мулоқотҳо
МАШВАРАТИ КОРӢ БО ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
6 апрел дар шаҳри Қайроққум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ анҷом дод.
Дар он масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, афзун намудани истеҳсолоти саноатию кишоварзӣ, иҷрои буҷети давлатӣ ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ ёфтанд.
Дар оғоз ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар семоҳаи якуми соли равон шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8% ва кишоварзӣ 6% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзун гардид. Нақшаи киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта то 15 апрел ба анҷом мерасад.
Дар муҳлати ҳисоботӣ 28 корхонаи нави саноатӣ сохта ба кор дароварда шудааст. Дар се моҳ ба маблағи 1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гаштааст. Ин нишондод, тибқи нақша, то охири сол ба 5 миллиард сомонӣ бояд расонда шавад. Навсозии роҳҳои мошингард дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят авҷ гирифтааст. Дар шаҳри Хуҷанд ин кор то охири соли равон анҷом меёбад. Дар се моҳ 372,4 миллион сомонӣ андоз ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 105% нақша аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускорони ташкили маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд арзи сипосу қадрдонӣ карда, таъкид дошт, ки ин гуна муассисаҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ таъсис дода шаванд.
Бо баҳои баланд додан ба таъсисдиҳандагони корхонаҳои коркарди ширу гӯшт дар шаҳри Хуҷанд таъкид гардид, ки чунин корхонаҳо низ бо ҷалб ва ҳавасмандсозии соҳибкорони ватанӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сохта, ба кор дароварда шаванд.
Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, афзун намудани ҳосилнокии пахта, ғалладона, картошка, сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ба ин васила афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва ифротгароӣ, таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва тарбияи ҳисси ватандӯстию худшиносии ҷавонон дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.04.2014 №: 64 Мутолиа карданд: 1417