мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЧАН ВАНСЮАН
31 марти соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чан Вансюанро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҳамоиши навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Чинро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон давлати Чинро «ҳамсояи наку, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди Тоҷикистон» номида, аз таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо он кишвар, аз ҷумла дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, мисли терроризму экстремизм истиқбол намуд.
Чан Вансюан ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки соли равон барои рушди ҳамкории бисёрпаҳлӯ дар доираи ин созмон пурсамар хоҳад буд.
Ӯ, ҳамчунин таъкид дошт, ки “Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ аз таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тақвияти қудрати дифоӣ ва омодагии зиддитеррористии он пайваста дастгирӣ хоҳад кард”.
Инчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла ҳолати кунунию дурнамои Афғонистон ва пурзӯр намудани ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.04.2014 №: 59 Мутолиа карданд: 1334