номаҳо
ДАР КӮЛОБ ГАЗИ ТАБИӢ НЕСТ. ЧАРО?
Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мақолаи «Дар Кӯлоб гази табиӣ нест. Чаро?» («Ҷумҳурият», 28 январи соли 2014, № 20 (22325)-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд гуфт, ки ба шаҳри Кӯлоб аз конҳои гази ноҳияҳои Восею Балҷувон гази табиӣ меомад ва аз 13 сентябри соли 2013 бо сабаби зери об мондани чоҳҳои газ ва оғози корҳои таъмирсозии дастгоҳҳо интиқоли он қатъ гардид.
Барои дар зимистон бо гази моеъ таъмин намудани аҳолӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 12 нуқтаи таъминоти газ таъсис ёфт, ҳамчунин зарфи ғунҷоишаш 300 тонна барои захираи гази моеъ омода гашт. Дар 10 нуқта 250 тонна ангишт бо нархи 0,80 – 1 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд.
ҶСШК «Хишти Кӯлоб» истеҳсоли хишти пухтаро бо истифодаи ангишт ба роҳ монда истодааст.
Нисбат ба мақолаи «Чароғакҳои роҳ кай фаъол мешаванд?» (Ҷумҳурият», 29 январи соли 2014, № 21 (22326) иброз медорем, ки чанде қабл дар чорроҳаи хиёбони Сомонӣ чароғаки рақамӣ насб шуд ва насби чароғакҳо дар дигар кӯчаҳои сермошин низ идома дорад.
А. РАҲМОНОВ,раиси шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.04.2014 №: 59 Мутолиа карданд: 1407