суханрониҳо
БА РУШДИ САНОАТ ҚАДАМҲОИ УСТУВОР МЕГУЗОРЕМ
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди Комбинати металлургӣ ва корхонаи истеҳсоли семент дар шаҳри Истиқлол, 3 апрели соли 2014
Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз мову шумо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи мамлакатамон дар маросими оғози сохтмони боз як иншооти азими саноати металлургии кишварамон – Комбинати металлургии шаҳри Истиқлол, ки рамзи навбатии вусъати корҳои созандагиву ободкории мардуми шарифамон хоҳад шуд, ширкат дорем.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо - ҳозирони арҷманд ва кулли сокинони заҳматкашу бунёдкори вилояти Суғдро самимона табрик гуфта, ба соҳибкорону сармоягузорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди иншооти нав саҳми арзандаи ватандӯстона хоҳанд гузошт, барори кор ва муваффақият орзу менамоям.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон созам, ки зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд баръало эҳсос мекунам, ки дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву софдилонаи сокинони мамлакат ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти ноилшавӣ ба рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон қадамҳои устувор гузошта истодаем.
Ин раванди созандаву нек дар навбати худ ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат неруе мебахшад, ки ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷударо ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлат сафарбар созад. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи амалисозии стратегияву барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва тавассути дастгирии ҳамаҷонибаи бахши соҳибкорӣ ба мо муяссар гардид, ки садҳо корхонаҳои хурду бузург, аз ҷумла корхонаҳои муштарак оид ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатиро сохта, мавриди истифода қарор диҳем. Натиҷаи муҳимтарини раванди созандагӣ ин аст, ки даҳҳову садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, бо ҳамин роҳ мо ба мунтазам боло рафтани шароити зиндагии аҳолии мамлакат муваффақ шуда истодаем.
Чунонки ман доим таъкид месозам, рушди соҳаи саноат, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди маъдан яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлатамон ба ҳисоб меравад, зеро дар ин ҷода кишвари мо дорои захираву имкониятҳои фаровон мебошад.
Бо мақсади тараққӣ додани саноати маъдан ҳоло дар мамлакат як қатор барномаҳои давлатӣ дар самти таҷдиду азнавсозии корхонаҳои саноатии амалкунанда ва бунёди корхонаҳои нав амалӣ шуда истодаанд.
Имрӯз мо дар ҷараёни корҳои созандаамон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд санги асос ба сохтмони боз як иншооти бузург – корхонаи сементбарориро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз ҷониби Ширкати “Ғаюр - Суғдсемент” анҷом дода хоҳад шуд, гузоштем.
Бунёди корхонаи металлгудозии шаҳри Истиқлол аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ба рушди соҳаи саноати металлургии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.
Иқтидори солонаи корхонаи бунёдшаванда коркарди 100 ҳазор тонна сурб ва руҳ буда, баъди ба фаъолият оғоз кардани он дар маҷмӯъ 1300 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.
“Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой” барои бунёди корхона ҷудо кардани зиёда аз як миллиард сомониро пешбинӣ намудааст ва тибқи нақша фаъолияти истеҳсолии хати коркарди сурб соли 2016 ва коркарди руҳ соли 2017 оғоз мегардад.
Мувофиқи нақша дар ин мавзеъ бунёди минтақаи саноатӣ дар назар аст, ки дар он ба ғайр аз Комбинати металлургӣ боз корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 600 ҳазор тонна семент дар як сол, коргоҳҳои нави истеҳсоли кислотаи сулфат ва нуриҳои минералӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, партовҳои комбинат дар корхонаи сементбарорӣ низ истифода мегарданд.
Ҳамчунин корхонаи истеҳсоли гаҷ ва дигар масолеҳи сохтмон аз он, аз ҷумла гипсокартон сохта, ба истифода дода мешавад. Дар робита ба ин, сохтору мақомоти дахлдор ва соҳибкорону сармоягузорон вазифадоранд, ки ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонидани бунёди корхонаҳои зикршуда тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳамватанони азиз!
Мусаллам аст, ки рушди иқтисоди миллӣ дар навбати аввал аз истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва вусъат бахшидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ вобаста мебошад. Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадафи муҳим мо дар зарфи 10 соли охир дар мамлакат беш аз 150 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда, боз 200 лоиҳаро бо ҷалби сармояи мустақим татбиқ намуда истодаем. Дар ин раванд ҳоло корҳо дар самти рушди саноати истихроҷу коркарди маъдан босуръат идома доранд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои Ҳукумати мамлакат доир ба беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишварамон, аз ҷумла дар вилояти Суғд ҷалби сармоя ба рушди саноат мунтазам афзоиш ёфта истодааст.
Ҳоло дар қаламрави вилоят 63 корхонаи муштарак муваффақона фаъолият дорад, ки калонтарини онҳо корхонаҳои муштараки «Зарафшон», «Апрелевка», «Оби зулол», «Ҷавонӣ», «Анзоб», «САТН» ва «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» мебошанд. Ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои калони ресандагӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳу Спитамен, Зафаробод ва шаҳри Хуҷанд имконият фароҳам овард, ки дар дохили кишвар коркарди пурраи нахи пахта афзоиш дода шавад.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ба фаъолияти самараноки минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар, ки омили муҳимми ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои нав ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мебошад, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Вобаста ба ин, роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-ро зарур аст, ки ҷиҳати ташкили корхонаҳои нав ва боз ҳам тақвият бахшидани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ чораҳои иловагиро амалӣ намояд.
Вилояти Суғд дорои иқтидори бузурги саноатӣ мебошад ва мо иқдоми масъулон ва мутахассисони соҳаи саноати вилоятро ҷиҳати дар давраи наздиктарин аз минтақаи аграрӣ - саноатӣ ба минтақаи саноатӣ - аграрӣ табдил додани он ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.
Тӯли солҳои охир дар вилоят шумораи корхонаҳои саноатӣ афзоиш ёфта, ҳиссаи саноат дар таркиби маҳсулоти вилоят торафт зиёд шуда истодааст. Масалан, агар соли 2006 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 777 миллион сомонӣ баробар шуда бошад, пас ин рақам соли 2013 ба 3,9 миллиард сомонӣ расидааст ё 5,1 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин самт сохтору мақомоти дахлдор, махсусан роҳбарони корхонаҳои саноатиро зарур аст, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму самараноки иқтидорҳои саноатӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Соли гузашта корхонаҳои коркарди маъдан, металлҳои ранга ва истеҳсоли масолеҳи саноату сохтмон суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2012 ба ҳисоби миёна 120 фоиз таъмин намудаанд. Итминон дорам, ки корхонаҳои бунёдшавандаи шаҳри Истиқлол низ дар рушди саноати вилоят нақши муҳим хоҳанд дошт. Воқеан, дар сафари қаблӣ таъкид дошта будам, ки шаҳри Истиқлол ояндаи дурахшон дорад. Аввал ин, ки Истиқлол шаҳри зодаи даврони истиқлолият аст, баъдан ҳудуди он аз сарватҳои гаронбаҳои зеризаминӣ, аз қабили маводи радиоактивӣ, металлҳои ранга, тилло, нуқра, висмут, сангҳои нимқимату ороишӣ ва дигар унсурҳои химиявӣ бой мебошад.
Коргоҳи асосии саноатие, ки сокинони шаҳрро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекард, корхонаи «Нури Ховар» (“Заря Востока”) маҳсуб мешуд. Аммо бо сабабҳои объективӣ ҳоло дар корхонаи мазкур ҳамагӣ 345 нафар коргарону мутахассисон машғули кор мебошанд, ки 5 фоизи шумораи умумии коргарони корхонаро ташкил медиҳад.
Чунин вазъро ба назар гирифта, вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истиқлолро вазифадор карда будам, ки ҷиҳати бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои зикршуда ва тавассути ҷалби сармояи соҳибкорони ватаниву хориҷӣ таъсис додани корхонаҳои нави коркарди маҳсулот дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳарчанд ки то имрӯз доир ба ин масъала як қатор тадбирҳо андешида шудаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намудани масъалаҳои мавҷуда чораҳои бетаъхир андешанд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки фаъолияти корхонаҳои дигари шаҳр, аз ҷумла Ҷамъияти саҳомии «Мармари Табошар» ва корхонаи «Ҷобири Собир» ҷоннок карда шавад.
Ҳозирини муҳтарам!
Тавре мушоҳида мекунед, дар кишварамон раванди корҳои ободониву созандагӣ рӯз то рӯз вусъат гирифта истодааст ва вобаста ба ин, табиист, ки талабот ба масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент торафт меафзояд.
Соли гузашта бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ дар ноҳияи Ёвон корхонаи сементбарорӣ ба кор оғоз намуда, корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе таҷдид карда шуд. Охири соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли семент дар мамлакат ба 384 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2012 1,6 баробар зиёд мебошад. Вале ин нишондиҳанда ҳанӯз талаботи бозори дохилиро қонеъ карда наметавонад.
Дар ин раванд Ширкати «Ғаюр - Суғдсемент» бо мақсади беҳтар гардондани таъминоти бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмон тасмим гирифтааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави сементбарорӣ бунёд намояд. Барои бунёди ин корхона беш аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, тибқи нақша он бояд соли 2016 ба фаъолият оғоз намояд.
Иқтидори лоиҳавии он истеҳсоли як миллион тонна сементро дар як сол ташкил дода, 300 нафар мутахассисону коргарони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд.
Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки истифодаи васеъ аз захираву имконияҳои дохилӣ шарти муҳимтарини таҳкими иқтидори иқтисодии давлат, ғанӣ гардидани буҷетҳои маҳаллӣ, бо ҷойи кор таъмин шудани сокинони мамлакат ва, албатта, беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамон мебошад.
Дар охир бори дигар ба масъулону кормандони соҳаи саноати вилоят, соҳибкорону сармоягузорон ва бинокорони корхонаҳои нав, инчунин ба шумо, ҳозирони арҷманд, тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодату хушрӯзӣ ва дар амалӣ шудани нақшаву ниятҳои созандаатон комёбиҳо орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.04.2014 №: 62 Мутолиа карданд: 1764