номаҳо
ЯК МИЛЛИОН ТОННА КАРТОШКА КУҶО ШУД?
Бисёр навиштанду бо ифтихор гуфтанд, ки деҳқонони кишвар як миллион тонна картошка ҳосил бардоштанд. Ба ростӣ, ман ҳам дар қатори дигарон аз ин дастовард шод гардидам. Аммо нархи он аз оғоз ҳеҷ арзон нашуд, ки нашуд. Баръакс болотар рафт. Як килограммаш то ба чор сомонӣ расид. Баъзе аз рӯзҳо ин маҳсулоти ватаниро дар бозор пайдо намекардем.
Хайрият аз хориҷи кишвар картошка ворид менамоянд. Ва ҳам як қисми сокинони мамлакатамон дар Русия, дар муҳоҷи-рати меҳнатиянд. Инчу-нин қисме аз аҳолӣ кӯ-даконеанд, ки картошкаро истеъмол карда наметавонанд. Вагарна…
Магар ин худфиребӣ нест? Он то ба кай бояд идома биёбад? Аз ин чӣ нафъ мебардорем? Ҳақиқат дер ё зуд ошкор мешавад. Магар метавон офтобро бо доман пӯшид? Ва оё умри дурӯғ кӯтоҳ нест? Агар не, пас як миллион тонна картошка куҷо шуд?
Ҷ. РАҲИМОВ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.04.2014 №: 63 Мутолиа карданд: 1349