номаҳо
МАН ЧУНИН ДӮСТ НАДОШТАМ
Як дӯстам ҳафт сол пеш ба Русия, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Аз ӯ дигар на номае мерасид ва на хабаре доштам. Дар борааш меандешидам ва барояш ғам мехӯрдам. Мепиндоштам, ки аз дунё даргузаштааст ва ё дар маҳбас афтодааст.
Шабе пештар аз ҳастии худ ба воситаи шабакаи интернет хабар дод. Бо дидани чеҳрааш бисёр шод гардидам. Шукр кардам, ки зиндаасту бо ӯ сухан мекунам ва аз аҳволаш мепурсам.
Дар оғоз бо забони русӣ суҳбат кард. Ба дил гуфтам, ки аз рӯи эҳсосу шодмонии зиёд намедонад бо кадом забон сухан мегӯяд. Пас аз чанд дақиқа бо ӯ ба забони модарӣ, яъне тоҷикӣ сухан кардам. Гуфт, ки ин забонро намедонад, фаромӯш намудааст, аз ин рӯ бо ӯ ба забони русӣ бояд суҳбат бикунам. Дар посух изҳор доштам: «Ман як дӯсте бо ин ном ҳафт сол пештар доштам ва забони ӯ тоҷикӣ буд. Бигӯ, аз ман чӣ мехоҳӣ?». Пас аз он интизори ҷавобаш нашудам ва робитаро қатъ кардам.
Ҳ.ФАЙЗУЛЛОЕВ,
ноҳияи Ҳисор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.04.2014 №: 63 Мутолиа карданд: 1396