
6 писараш бо ӯ ҳампаҳлуянд. Ҳар кадом дорои касбу ҳунари нодир аст. Муҳаммадзоҳиршоҳ - устои коркарди пӯст, Мусайёр – табақтарош, Абунасру Билолиддин - пайвандгари ниҳолҳо ва  Равшан – хаттоти рӯйи санг. Акобиршоҳ дар мактаб мехонад ва ба ниҳолпарварӣ завқ дорад. Аз фарзандони Мирзошоҳи Акобир нафаре коркобӣ ба Русия намеравад. Онҳо дар зодгоҳашон зиста, пешаи аҷдодиро идома медиҳанд.
Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Меҳргон озмуни “Корманди беҳтарини соҳаи кишоварзӣ дар соли 2013”- ро ҷамъбаст кард. Мирзошоҳи Акобир, роҳбари хоҷагии  “Кӯҳсори Аҷам”-и ноҳияи Рашт, дар соҳаи боғдорӣ беҳтарин дониста шуд. Ба ӯ ин унвонро ҳавоӣ надодаанд. Ӯ барои ноил гардидан ба он солҳо заҳмат кашида, ҳунару малакаашро дар амал нишон додааст.
Мирзошоҳи Акобир  ба давлатҳои гуногун – Перу (соли 2009), Шветсия (соли 2010), иёлати Калифорнияи ИМА, Ҳолланд (соли 2011), Ҳиндустон, Итолиё ва ИМА (Ню- Йорк) сафар намудааст. Таассуроти сафари Перу фаромӯшношуданист. Дар он ҷо, ки ватани картошка аст, беш аз 1200 намуди зироат, аз ёбоӣ то ҳозира нигоҳ дошта мешавад. Ҳар сол ба ин мамлакат ба парки миллии Ла-Папа зиёда аз миллион сайёҳ фақат ба тамошои осорхонаи картошка меоянд. Заҳмати мардуми Перуро дида, Мирзошоҳи Акобир мехоҳад аз навъҳои себу ноки маҳаллӣ парке бунёд намояд, ки мондагор бошаду диққати на танҳо олимону мутахассисони дохилӣ, балки хориҷиро низ ҷалб намояд.
Дар боғи  ӯ навъҳои машҳури себ: хубонӣ, маликӣ, ҳамидӣ, оростагӣ, шоҳӣ, шафеӣ, ҳайдарӣ, тирамоҳӣ, лоласеб, навъҳои муруди шаҳдодӣ, шакарак, кулухмуруд, сафедмуруд, анҷирак ва ғайраҳоро дидан ва аз меваҳояшон чашидан мумкин аст. Боғи бунёдкардаи Мирзошоҳи Акобир тиҷоратӣ нест, балки боғи ботаникӣ - фарҳангӣ асту “Кӯҳсори Аҷам” номгузорӣ шудааст.
- Меваҳои боғҳои бобоӣ, яъне табиӣ маззаю лаззати ба худ xос доранд, ки онро аз меваҳои бо роҳи сунъӣ ба даст оварда ҳис карда намешавад, мегӯяд боғбони ботаҷриба.
- Боғи ботаникӣ - фарҳангии “Кӯҳсори Аҷам” аз дигар боғҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) чӣ тафовут дорад? – пурсидем аз ӯ.
- Мо навъҳои маҳаллиеро зиёд карданием, ки ба ҳашароту касалиҳо ва беобӣ тоқатоваранд. Бо мурури замон боғҳои табиӣ коҳиш ёфта истодаанд. Мақсади мо, боғдорон, аз себҳои ватанӣ ғанӣ гардондани бозори дохилӣ мебошад. Навгонӣ дар он аст, ки дар минтақаи Рашт тавассути пайвандандозӣ бодоми ширинро зиёд кардем.
Тавре ба мо иттилоъ доданд, қаблан дар минтақаи Рашт бодоми ширинмағз намерӯидааст. Ин аз мадди назари Мирзошоҳи Акобир дур намонд. Ягон даҳ сол пеш ба пайванд кардани бодоми талх, ки дар кӯҳу пуштаҳо хеле зиёд аст, пардохт. Натиҷааш хуб баромад. Сипас мақсад гузошт, ки аз рӯйи имкон тамоми бодомҳои ёбоиро пайванд намуда, ҳосили онро афзояд. Ҳоло Мирзошоҳ ва фарзандонаш дар ҳар куҷое бодоми талхдонаро бинанд, ҳатман онро пайванд меандозанд. Барои рушди бодомпарварӣ ниҳолхонаи махсус сохтааст, ки ҳар сол ҳазорҳо бех сабз намуда, дар мавзеъҳои хушобу ҳаво мешинонанд.
Боғи ботаникӣ - фарҳангии “Кӯҳсори Аҷам” ифтихори минтақаи Рашт аст. Дар ин ҷо 38 намуд себ, 25 намуд муруду нок, 22 намуд зардолу ва намудҳои зиёди гелосу олуву чормағзу шафтолую ток парвариш карда мешавад. Барои рушди боғи ботаникӣ – фарҳангӣ  хазинаи “Кристенсен фонд” саҳми бориз дорад. Ин хазинаи хусусии сокини Сан – Франсискои ИМА Кристенсен буда, дар Тоҷикистон тавассути намояндааш Алибек Ҳотамбеков, роҳандозӣ карда мешавад. Соли сеюм аст, ки Мирзошоҳи Акобир бо ин хазина ҳамкорӣ дораду “Кристенсен фонд” баробари дастгирии молиявӣ дар рушди “Кӯҳсори Аҷам”, инчунин сафарҳои хориҷии  Мирзошоҳи Акобирро маблағгузорӣ мекунад.
Мирзошоҳи Акобир аз қабили ашхосест, ки аз  мушкилиҳо намеҳаросад ва агар мушкилиеро бартараф созад, лаззат мебарад. Маҳз, хислати заҳматдӯстию ҷӯяндагӣ ва пеши мушкилиҳо сар хам накардан аст, ки ӯро бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯбарӯ намуд.
Бори нахуст  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Ваҳдат, ки соли 2009-ум дар Рашт таҷлил карда шуд,  ба заҳматҳои Мирзошоҳи Акобир баҳои баланд дод. Бори дуюм сентябри соли 2013 зимни сафари корӣ ба минтақаи Рашт ба гӯшаи ташкилкардаи Мирзошоҳи Акобир таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
- Куҷост себу нокҳои машҳури раштӣ, ки ифтихори Тоҷикистон буданд? – пурсид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Мирзошоҳи Акобир. – Охир бозорҳои моро себу нокҳои чинию эронӣ пур кардаанд, ки маззаю лаззат надоранд?
- Ҷаноби Олӣ, бояд мо дар ин минтақа Парки мева таъсис диҳем, ки дар он беҳтарин навъҳои маҳаллии минтақабобгашта ва ба касалиҳою ҳашарот тобовар парвариш ва афзун гардонда шаванд. Навъҳои хориҷие, ки замоне хоҷагиҳои минтақаҳои кӯҳистонро пур карданд, бо мурури замон пир шуда, макони ҳашароту касалиҳо гаштанд. Фақат навъҳои маҳаллӣ боз метавонанд, шуҳрати меваҳои шаҳдбори минтақаро барқарор созанд.  Ҳамчунин дар доманакӯҳҳо, ки шукри Худо хеле фароханд, бештар ниҳолҳои бодом шинондан ба мақсад мувофиқ аст.
Сарвари давлат ба вазири кишоварзӣ ишора намуда, таъкид намуд, ки пешниҳодҳои боғбони раштӣ қобили дастгирист ва ӯро дастгирӣ намоед. Мирзошоҳи Акобир баробари кишоварзи асил будан, ҳунарманду табибу гиёҳшиноси моҳир низ ҳаст. Гиёҳшиносиаш аз он аст, ки дар овонӣ аввали фаъолияташ ба бемории меъда гирифтор мешавад. Аз  рӯйи феъли модарзодиаш  мехоҳад бемориро бо гиёҳҳои маҳаллӣ табобат намояд. Қаблан осори донишмандон Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Синоро мутолиа намуда, бо чанде аз табибони гиёҳдармонсоз вохӯрда, сипас дувуним моҳ дар мавзеи сергиёҳ хайма зада, ба ҷамъоварии  гулу гиёҳҳо машғул шуд. Дар водии Рашт ҳоло ҳазорҳо гулу гиёҳҳои аз назари илмӣ наомӯхта мавҷуд аст. Ҳадафи Мирзошоҳи Акобир ва фарзандонаш гирдоварӣ ва омӯхтани гулу гиёҳҳои  шифобахш мебошад.
Зарбулмасали “Ба як мард чил ҳунар кам аст” ба Мирзошоҳи Акобир рост меояд. Бо ибтикори ӯ дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғарм 8 сол қабл коргоҳи ҳунармандӣ кушода шудааст, ки дар он 54 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошад. Ӯ дар рафти муносибат бо хориҷиён медид, ки онҳо ба чи шавқу рағбат доранд. Аз ин рӯ, деҳа ба деҳа гашта, ҳам ҳунармандонро ба кор ташвиқ ва ҷалб намуд. Қисме аз маҳсули заҳматашон бо пули нақд харид ва қисмеро нася гирифта, ба маъраз гузошт. Ҳунармандон ҳавасманд буданд, ки маҳсули эҷодашонро пазиранд. Барои ҳамин онҳо маҳсулоти босифат истеҳсол менамоянд. Хориҷиён бештар ба табақ, асбобҳои мусиқӣ, намад ва болиштҳои аз пашм тайёршуда мароқ доранд.
Бо ибтикори Мирзошоҳи Акобир дар 6 шаҳри Италия дӯконҳое кушода шудааст, ки дар онҳо маҳсули дасти ҳунармандони тоҷикро мефурӯшанд ва боз барои маҳсулоти навбатӣ дархост медиҳанд.  Ба қарибӣ ба Италия 150 болишти пашмӣ ва ба Олмон 150 табақи чормағзӣ  фиристоданд.
Ҳоло Мирзошоҳи Акобир бо ҳунармандони машҳур – устоҳо Асад (аз Камароб),  Мирзо (Тагоба),  Саломат (Ҷиргатол), Саидраҳмон (Нуробод), Муҳаммадшоҳ (Рашт), Адолат (Ҷиргатол), Карим (Тоҷикобод) ҳамкории густурда дорад. Усто Асад ду маротиба ба Президенти кишвар табақи чормағзии қутраш 1,1 метрро туҳфа кардааст, ки онро се кас базӯр мебардоранд.
Ҳангоми сафари Ҳиндустон, ки асбобҳои мусиқиаш нодиранд, Мирзошоҳ бо худ асбоби соз дошт. Дар лаҳзаҳои фориғ аз сайру саёҳат бо он замзама мекард. Дар шаҳри Мумбай роҳбаладашон бонуи ито-лиёвӣ ӯро ба роҳбари студияи сабти овоз муаррифӣ намудааст. Хоҳиш карданд, ки ягон оҳанг ё сурудеро тараннум кунад. Мирзошоҳи Акобир суруди “Ватан”-ро, муаллифи матн ва оҳанг худаш буд, ба самъи ҳозирон расонд. Лаҳнаш писанд омаду суруди дигаре хоҳиш карданд. Бегоҳӣ дар яке аз каналҳои телевизионии шаҳри бузург ҳар ду сурудро намоиш дода, ӯро муаррифӣ намуданд. Роҳбари студияи сабти овоз, ки эронитабор будааст, ба ивази табли ҳиндӣ сози ӯро барои худ хостааст.
Соли 2010-ум дар намоишгоҳи созмондодаи Палатаи савдою саноати ҷумҳурӣ гӯшаи ташкилкардаи Мирзошоҳи Акобир, ки маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ буданд, сазовори ҷоизаи  “Мерос” гашт.
Мирзошоҳи Акобир зебоипараст аст. Мехоҳад кишварро саросар ободон, сарсабз ва рушдкарда бинад. Дар нияти хайру созанда ӯро фарзандонаш, ҳунармандони мардумии минтақаи Рашт ва раисони шаҳраку ноҳияҳо дастгирӣ менамоянд. Зеро ҳама мехоҳанд минтақаи Рашт, ки моломоли ҳунарҳои халқисту бо таомҳои лазизу гуногунаш шуҳрат дорад, ба минтақаи байналмилалии сайёҳӣ табдил дода шавад. Зеро дар ин ҷо нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар ҳунарҳои халқӣ рушд кардаасту ба сайёҳони хориҷӣ маснуоти пешниҳод мекарда ёфт мешавад.

Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2014    №: 58    Мутолиа карданд: 1992
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед