logo

туризм

ҚАЙНАР - НИШОНЕ АЗ НИЁКОН

Насими баҳорӣ нозуку оҳиста вазида, аз  кӯли Қайнар бӯи муаттари ниёконро меорад. Нафас гирифтан аз ин мавзеъ афкори фардро ба хаёлҳои дури афсонавию бостонӣ бурда, пеши чашмонаш урфу одат ва расму оини поку гуҳарбори аҷдодиро таҷассум месозад.

Кӯли Қайнар дар деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ воқеъ аст. Онро Нозкӯл низ мегӯянд. Муъҷизаю аҷоиботи онро тамоми бошандагони деҳа медонанд ва муқаддас мешуморанд.
Маҳмадалӣ Файзов, сокини деҳа, зимни суҳбат гуфт, ки дар хусуси муаззам будани ин ҳавз аз падараш ривоятҳои мухталиф шунидааст.
«Падарам ҳамвора мегуфт, ки ин маконро муқаддас донед, эҳтиром гузоред, аз  ҳама муҳим моҳии онро надоред», - изҳор кард ӯ.
Устурае роиҷ аст, ки чӯпоне баҳри подабонӣ беҳтарин чӯбдастро интихоб мекунад. Онро хуб тарошидаю зиннат додааст. Қисмати болои асояшро шикофта дар он дороияшро, яъне миқдоре тангаи тилло ҷой мекунад. Аз сабаби ҳамвора дар кӯҳу пушта будан ташнагии шадид ӯро фаро мегирад. Лаби чашмае рафта об менӯшад. Иттифоқан асояш аз дасташ дар чашма меафтаду нопадид мегардад. Барои дарёфти он саъю талош меварзад, аммо муваффақ намегардад. Ноумед, бо ҳасрат ба роҳаш меравад.
Муддате аз миён меравад. Қадамаш ба деҳаи Қайнар меафтад. Назди кӯл омада, иродаи обнӯшӣ мекунад. Нохост дар даруни об чӯберо мебинад, ки ба асои гум кардааш монанд аст. Онро аз об мегирад. Ҳақиқатан асои ӯ будааст. Аммо чӣ тавр аз он чашма ба кӯл омадааст, барояш муаммо шуд.
Ин қисса вирди забони хурду калони деҳа аст. Бо номи «Шифо» дар Ҷамоати деҳоти ба номи  Худоёр Раҷабов чашмае воқеъ аст. Ба гуфтаи сокинон ин ҳамон чашмаест, ки чӯпон асояшро афтонда буд. Масофаи байни Қайнар ва «Шифо» 4-5 километр аст.
Ривояте ҳаст, ки гӯиё аспи азим, ки дар зебоӣ ҳамто надорад, дар кӯл мавҷуд аст. Ва онро дидаанд. Аспи тездаву бодпои хатлӣ маҳз аз ҳамин зот будааст.
Мутаассифона, будан ва ё набудани асп дар кӯл аз ҷиҳати илмӣ то кунун собит нашудааст.
Холмат Сафаров, сарвари маркази бостоншиносии минтақаи Кӯлоб дар ин бора тазаккур дод, ки қабл аз таҷлили ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии Юсуфшоҳ Яъқубов,  доктори илми таърих, кофтуковҳои бостоншиносӣ дар шаҳру минтақаи Кӯлоб шурӯъ гардид. Қариб дар ҳама ҷойҳои таърихӣ ҳафриёт гузаронда шуд.
Баъди ҷашн ковишҳо идома ёфт. Соли 2008 дар мавзеи Қайнар тангае дарёфт шуд, ки ба замони Кӯшониён рост меояд.
Воқеан, баробари назар кардан макони қадимаю таърихӣ будани он равшан мегардад. Шакли кӯлро аз боло чашм дӯзӣ, шабеҳи уштур аст. Бошандагони деҳа инро хуб медонанд. Ҳатто узвҳои онро васф мекунанд.
Ба гуфтаи Холмат Сафаров, паҳноии кӯл 100 метр, дарозиаш 200 ва жарфиаш 25-30 метр аст. Дар қисмати болои Қайнар оромгоҳ мавҷуд аст. Бузургворе бо исми Хоҷа Қайнар дафн шудааст. Кӣ будани ӯро касе муайян накардааст.
Маҳмадалӣ Файзов гуфт, ки аз рӯи нақли пирамардони деҳа сабаби Қайнар ном гирифтани кӯл дар фаввора зада баромадани об аз дохили он мебошад. Қарнҳо сипарӣ шудааст, вале заррае аҳамияти таърихии ин мавзеи муқаддас коста нагардидааст.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.04.2014    №: 62    Мутолиа карданд: 4694
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед