logo

сафарҳо

ХУҶАНД. СУБҲ БО ПАРАФШОНИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ ЁФТ

Субҳи 2 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.

Боздиди корӣ аз шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, оғоз ёфт. Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр нахуст Парчами давлатии Тоҷикистон бар пояи баландиаш 55 метр парафшон карда шуд. Ба фароз бардошта шудани Парчам таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби гурӯҳи наврасону ҷавонони Хуҷанди бостонӣ зинда суруда шуд, сурат гирифт. Атрофи парчампоя ва роҳравҳо бо санги ороишии гранити сурх ва фаввораҳои зебо оро ёфтаанд.
Бунёди ин парчампоя ва ободонии атрофи он бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ анҷом ёфтааст. Дарозӣ ва паҳнои худи парчам 7х12 метр аст.
Маросими бошукӯҳ бо ҳузури анбӯҳи зиёди мардуми Хуҷандшаҳр ва намояндагони аҳли зиёи вилоят ва маркази ҷумҳурӣ ҷараён гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва хусусан сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо ифтитоҳи боз як мавзеи  фарҳангӣ ва тамошогоҳи рӯҳнавоз табрику таҳният гуфта, ба рӯзҳои Наврӯзи хуҷаста рост омадани ин рӯйдоди фараҳбахшро фоли нек номид.
Маросими парафшонии Парчами давлатии Тоҷикистон бо намоиши барномаи рангини фарҳангӣ хотима ёфт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.04.2014    №: 61    Мутолиа карданд: 1464
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед