logo

номаҳо

ДАРДНОМА

Кони гавҳари ишқам, кӯҳи лаъли ирфонам,
Карда з-ин сабаб Эзид сокини Бадахшонам.

Ба истинод ба ақидаи таърихнигорон Язгулом гаҳвораи пайдоиши ориёиёни асил буда, ки зодагонаш бо хислатҳои зоҳирӣ ва раҳмдилии бемисли ботинии худ фарқ мекунанд.
Ин ҳама хасоили нодир ва мусбат, бо шунидани ахбори нороҳаткунандаи бунёдӣ кардани мафкураи асримиёнагӣ аз ҷониби  Саодатшо Адолатов, ки худро язгуломӣ медонаду ба ҳайси раиси бахши ҲНИТ дар Бадахшон муаррифӣ шудааст, ба ростӣ   фикру хаёламро ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бурд.
Ин шахс маломати ҳамроҳӣ бо Ҷумъабойи Намангонӣ - аҷнабии тоҷиккушро дошта, дар солҳои 1995-96 дар шаҳри Кобули Афғонистон дар ситоди Ҳаракати исломии Ӯзбекистон  ёру ёвари ин гурӯҳи қаттол будааст. Ба хотири риояи одоб аз  ифшои фаъолияти ин бегонатабор дар Язгулом худдорӣ мекунем, вале саодатшогунаҳо чунон нақораи вафодорӣ ба ӯ мезаданд, ки гӯиё дар Язгулом ҳазрати Ҷабраил нозил шуда бошад. Ин «аллома» -и худобехабару золиму биёбонгард  на танҳо дар куштани даҳҳо нафар тоҷик дар Тавилдараву Рашт  даст дорад, балки дар Дашти Арчии Афғонистон бар зидди неруҳои Аҳмадшоҳи Масъуд низ ҳамла кардааст.
Иттилоот аз он далолат мекунанд, ки чун дар ин давра ҳаракати толибон дар пойтахти Афғонистон ҳукм мерондааст, Саодатшо Адолатов ҳамзамон ҷаҳолати ало-қаҳои зичи ҳамкориро низ бо ин ваҳшисуратон доштааст.  
Гандумнамоёни ҷавфурӯши наҳзатӣ аз ғурури кӯҳистонии язгуломиён сӯиистифода карда, бисёри ин ҷавонони диёрро бо баҳонаҳои бофтаву фиребанда таҳрик ва туъмаи оташи ҷанг карданд. То ҳол ин разоилманишон хунбаҳои он солҳоро барнагардондаанд. Мардуми Язгулом аз ин ваъдаҳои домулломаобон сер шуда, бо қотеъият муқобилат менамоянд.    
28 - уми   августи соли 2013 дар рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи «Бародари язгуломӣ, таърих сабақ меомӯзад» дар бораи Саодатшо Адолатов    аз номи сокинони ноҳияи Ванҷ мактуберо мутолиа карда будам.  Дар ҳақиқат мардум оқил ва доно мебошанд, аз паёмадҳои ногувор ва кирдори Саодатшо Адолатов пешопеш ҳушдор дода буданд, аммо мутаассифона, аксуламали давлатмардони вилоятро ба ин матлаб мушоҳида накарданд. Ва, умуман, ба рафтори Саодатшо Адолатов, ки худро саркардаи бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар Бадахшон муаррифӣ мекунад ва дар муборизаи иттилоотии ҳангомапардозони дохилӣ ва хориҷӣ дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ нақши ҳезумкашро мебозад, чанд нуктаеро аз номи сокинони Ванҷ гӯшзад карданӣ ҳастем. 
Суханони муаллифони дастаҷамъӣ   дар номаи номбурда дар бораи Язгулом басо нишонрас ва хотиррасанд. Онҳо нигоштаанд: «Чуноне ки Бадахшонро дар ангуштарии Тоҷикистон меҳрварзон нигин медонанд, водии мардхез, фарҳангшумул ва меҳмоннавози  Язгуломро низ қадршиносон, бахусус  сокинони дигар қисматҳои ноҳияи Ванҷ марвориди ягона ва мумтоз унвон мекунанд».
Афсӯс, ба «шарофат», аниқта-раш ба ҷаҳолати ин қабил ашхос, мисли Саодатшо Адолатов, обрӯву эътибори як ноҳияи калон зери савол рафтааст. Саодатшо Адолатов мехоҳад дар ташаккули ғояи балво Ванҷро пештоз ва пешоҳанг вонамуд кунад.
Мардуми Ванҷ ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намедиҳанд, ки дар муқобилат бо давлатдории муосири тоҷик, нақши балвогару ошӯбгарони ёғӣ ва осиро бибозанд ва шодии душманони таърихии миллатро дар ин марҳалаи буҳронӣ  ба бор оваранд. Аҳли назарро маълум аст, ки «он чи ки асл аст, истиҳолат (тағйир) наварзад».
Саодатшо Адолатов муддати тӯлонист, ки шаклу наҳваи харобкориро дар зеҳни мардуми вилоят ва ноҳия парвариданист. Ва ин ҳам бо тарзи ба тарафи ғайр кашидани афкор ва афзоиши иқтидори эътирозии ҷомеа бо такя ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки дар боло ишора  шуд. Чун ҷонибдори ҳизби тамоюли мазҳабидошта маҳсуб мегардад, дар мавқеъгириаш нисбат ба масоили миллӣ тааммули амиқ надошта, арзишҳои барои диёри Ванҷ бегонаро ривоҷ медиҳад. 
Тариқати исмоилия ва ҳанафия, ки дар ин марзу бум такомул ёфтаанд, аз ҷониби ин тангназарон, мисли  Саодатшо Адолатов,  бо пахши ақидаҳои норавои тундгаро мавриди ҳамлаи нохушоянд гаштаанд. Онҳоро ин қабилаи зулматфикрони рӯҳонӣ як навъ бидъат мешуморанд. Сару либоси миллӣ дар чорчӯбаи арзишҳои домуллоҳои ёғӣ ҷой надорад, давлати миллии мо, артиши миллии мо, кадрҳои миллии мо пазируфтаи мазҳабиҳо нестанд.
Ҳатто хурдагирӣ ба хидмати афсарони ҳукуматӣ  мекунанд, ки ҳамин марзу бумро  ҳифз менамоянд. Агар Саодатшо Адолатови  наҳзатӣ дар артиш хидмат карда бошад, бояд бидонад, ки бо чӣ машаққат ин раванд тай мешавад ва он ду соли аскарӣ тӯлонитарин ва дар айни замон хушбахттарин лаҳзаи ҳаёт аст.
Мақсад аз ин ифтитоҳи сухан, ки шояд андаке ба дарозо кашид, ёдоварӣ аз рӯзгору таърих, заҳмат ва маҳсули намояндагони ин водии зархез мебошад.
Муллоҳои ҳизбгаро чун тарошаи аз бом афтода,  сараввал дар майдони «Шаҳидон» ва баъдан дар шароити «ҳукумат дар ғурбат» дар шаҳри Толиқон бо нохун задан ба эҳсосоти мазҳабӣ, баъзе аз намояндагони водии Язгуломро айёрона ба хуну хок оғушта карданд.
Ин ақидаи ҳизбсозӣ ва суханпардозиҳои бефоида  аслан дар мафкураи мардуми ин диёр ангезаи таърихӣ надорад. Ҳаминҳо буданд, ки шахсиятҳои баобрӯи диёрро, ки гироиши мазҳабӣ надоштанд ва хусусан мансубияти худро ба ҳизби берешаву буми ҲНИТ ҳатмӣ намедонистанд, водор ба фирор аз ноҳия карданд.
Мардум бояд яқин донанд, ки аъмоли Саодатшо Адолатов  дар Ванҷ – ин сиёсати ҲНИТ аст. Маҳз ҳамин гуна ашхос, бо кайфияти зери суоли одамгарӣ, таҷрибаи хуношоми даврони ҷанги  бародаркушро дар ин  ҳизб барои иғво ва тафриқа рӯи кор овардаанд. Шумо озмоиш кунед бо он ки мардуми Язгулом ҳарчанд ба аъмоли зиддимардумӣ ва ҷинояткоронааш нисбат ба Саодатшо Адолатов  нафрин кунанд, аммо ӯ барои Маҳмадалӣ Ҳаит ва алалхусус ҷорчии машҳури ҲНИТ - чиҳо Ҳикматулло Сайфуллозода каҳрамон аст.      
Аз ин лиҳоз, тақозои мо аз Саодатшо Адолатов  ин аст, ки ба хотири таҷзия накардани шерозаи ақидатии бошандагони водии Ванҷ аз вазифаи ҳубобӣ ва хасакии раисии бахши ҲНИТ дар ВМКБ даст кашад. Ин беҳтарин тӯҳфа ба асолати Язгулому язгуломигарӣ дар даҳаи дуюми асри XXI мебошад.  Дар акси ҳол мо маҷбур ҳастем, ки ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ арзи додхоҳӣ барем. 
И. МИРОҲАНИЕВ
ва имзои
810 сокини деҳаи
Вравзи ноҳияи Ванҷ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.04.2014    №: 63    Мутолиа карданд: 3335
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед