номаҳо
ИФТИТОҲИ БОЗОР ДАР РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 22 феврали соли 2014, № 38 маводи танқидӣ ба табъ расида буд. Дар он муаллиф Муфарраҳ Шодиев оид ба носозгориҳои маркази савдою ба кашолкорӣ роҳ додан дар сохтмони бозор ва бе ҷои кор мондани фурӯшандаҳои он, ибрози назар намудааст.
Матолиби зикрёфта дар маҷлиси васеи Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ванҷ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бозори маркази ноҳия мувофиқи лоиҳаи корхонаи «Бадахшонлоиҳа»-и ВМКБ тарҳрезӣ шуда, ба таври замонавӣ сохта мешавад.
Дар мақолаи танқидии муаллиф омадааст, ки гӯё масъулини Ҷамъияти матлуботи ноҳия барои сохтмони бозор 1 миллион сомонии соҳибкоронро ихтисос додаанд, ки ин ба ҳақиқати ҳол мувофиқат намекунад. Ҳамаи масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла тахта, санг, рег, хок, шағал ва ҳоказо аз ҳисоби Ҷамъияти матлубот аст.
Бо ёрӣ ва дастгирии Сироҷиддин Валиев, раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, тамоми масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, арматура, тунука ва дигар лавозимоти сохтмонӣ оварда шуда, сохтмони бозор давом дорад.
Лоиҳаи сохтмони иншоот замонавӣ буда, дар он 73 дӯкони савдо, 2 дӯкони гӯштфурӯшӣ, сартарошхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир мешаванд. Инчунин бунёди гӯшаи деҳқон аз ҳисоби маблағҳои худӣ низ дар назар дошта шудааст.
Бозор дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Маҳбуба ҶАВАРОВА,
раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ванҷ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.04.2014 №: 64 Мутолиа карданд: 1376