logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОНИ ЛАЁҚАТМАНД

4 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳангии Арбоби шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ҷавонони лаёқатманди вилояти Суғд вохӯрд.

Дар дидор масоили вобаста ба таълиму тарбияи босифати насли наврас, бунёд ва навсозию таҷҳизи муассисаҳои таҳсилотӣ, тарғиби варзишгарӣ ва тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аз гароиш ба равияҳои хатарноки ифротӣ, баланд бардоштани масъулияти раҳнамоии волидону омӯзгорон ва кулли аҳли ҷомеа ва ҳамчунин роҳҳои тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва давлатдории мустақили миллӣ баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро “кишвари ҷавонон” номида, изҳор дошт: “Мо орзуманди онем, ки шумо ҳамеша сарбаланд бошед, зеро донишу истеъдод ва неруи созандаи шумо мояи ифтихор ва сари баланди халқи бузургвори мост”.
Бо ёдоварӣ аз бунёду навсозии муассисаҳои сершумори таълимӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра таъкид гардид, ки наврасону ҷавонони кишвар бояд имконоти муосири муҳайёнамудаи давлати соҳибистиқлоли худро пурсамар истифода бурда, кадрҳои ояндасози Тоҷикистони азиз гарданд.
Тавре зикр гардид, танҳо тайи солҳои 2011 - 2013 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 варзишгоҳ, маҷмааҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва толору майдончаҳои ин соҳа сохта ё тармим карда шудаанд.
Бо таваҷҷуҳ ба зарурати пешгирии баъзе ҷавонон аз гумроҳӣ ва аз гароиши онҳо ба ҳаракату равияҳои бегонаю ифротӣ таъкид гардид: “Сохторҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаи пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, дар ин самт чораҳои дахлдор ва таъхирнопазир андешанд”.
Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки “ҷавонони мо чун фарзандони асили Ватан барои тараққиёти Тоҷикистони азиз ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарбаландамон заҳмат кашида, кишвари худро ба давлати пешрафта табдил медиҳанд”.
Пас аз суханронӣ миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли толор маҳфили озоду ошкорои пурсишу посух ва табодули андешаҳо ҷараён гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2014    №: 64    Мутолиа карданд: 1415
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед