номаҳо
«АЛЛА» БО ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ?!
Аз зарари телефони мобилӣ бисёр мегӯянду менависанд. Мутахассисони соҳа низ иброз доштанд, ки он ба тандурустии одамон таъсири манфии худро мегузорад. Афзудани бемории саратонро то ҷое аз ин «дастоварди даврони навин» меҳисобанд: Пайваста бо ғамхорӣ таъкид менамоянд, ки кӯдаконро дар ин маврид махсус эҳтиёт намоему аз телефонҳои мобелӣ дур нигоҳашон бидорем.
Аммо дидаму шоҳид гардидам, ки дар назди гӯши кӯдаки дар гаҳвора буда модар телефони мобелӣ гузошта буд. Дар аввал пиндоштам, ки бечора модар ба ҳангоми шир додани кӯдак нофаҳмида он телефонро гузоштаасту шояд баъди чанд дақиқа онро ҷустуҷӯ намояд. Кош чунин мешуд? Не, модар онро махсус гузоштааст. Аз тараққиёти пешрафти замон истифода мекунад. Ба фарзандаш ба воситаи телефони мобелӣ кадом нафаре «алла» мегуфт.
О. АМИРОВ, ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.04.2014 №: 63 Мутолиа карданд: 1368