logo

мулоқотҳо

ВОХӮРӢ БО РОҲБАРОНИ ДУ ШИРКАТИ БОНУФУЗИ ЧИНӢ

5 апрел дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ду ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот бо Сун Ҷубин, роҳбари ширкати «Сун Юлин»- и чинӣ масоили вобаста ба нақшаи сохтмони корхонаи нави семент дар шаҳри Исфара баррасӣ шуданд.

Тавре зикр гардид, барои сохтмони он корхонаи муштараки «Билол Сун Юлин семент» таъсис дода шудааст.
Корхонаи нави семент дар шаҳри Исфара дорои иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна буда, бо харҷи 100 миллион доллари амрикоӣ бунёд мешавад. Дар он 1000 нафар бо кор таъмин мегарданд, ки аксари кулли онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.
Дар корхона сементи ба таъсири сулфат устувори навъи 400 ва 500 истеҳсол хоҳад шуд, ки ба талаботи сохтмони тамоми иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги гидротехникӣ ҳам мутобиқ аст.
Бунёди корхона моҳи майи соли равон оғоз ёфта, то моҳи декабри соли 2015 ба кор дароварда хоҳад шуд.
Корхона аз сӯзишвории ангишт истифода мебарад. Барои истеҳсоли 1,2 миллион тонна ҳамагӣ 200 ҳазор тонна ангишт истифода мешавад. Дар корхона технологияи навтарин насб мегардад, ки бе чангу дуд ва партов буда, ба талаботи ҷаҳонии экологӣ ҷавобгӯ аст. Барои кор бо технологияи нав беш аз 350 нафар кадрҳои тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Чин омӯзонда хоҳанд шуд.
Дар мулоқот бо роҳбари ширкати чинии «Янтай групп» Си Чен Ҳу масоили ду баробар тавсеа додани корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” ва бунёди корхонаи истеҳсоли резинаи чархҳои мошин баррасӣ гаштанд.
Ин ширкати чинӣ бо шариконии тоҷики худ барои ду баробар зиёд намудани истеҳсоли тиллою нуқра дар корхонаи Апрелевка 100 миллион доллари амрикоӣ сармояи иловагӣ ворид карданианд.
Корхонаи резинаи чархҳои мошин бошад, бо харҷи 200 миллион доллари амрикоӣ дар майдони 50 га замини бекор бунёд ёфта, иқтидораш аз 200 ҳазор то 1 миллион дона маҳсулот дар як сол мебошад.
Дар ин корхона резинаи чархҳо барои мошинҳои калони боркаш, мошинҳои махсуси саноати кӯҳӣ ва техникаи кишоварзӣ истеҳсол хоҳад шуд.
Дар ин корхонаҳо беш аз 3000 нафар, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор ва маоши баланд таъмин мегарданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2014    №: 64    Мутолиа карданд: 1317
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед