номаҳо
РИЗОЯТИ ҚАЛБ МУҲИМ АСТ
Фурӯшандагон дар бозорҳо мо – харидоронро мефиребанд. Бо радду бадали чанд сухан нархи хостаашонро, дар бисёр маврид аз он зиёдро ба навъе иҷборан мегузоранду колояшонро савдо мекунанд. Албатта, аз ноилоҷӣ онро мехарем. Маълум аст, ки дар ин ҳол ризояти диламонро ба даст намеоранд.
Ҷойи таассуф дар он мебошад, ки барои фурӯши колояшон бо нархи дилхоҳу зиёд номи Худову Паёмбарро суиистифода мекунанд. Яъне динро дукон қарор медиҳанд.
Охир дил чӣ гуна ризо мегардад, ки баъди чанде нархи аслии колоро мефаҳмем ва андуҳгин мешавем?
Худованди мутаъол дар Қуръони азимушшаън фармудааст: «Моли касе дигар ҳалол нест, магар вақте ки ба василаи тиҷорат ва муомила ба ризояти тарафайн бошад».
Пайғамбар (с) низ дар ин маврид таъкид кардааст: «Моли ҳеҷ мусулмоне ҳалол намебошад, магар вақте ки ӯ аз таҳи дил бад-он розӣ бошад».
М. РАСУЛОВ,
шаҳри Чкалов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.04.2014 №: 63 Мутолиа карданд: 1368