номаҳо
ФЕЪЛИ БАДИ ДАҚИҚӢ ЧӢ БУД?
Духтарам китоби «Адабиёти тоҷик» -и синфи 8 -ро (соли нашраш 2009) кушода дар наздам гузошт ва пурсид: «Падарҷон, дар китоб навишта шудааст, ки Дақиқиро феъли баде ёр буд. Ӯ чи феъли баде дошт?» Посух додам: «Духтарҷонам, инро аз муаллими фанни «адабиёти тоҷик» -атон бипурс.
Ӯ изҳор дошт: «Пурсидам, аммо надонист. Ваъда дод, ки дар дарси оянда ба ин пурсиш посух мегӯяд, чун ҳоло, агарчи мавзӯи дарс «Дақиқӣ» буд, фурсат кам мондааст. Баъд ба ваъда вафо накард».
Андак андешидаму гуфтам: «Намедонам».
Вале духтарам ба ин қонеъ нагардид, тақозо намуд: «Охир ман ба ҳамаи ҳамсинфонам гуфтаам, ки падарам донандаи хуби соҳа мебошаду ба ин пурсиш посух меёбад, аз ин рӯ, ҷавоби онро биҷӯеду бипурсед».
Дар ин китоби дарсӣ омадааст: «… аз ҷавонӣ хӯйи бад ӯро ёр буд ва ҳамасола бо он ба пайкор буд ва … оқибат аз ин хӯйи бад ҷони ширин бидод ва аз дасти як банда кушта шуд».
Аз зикри ин ҳама оё метавонад муҳаббати Дақиқӣ, шоири тоҷику сарзамини тоҷикон, дар дили хонандаи мактаб пайдо шавад? Ва ӯ намеандешад, ки шоир, адабпарвар феъли бад дошта ва аз ин сабаб ба қатл расидааст? Дар ин ҳол сухани ӯ барои омӯзиши адаб чӣ арзиш дошта метавонад?
Фикр мекунам, беҳтар мебуд дар китобҳои дарсӣ барои хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ин хусус нанависанд. Инчунин пешниҳод менамоям, ки муҳаққиқони соҳа ин бори гарони туҳматро аз дӯши Дақиқии шоири асили тоҷик бигиранд. Дар ин маврид Аллома Шиблии Нуъмонӣ дар «Шеъру-л-аҷам» аввалин шуда саъю кӯшишро ба харҷ додааст.
С. АЗИЗ,
шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.04.2014 №: 63 Мутолиа карданд: 1467