logo

суханрониҳо

ТОҶИКИСТОН АСЛАН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо ҷавонону наврасони лаёқатманди вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, 4 апрели соли 2014

Фарзандони азиз!
Ҷавонони саодатманди Ватан!
Мулоқоти имрӯзаи мову шумо, ҷавонони лаёқатманди вилояти Суғд, дар фазое доир шуда истодааст, ки ҳанӯз накҳати Наврӯзи ҳуҷастапай ба машом мерасад.
Саодати бузург насиби шумост, ки насли даврони истиқлолият ҳастед ва пеши назаратон аз Наврӯз то Наврӯз баҳори кишвари маҳбубамон боз ҳам ҳуҷаста ва зиндагии якояки шумо рангинтар мегардад.
Худо кунад, ки шумо ҳамеша чун гулҳои наврӯзӣ шукуфон ва чун баҳори оламафрӯз сарсабзу бехазон бошед.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо, фарзандони азиз ва тамоми мардуми сарбаланди вилоятро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси ин сарзамини бостонӣ барои заҳмати софдилона ба хотири рушду пешрафти кишварамон изҳори сипос менамоям.
Дар дунёи муосир ва ҷаҳони мутамаддин расмест, ки ҳар як давлату миллатро бо шахсиятҳои бузургу фарзона, чеҳраҳои намоён, иқтидору имкониятҳои зеҳниву ақлонӣ, осори пурғановати илмиву адабӣ ва фарҳангиву маънавӣ, инчунин фарзандон ва наслҳои болаёқату соҳибистеъдодаш мешиносанду эътироф мекунанд.
Тоҷикон ҳамчун халқи куҳанбунёд дар тӯли таърих бо бузургону фарзонагони илму фарҳанги оламгир, фарзандони ҷасуру фидоӣ ва содиқу сазовори номи неки миллат соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ гардидаанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи замони муосир барои тарбияи истеъдоди насли наврасу ҷавони кишвар, яъне ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат тамоми шароиту имкониятҳои худро истифода карда, барои таълиму тарбия ва обутоби онҳо аз лиҳози маънавию ҷисмонӣ ҳамаи шароитро фароҳам оварда истодааст.
Тоҷикистон аслан кишвари ҷавонон аст. Аз ин лиҳоз, мо орзуманди онем, ки шумо ҳамеша сарбаланд бошед, зеро донишу истеъдод ва неруи созандаи шумо мояи ифтихор ва сари баланди халқи бузургвори мост.
Мо ҳанӯз баробари ба даст овардани истиқлолият бо амалӣ намудани сиёсати давлатӣ зарурати ташаккули сиёсати ҷавононро дар ҷомеа ба инобат гирифта, соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намудем, ки аз мақом ва таваҷҷуҳи хосаи мо ба ин табақаи ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Маҳз бо қабули ҳамин санад ташаккули яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон, яъне сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гардида, дар заминаи он барои тарбияи инсони комил, ватандӯсту ватанпарвар, содиқу бофарҳанг ва бонангу номус шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Имрӯз низ истифодаи самаранок ва татбиқи ташаббусҳои ҷадиду неруи муосир яке аз афзалиятҳои стратегии давлат ва ҷомеа мебошад, ки манбаи онҳо, пеш аз ҳама, ҷавононанд.
Аз ин рӯ, ба хотири тарбияи дуруст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани наврасону ҷавонон ҳамаи мо – роҳбарону фаъолони мақомоти давлатӣ, падару модарон, мураббиёну муаллимон ва умуман аҳли ҷомеа масъулияти инсонӣ ва шаҳрвандӣ дорем.
Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонанд.
Имрӯз Тоҷикистон дар марҳалаи нав ва сатҳи сифатан тозаи ислоҳот ва дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои мардуми шарифи кишвар ва пешрафту ободии Ватан қарор дорад.
Аз ин рӯ, шумо ҷавонон бояд рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоед ва ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми неруи ақлониву ҷисмонии худро сафарбар намоед.
Фарзандони азиз!
Дар шароити имрӯза барои ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ будан масъалаҳои таҳсил, одобу ахлоқи ҳамида, донистани ҳуқуқ ва озодиҳои хеш, маърифату зиракии сиёсӣ, омӯзиши забонҳои модариву хориҷӣ ва касбу ҳунарҳои замонавӣ аҳамияти калидӣ пайдо менамоянд. Бо дарназардошти ин, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Имрӯз беш аз пеш собит мегардад, ки тарбияи инсони муосиру ояндасоз, соҳибмаърифат ва дар маҷмӯъ насли солим бе рушди соҳаи маориф ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи илму маорифро самти муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои толибилмону донишҷӯён дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд то ба ҳол иқдомоти созандаеро амалӣ намудааст, ки имрӯз натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.
Ҳамасола сохтмону азнавсозии даҳҳо иншооти таълимӣ, таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти муосири хониш, татбиқи мақсадноки Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина таъмин намудани дастрасии ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба шабакаи ҷаҳонии интернет аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мусоидат менамоянд.
Масалан, соли 2013 аз ҳисоби хатмкардагони мактабҳои миёнаи вилоят қариб 11 ҳазор нафар ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ки беш аз чор ҳазор нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Тайи 13 соли амали Квотаи президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 2000 нафар духтарону писарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таҳсил намудаанд. Шумораи шогирдони аълохон, ки сазовори Стипендияи президентӣ мебошанд, сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад. Дар қатори ҷавонону наврасони болаёқати кишвар иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд низ дар озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ торафт беҳтар шуда истодааст. Дар соли таҳсили 2012-2013 қариб 250 нафари онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок варзида, беш аз 20 нафарашон сазовори ҷойи аввал гардидаанд.
Имрӯз садҳо нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд дар хориҷи кишвар, аз ҷумла қариб сӣ нафар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таҳсил карда истодаанд, ки ин нишондиҳандаи умедбахш аст.
Фаъолияти илмии олимони ҷавони вилоят низ сол ба сол чашмрас гардида, миёни онҳо чанд нафар ба мукофоти олии соҳа - Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ сазовор шудаанд, ки боиси таҳсину ифтихор мебошанд.
Бо вуҷуди дастовардҳо, ҳанӯз ҳам дар соҳаи маорифи вилоят камбудиву норасоиҳо ва масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд. Мо мушкилоти соҳаро амиқан дарк мекунем ва барои рафъи мушкилоти ҷойдошта пайваста кӯшишу талош дорем ва онҳоро дар ояндаи наздик зина ба зина бартараф хоҳем кард.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки доир ба рафъи мушкилоти мавҷуда мунтазам чораҷӯӣ карда, ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ ва минтақавӣ дар дурнамо бояд талаботи воқеии маҳалҳоро ба мутахассисон, хусусан мутахассисони ҷавон ба инобат гирифта, барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки дастовардҳои наврасону ҷавонони боистеъдоди вилояти Суғд дар баробари азбар намудани илмҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир дар самти муаррифӣ кардани санъати волои миллиамон низ назаррас мебошад.
Масалан, ҳунармандони ҷавони вилоят дар озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Сан-Ремои Италия, кишвари Туркия ва давлатҳои дигар муваффақона ҳунарнамоӣ карда, сазовори мақоми аввал гардидаанд. Ин раванди нек умеди моро ба он қавӣ мегардонад, ки ҳунармандону мусиқинавозони ҷавони вилоят идомадиҳандагони номи нек ва суннатҳои баландпарвози устодони санъату мусиқии кишварамон мебошанд.
Омили дигари муҳим дар тарбияи дурусти насли ояндасоз – оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити муосир барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни мардум, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад.
Дар вилояти Суғд дар ин самти муҳим тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин замина солҳои 2011-2013 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 варзишгоҳ, маҷмааҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ сохта ё таъмиру тармим карда шудаанд. Дар баробари ин, масъалаи дар буҷетҳои маҳаллӣ зиёд кардани маблағгузории соҳаи варзиш ва равона намудани қисми маблағҳои аз ҳисоби иҷрои барзиёди буҷет бадастомада барои рушди ин соҳа, ки дар мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарони кишвар аз 20 декабри соли 2010 таъкид гардида буд, татбиқи худро ёфта истодааст.
Ҷавонони азиз!
Мо дар симои шумо созандагони Ватан ва давомдиҳандагони анъанаҳои неки миллатро мебинем. Аз ин рӯ, шумо низ дар навбати худ бояд дар бораи мақом ва моҳияти ғояҳо ва арзишҳои миллӣ пайваста андеша намоед. Зеро арзишҳои миллӣ ҳамчун шакли тафаккур, маҷмӯи ғояҳои созанда, унсурҳои ваҳдату ризоият, ҳувият ва ифтихори миллӣ арзёбӣ мегарданд.
Моҳият ва муҳтавои арзишҳои миллиро муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ифтихор аз созандагиву бунёдкорӣ, ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ, дастовардҳои истиқлолият ва бунёди ҷомеаи демокративу ҳукуқбунёд ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди татбиқи тадбирҳои зиёд дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, мутаассифона, тамоюли косташавӣ дорад, ки ҳамчун зуҳуроти номатлуб боиси ташвишу нигаронист.
Баъзан волидон ҳам дар баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии фарзандон бетарафӣ зоҳир мекунанд.
Маҳз ба хотири баланд бардоштани масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҳамчун қонуни миллӣ қабул намудем, ки татбиқи он дар саросари кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд, ҳанӯз ҳам беҳбудиро мехоҳад. Зеро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, агар дар ҳамин давраи соли 2012-ум 42 нафар хонандаи мактаб даст ба ҷиноят зада бошад, дар соли 2013 ин теъдод то 54 нафар афзудааст.
Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки яке аз омилҳои асосии даст ба ҷиноят задани ноболиғон дур мондани онҳо аз таҳсил ва назорати доимии волидайн мебошад. Мусаллам аст, ки вақте ҷавони наврас аз таълиму тарбия дур мемонад, чун шахси ноогоҳ тавони мустақилона таҳлилу арзёбӣ кардани равандҳои ҷомеаро аз даст медиҳад.
Тавре таҳлилу омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон дар чанд соли охир нишон медиҳад, маҳз ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифат ҳувияти миллии ҷавононро коста намуда, ҷалби онҳоро ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ осон мегардонад. Маҳз бо ҳамин сабаб майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона афзуда, қисми онҳо аз сабаби паст будани сатҳи маънавиёт ба тарғиби ғояҳои ғайр дода шудаанд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил гардидаанд. Ин тамоюл, агар идома ёбад, метавонад ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, сохторҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаи пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, дар ин самт чораҳои дахлдор ва таъхирнопазир андешанд. Зеро сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки татбиқи он аз сохторҳои гуногуни ҳукумативу ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ тамоми қишрҳои ҷомеа фаъолияти муштаракро тақозо менамояд.
Танҳо талошҳои якҷояи мо имконият медиҳанд, ки мушкилоти имрӯзаи ҷавононро бо истифодаи неруи созандаи худи онҳо тавассути фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба манфиати рушди давлату ҷомеа ҳаллу фасл намоем.
Мо дар дурнамои сиёсати давлатдории хеш беҳтарин арзишҳои тамаддуни башариро пазируфта, парастиши ноогоҳона ва тақлидкоронаи фарҳанги барои миллати мо бегона, зӯроварӣ, хусусан унсурҳои ноҷои паст задани шарафи инсон, коҳидани ахлоқи ҳамидаву ҷаҳони поки маънавии ҷавононро қабул надорем. Арзишҳои миллӣ дар давоми садсолаҳо ба зиндагии мо ворид шуда, чун меҳвари пешбаранда оину суннатҳои давлатдории тоҷиконро дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммул, ҳусни тадбир, талоши фарҳангӣ, рисолати маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ пуштибонӣ намудаанд.
Аз ин лиҳоз, ба осонӣ пушти по задани дастовардҳои ҳазорсолаи таърихию фарҳангӣ аз ҷониби баъзе ҷавонони кӯтоҳандешу бегонапараст оқибати нек надорад.
Бинобар ин, фаромӯш набояд кард, ки наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷову ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.
Маҳз бо ҳамин роҳ мо метавонем ташаккули фикри созандаи насли наврас, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ривоҷи навовариву ташаббускориро дар байни ҷавонон таъмин намоем.
Дар раванди тарбияи ватандӯстӣ пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки соҳиби ватани соҳибихтиёр шудан орзу ва ормони миллатҳои зиёди дунё аст.
Мо ин дастоварди таърихиро ҳамчун гавҳараки чашм бояд эҳтиёт кунем ва дар ин ҷода масъулияти шумо, ҷавонон, аз ҳама бузург ва ҳалкунанда мебошад. Зеро шумо соҳибони ин Ватан ва ин сарзамин ҳастед ва кӯшиш кунед, ки ин миллат ва ин тамаддунро ба таври сазовор ҳифз ва муаррифӣ намоед.
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.
Ҷавононе, ки Ватани худро воқеан дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва ҳамеша ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд.
Мову шумо дар назди таърих вазифадор ҳастем, ки ба қадру манзалати Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлол расем ва аз гузаштагони сарбаланду падару модарони худ дарси сабру таҳаммул, заҳмату ободкорӣ, ватандӯстиву мардонагӣ ва шуҷоату қаҳрамонӣ омӯзем.
Зеро Ватани маҳбуби мо ва ҷомеаи кишварамон ба сатҳи баланди маърифати сиёсиву шаҳрвандии ҷавонони Тоҷикистон, донишу малака, ғайрату номус ва одобу ахлоқи ҳамидаи онҳо, инчунин азму талоши фарзандони фарзонаи ояндасозу ободгари миллат ба хотири ободиву шукуфоии сарзаминамон эътимоди бузург доранд.
Мо соли 2014-ро ба хотири гиромидошти яке аз асосгузорони фарҳанги асили инсондӯстиву ватанпарварӣ - Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар тарбияи ахлоқии аҳли башар саҳми басо арзишманд дорад, Соли Ҷомӣ эълон намудем.
Ин донишманди камназир тамоми эҷодиёти худро ба тарбияи наслҳои хушахлоқу донишманд ва заҳматдӯсту инсонпарвар бахшида, садсолаҳост, ки фармудаҳои ӯ моҳияти тарбиявии худро гум накарда, ҳамчун раҳнамои наврасону ҷавонон хизмат мекунанд.
Мавлоно Ҷомӣ бахусус дар боби камолоти инсонӣ ва саъю кӯшиши шахс дар синни наврасиву ҷавонӣ чунин ишораи бамаврид кардааст:
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

Ҳамзамон бо ин, соли ҷорӣ 20 - солагии қабули Конститутсияи мамлакатро, ки дар таъмину таҳкими заминаҳои сиёсиву ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоламон нақши тақдирсоз дорад, инчунин бистумин солгарди қабули яке аз рамзҳои давлати соҳибихтиёрамон - Суруди миллиро дар сатҳи давлатӣ таҷлил мекунем. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин тадбирҳо, қабл аз ҳама ба хотири таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шумо, насли умеду ояндаи Ватани азизамон мебошад, ки бояд ба қадру қимати ҳар як ваҷаб замин ва обу хоки он расида, онро баробари модар ва ҷони худ дӯст доред ва доимо дар ҳимояи он бошед.
Итминон дорам, ки ҷавонони мо чун фарзандони асили Ватан барои тараққиёти Тоҷикистони азиз ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарбаландамон заҳмат кашида, Ватани азизи худро ба кишвари пешрафта табдил медиҳанд.
Бигузор ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон, фарҳанг ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои миллӣ, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азизамон мақсаду мароми зиндагӣ ва ормони волои онҳо гардад!
Бо ҳамин дуои хайру нияти нек бори дигар ба ҳамаи шумо, фарзандони азиз, ҷавонони бонангу номус ва кулли мардуми Тоҷикистони азиз осмони соф, сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ, файзу баракат, бахту иқбол ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.
Бахту саодат ва комёбиҳо ҳамеша ёратон бод!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.04.2014    №: 63    Мутолиа карданд: 2012
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед