мулоқотҳо
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛИ Е ЧИН
3 апрел дар шаҳри Қайроққум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ширкати «Хуасин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Е Чинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба ҳамкории кунунӣ ва нақшаҳои ояндаи ин ширкат дар Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз сохтмони корхонаи дуюми ин ширкати азими чинӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент ва 1000 ҷойи корӣ оғоз ёфт. Корхонаи якуми он бо ҳамин иқтидор ва ҳамин қадар ҷойи корӣ дар ноҳияи Ёвон фаъолият дорад. Ҳардуи ин корхонаҳо бо саҳмгузории муштарак бо ширкати ватании «Ғаюрсемент» бунёд ёфтаанд.
Ширкатҳои Тоҷикистону Чин минбаъд тасмим доранд, ки иқтидори корхонаи Ёвонро ба 1,4 миллион тонна расонанд ва боз як корхонаи дигари семент дар ноҳияи Данғара бо иқтидори 1,5 миллион тонна бунёд намоянд. Корхонаи Данғара низ бо харҷи 100 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад ва дар он 1000 нафари дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар сурати ба кор даромадани ду корхонаи нав қисмати зиёди маҳсулоти он ба хориҷи кишвар содир карда мешавад, зеро ҳаҷми истеҳсоли семент аз талаботи бозори дохилӣ хеле афзун хоҳад шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.04.2014 №: 63 Мутолиа карданд: 1355