logo

маориф

ИСЛОҲОТ ДАР ТАЪЛИМИ НОШУНАВОЁН

Нахустин бор дар Тоҷикистон барои хонандагони ношунаво китоби дарсии «Китоби ишора» таҳия ва нашр  шуд, ки дар он хусусиятҳои миллии муоширати ишора инъикос ёфтааст. Ҳамин тавр,  зиёда аз 200 ишора бори аввал мавриди омӯзиш ва муошират қарор мегирад.

Китоби мазкур иборат аз 1 594 намуди ишора аст, ки аз он 230 ишорааш тоҷикист ва 23 мавзӯъро дар бар мегирад. Таҳиягарони он мегӯянд, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастуру супориши Сарвари давлат  боиси рӯйи чоп омадани он шуда, барои омӯзиши нафароне ҳам, ки ношунаво нестанд, аммо хоҳиши донистани забони ношунавоёнро доранд, имконият  фароҳам овардаанд.
Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илм, мегӯяд, ки яке аз самтҳои асосии ислоҳоти соҳа таъмини китобҳои дарсӣ ва такмили низоми таълим дар муассисаҳои таълимии хонандагони имконияташон маҳдуд аст.
- Барои таъмини муассисаҳои таълимӣ  бо омӯзгорон дар донишгоҳҳои  омӯзгорӣ ихтисосҳои сурдопедагогика, олигофренопедагогика, дефектология, логопедия ва психология таъсис ёфтаанд. Бо қарори мушовара «Низомнома дар бораи тартиби ташкили таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон  маҳдуд  дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.  Низомномаи мазкур  бори аввал дар  ҷумҳурӣ  тартиби қабул ва таҳсили кӯдакони дорои имконияти маҳдудро якҷо бо кӯдакони солим ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муқаррар менамояд. Кӯдакони ношунаво бо кӯдакони солим дарси муштарак мехонанд,- иброз дошт муовини аввали вазири  маориф ва илм.
 Саттор Қувватов, муовини директори мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ва яке аз муаллифони китоби мазкур,  мегӯяд, ки хусусияти  дигари китоби дарсии ишора истифодаи тасвирҳои миллӣ, аз қабили нон, остинча, оташдон, рафида, куртаи атлас, чакан, табақ ва ғайра мебошад.
- Ҳамкасбони мо аз Русия ҳангоми таҳияи китоб машварат доданд, ки шарт нест шумо ишораҳои китобҳои дарсии кишварҳои хориҷиро истифода намоед. Ишораҳои миллии худро интихоб кунед, чун шинохти онҳо барои хонандаҳо осон мегардад. Чунки ҳар рӯз онҳоро дар рӯзгор мебинанд ва истифода мебаранд. Ин пешниҳодҳои ҳамтоёни русиягии худро қабул кардем.  Китоби мазкур дар ИДМ баъди Русия дувумин аст,- илова кард ҳамсуҳбатам. 
 Дар таҳияи китоб мутахассисони илмҳои соҳа ва намояндагони ташкилотҳои кор бо ношунавоён саҳм гузоштанд. Ҳоло дар мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ 282 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 42 омӯзгор ва 38 мураббӣ таълим медиҳанд. То истиқлолияти давлатӣ солона то 30 хонанда ба мактаб - интернати мазкур қабул мешуд. Аммо на ҳамаи оилаҳо фарзандони ношунавои худро ба мактаб-интернатҳо барои таълим медиҳанд. Маъмулан дар деҳот сарварони оилаҳо фарзандони ношунавоёнашонро бидуни дар мактаб ё назди омӯзгоре хат омӯхтан ба воя мерасонанд. Муаззама Орифова, сокини ноҳияи Фархор, ки  ду фарзанди ношунаво дорад, мегӯяд,  ҳеҷ кадоме аз онҳо таҳсил накардаанд:
- Забонашонро ба душворӣ ҳам бошад, фаҳмидам, баъзан барои дигарон ҳам, ба истилоҳ, тарҷумонӣ мекунам. Ва онҳо дӯзандагӣ  ва рӯзгордориро омӯзонидам. Якеашро ба шавҳар додам. Шавҳараш ҳам ношунавост. Хатмкардаи мактаби ношунавоён мебошад ва кор мекунад. Хушбахтона,  фарзандонашон солиманд.
  Забони ишора дар 31 давлати дунё ҳамчун забони расмии муошират эътироф шудааст, аммо дар Тоҷикистон то ҳанӯз мақоми расмӣ нагирифтааст. Русия cоли 2011 ин забонро расман эътироф кард. Ҷамъияти ношунавоён дар ҷумҳурии мо ҳоло 25 ҳазор нафарро дар бар мегирад.

Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.04.2014    №: 65    Мутолиа карданд: 1942
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед