мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБАИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОН, АФҒОНИСТОН ВА ЭРОН
27 март, рӯзи дуюми сафар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул дар се чорабинии муҳими байналмилалию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Инҳо тантанаҳои марказии бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон мебошанд.
Нахуст мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардид. Дар он сарони ҳар се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Ҳасани Рӯҳонӣ ширкат намуданд.
Дар ҳамоиши сеҷониба масоили вобаста ба таҳкими амну субот дар минтақа, рушди ҳамгироии иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли барқ, лӯлаҳои нафту газ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки “ба манзури таъмини сатҳи нави равобит Шӯрои ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии Тоҷикистон-Эрон-Афғонистон эҷод шавад ва таҳти васояти сарони се кишвари дӯст фаъолияти босамар ва густурда намояд”.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин даъват намуд, ки “ҳамоиши ояндаи сегона тобистони соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад ва ҳамзамон намоишгоҳҳои дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва нишастҳои донишмандону фарҳангиён ба роҳ монда шавад”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.2014 №: 58 Мутолиа карданд: 1347