мулоқотҳо
ВОХӮРИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОН, АФҒОНИСТОН, ЭРОН ВА ПОКИСТОН
27 март, Афғонистон.
Мавзӯъҳои муҳимтарини минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг, ҳамчунин дар мулоқоти дуюми чаҳорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баррасӣ шуданд.
Ин мулоқот бо иштироки сарони ҳар чор давлати мазкур – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай, Ҳасани Рӯҳонӣ ва Мамнун Ҳусейн ҷараён гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла изҳор дошт, ки “нақши чаҳор кишвар дар ҳамкории минтақавӣ ва умуман ҷаҳони ислом пайгирона боло меравад”.
Эмомалӣ Раҳмон “сохтмони шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшиданӣ, роҳҳои оҳану мошингард”-ро барои чор кишвар “дорои аҳамияти ҳаётӣ ва геоиқтисодӣ” номида, таъкид дошт: “Зарур аст, ки роҳҳои пайванди чаҳор кишвар ҳарчи зудтар ва дар сатҳи имрӯзӣ бунёд ва навсозӣ шаванд, то ки нақши кишварҳои чорроҳӣ ва транзитии мо дар ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавӣ ҷиддан боло равад”.
Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки “Форуми ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишварҳои чоргона таъсис дода шавад”.
Дар фарҷоми сухан аз сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон даъват карда шуд, ки моҳи сентябри соли равон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф биёранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.2014 №: 58 Мутолиа карданд: 1403