маориф
РАҲНАМОӢ БА МУСТАҚИЛИЯТ ХУБ АСТ, АГАР БА ГУМРОҲӢ НАБАРАД
Муддате пештар бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар ҳузури намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, муаллифону муҳаррирони китоб, мутасаддиёни нашр ва аҳли қалам муҳокима шуданд. Мутаассифона, ба охири суханронии адиби шинохта Равшани Ёрмуҳаммад расида омадам, бинобар ин надонистам, ки ба китоби “Забони тоҷикӣ” (барои хонандагони синфи 11) чӣ эродҳо гирифта, чӣ пешниҳодҳо кардааст.
Дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (4 марти соли 2014) бо унвони “Раҳнамойӣ ба мустақилият” мақолаи муфассале чоп шуд, ки фишурдаи ҳамон эроду пешниҳодҳои адибро дар бар мегирад. Мақоларо хонда, хеле шод шудам, чунки вақтҳои охир доир ба норасоиҳои китобҳои дарсӣ кам мақола ё тақриз ба табъ мерасад. Мунаққид китобҳои дарсии синфҳои даҳум ва ёздаҳумро бодиққат мутолиа намуда, норасоиҳои онҳоро баён намудааст.
Яке аз эродҳои ҷиддии адиб ба интихоби маводи китобҳои дарсӣ аст. Ба ин муносибат як иқдоми Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро хотирнишон мекунам. Бо мақсади беҳбудии мазмуну мундариҷа ва сифати нашри китобҳои дарсӣ вазорат тасмим гирифт, ки ба ҳайати муаллифони китобҳои дарсии забони тоҷикӣ ва математикаи синфҳои ибтидоӣ муаллимони таҷрибаноки мактабҳои таҳсилоти умумии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ ҷалб карда шаванд. Ҳангоми таълифи китоб ғайр аз олимони соҳа ба он ҳайат равоншиносон ва шоиру нависандагон ҳам ба ҳайси мушовир ворид гарданд.
Дар қатори онҳо банда ҳам ширкат доштам. Аз мушоҳидаҳоям аён гардид, ки баъзе муаллифони китобҳои дарсии забони тоҷикӣ ба матнҳои назму насри классикӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Мо, мушовирон, пешниҳод мекардем, ки баробари чунин матнҳо, аз нигоштаҳои адибон ва маводи матбуоти имрӯза, ки ба соҳаҳои гуногуни кору зиндагии мардум бахшида шудаанд, низ истифода намоянд.
Дар суҳбатҳо бисёр падару модарони хонандагон ва ҳатто муаллимони мактаб изҳори норозигӣ мекунанд, ки матнҳои интихобшуда душворфаҳм ва аз ҳаёти имрӯза дуранд. Кӯдакон чунин матнҳоро хонда, мазмуни онҳоро бо мушкилӣ мефаҳманд. Дар матнҳо калимаю таъбирҳое вомехӯранд, ки маънои онҳоро ҳатто падару модарон намефаҳманд, баъзе муаллимон ҳам маҷбур мешаванд, ки луғатҳоро варақ зананд.
Бояд дар назар дошт, ки дар давоми ҳазорсолаи охир забони адабии тоҷикӣ ташаккул ва тадриҷан такмил ёфтааст. Ба ҳамин муносибат ду меъёри хушкардаи устод Айниро ёдовар мешавам. Ҳар луғат ва маъноҳои он, қолабҳои калимасозӣ ва ибораю ҷумлабандиро санҷиданӣ бошад, ба ду меъёр ё принсип такя мекард: гузаштагонамон чӣ навиштаанд ва кулли мардуми тоҷик имрӯз чӣ мегӯянд ва чӣ тарз калима, таркиб ва ҷумла месозанд.
Аз таҳрир ва қайдҳои С.Айнӣ дар ҳошияи як асари бадеӣ ду намуна меорам:
1. Матн: Дар як шаби маҳтобӣ.
Таҳрир: Дар як шаби маҳтоб.
Қайд: “Шаб маҳтобӣ намешавад, маҳтоб мешавад, аммо чизҳои дигаре, ки ба маҳтоб монандӣ доранд, масалан, як хел чароғ (пружектор) мулки маҳтобӣ, як хел зардолуи маҳтобӣ мешавад, инчунин як хел шароби хоми ангурӣ ҳаст, ки “маҳтобӣ” меноманд. Забонро аз халқ ёд гирифтан даркор аст. Дар шеъри халқӣ... шаби маҳтоб гуфта шудааст, на маҳтобӣ.
Шаби маҳтоб маҳтобӣ кашидам,
Чилими нуқраро холӣ кашидам”.
2. Матн: Аз бепартиягиҳо пештар гардам.
Таҳрир: Аз бепартияҳо пештар гардам.
Қайд: “Ман бояд дар бораи калимаи “партиягӣ” ва “бепартия” бисёртар истам, зеро бештари ҷавонон ва ҳамаи рӯзномаҳои мо дар кор фармудани калимаи дуюм – “бепартия” хато мекунанд – “бепартиягӣ” кор мефармоянд, ҳол он ки ин таъбир на ба қоида рост меояд ва на ба забони халқ, ки асоси қоида ҳам аз забони халқ гирифта мешавад.
“Қоида ин аст, ки, агар сифати мансуб сифати як чиз шуда ояд, дар вай аломати нисбат – “-ӣ”, “-гӣ” зоҳир карда мешавад.
Чунончи: Наврӯз партиягист. Агар сифати мансубро бо “бе-“ нафӣ карданӣ шавем, адоти нисбати “-ӣ”, “-гӣ” партофта мешавад. Чунончи: Наврӯз бепартия аст.
Акнун мо ин қоидаро ба забони хонагии худ мустаҳкам мекунем. Масалан, агар шумо дар хона тирезаи шишадор дошта бошед, мегӯед, ки тирезаи ман шишагӣ аст. Аммо, агар ба тирезаатон ҳанӯз шиша нагузаронида бошед ё ин ки шишааш шикаста бошад, мегӯед, ки тирезаи ман бешиша аст. Агар шумо гӯед, ки “Тирезаи ман бешишагӣ аст” худатон ҳам механдед, дигарон ҳам. Пас, ин хато, ки ҳеҷ кас дар гап задани хонагии худ инро намекунад, аз куҷо омадааст? Аз кӯр-кӯрона тарҷума кардани русӣ омадааст. Азбаски дар русӣ адоти нисбат дар исботу нафӣ баробар изҳор мешавад, тарҷумонҳо ҳам “партийный, беспартийный”-ро айнан тарҷума кардаанд”
(Ҷ.Икромӣ. Сабақи устод // “Тоҷикистони советӣ”, 1990, 17 июн).
Ин намунаҳо барои он оварда шуданд, ки ба қудрати забондонию нуктасанҷии устод Айнӣ шак оварда, баъди сад ё панҷоҳ сол ҳам забони асарҳои бадеии С.Айнӣ ва С.Улуғзода барин нависандагонро “куҳнашуда ва чун намунаи забони ноби тоҷикӣ ба китобҳои дарсӣ дохил кардан лозим нест” гуфтан бояд ҷоиз набошад. Аммо чизи дигар аст, ки дар бештари асарҳои бадеии онҳо рӯзгори гузаштаи мардуми мо, ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ инъикос ёфтаанд. Табиист, ки дар онҳо калимаҳои аз истеъмол баромада вуҷуд доранд. Бешубҳа, дар фаҳмидани маънои онҳо хонандагони мактаб мушкилӣ мекашанд. Аз ҳамин сабаб дар китобҳои дарсӣ бештар аз тасвири муҳити зиндагии имрӯза, навгониҳои илмию фарҳангии замонамон матнҳо овардан беҳтар аст.
Дар матнҳои боло калимаҳои прожектор (талаффузи тоҷикии пружектор), партия, бепартия ва дар таркиби унвони рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” сифати нисбии советӣ низ ифодагари як ҳиссаи рӯзгори на чандон дури гузаштаи мост, бинобар ин “партия”-ро ба ҳизб ва “советӣ”-ро ба шӯравӣ иваз кардан на ҳамеша имконпазир аст, чунки ифодаи воқеияти таърихӣ осеб мебинад. Истилоҳоти илмии сифати мансуб, аломати нисбат, нафӣ кардан, исботу нафӣ низ хоси усули таълими замони гузашта аст, ки аз муҳити забономӯзии С.Айнӣ дар мадраса шаҳодат медиҳанд.
Мақсад аз навиштани ин мақола рад кардани ҳамаи эродҳои нависанда Равшани Ёрмуҳаммад нест, чунки ҳамаи он норасоиҳое, ки дар китобҳои дарсии “Забони тоҷикӣ” (барои хонандагони синфҳои даҳуму ёздаҳум) мушоҳида кардааст, асоснок ва хайрхоҳонаанд. Аммо ба як пешниҳоди муқарриз розӣ шудан мумкин нест:
“Кӯшиш бояд кунем, ки наҳви забони тоҷикӣ сода шавад. Вале мебинем, ки дар китоби “Забони тоҷикӣ»-и синфи 11 ҷои (? ҷойи) гузоштани аломати китобатии вергулро душвор кардаанд. Дар саҳифаи 116 пеш аз пайвандаки “ки”, пас аз он ва дар баъзе мавридҳо нагузоштани аломати вергул на аз пеши пайвандаки “ки” таъкид шудааст. Чандин мисол овардаанд. Ба фикри ман, аломати вергул бояд ҳамеша пеш аз пайвандаки тобеъкунандаи “ки” гузошта шавад. Бисёр сари хонандагонро гаранг накунем!”
Ду ғалати аломати китобат аз замони гузаштаи таълими мактабии забони модарӣ сахт дар зеҳнамон нишастааст: яке -- “Ҳар ҷо ки пайвандаки “ки” биёяд, пеш аз он бояд аломати вергул гузошта шавад”, дигаре -- “Ҳангоми қироати ҷумла, ҳар ҷо ки таваққуф (исти кӯтоҳ) карда шавад, вергул гузорем”. Ғалати аввал аз надонистани вазифаҳои вожаи “ки” дар таркибсозӣ ва ҷумлабандӣ рӯй медиҳад. Якум, ин калима дар охири пайвандакҳои пайвасткунандаи ҷудоии ё ки, ё ин ки ва пайвандакҳои сершумори тобеъкунандаи то ки, то ин ки, вақте ки, ҳар гоҳ ки, аз сабаби он ки, ба шарте ки, сарфи назар аз он ки ва ғайра омада, пайвандакҳои таркибӣ месозад. Аён аст, ки дар чунин таркибҳо пеш аз “ки” гузоштани вергул асло раво нест (гарчи дар забони матбуоти имрӯзаамон чунин ғалатро ҳам мушоҳида кардан мумкин аст). Дуюм, пайвандаки “ки” ҳамаи навъҳои ҷумлаи пайравро ба сарҷумла тобеъ мекунад. Ин пайвандак бештар дар аввали ҷумлаҳои пайрав меояд. Дар ин ҳолат ҷумлаҳои пайрав пас аз сарҷумла ё дар дохили он ҷой мегиранд ва пеш аз онҳо вергул гузошта мешавад.
Аммо дар забони тоҷикӣ пайвандаки “ки” дар дохили ҷумлаи пайрав ва охири он ҳам меояд. Мутаассифона, то солҳои охир дар китобҳои дарсии мо дар ин хусус маълумоти саҳеҳ дода намешуд. Муҳаққиқони ин соҳаи наҳви забони тоҷикӣ ва форсӣ Д.Тоҷиев, Аҳмад Шафоӣ, Ш.Рустамов, С.Атобуллоев, Х.Ҳусейнов, Н.Бозидов, К.Қаландаров дар асару мақолаҳои илмиашон гуфтаанд, ки пайвандакҳои тобеъкунанда ҳамеша дар таркиби ҷумлаҳои пайрав меоянд (на дар таркиби сарҷумла) ва дар охири ҷумлаҳои пайрави замон, сабаб, хилоф омадани пайвандҳаки “ки”-ро эътироф намудаанд, вале ба гуфтани он ҷуръат накардаанд, ки дар ин маврид аломати вергул бояд пас аз “ки” гузошта шавад. Дар дохил ва охири ҷумлаҳои пайрав воқеъ гардидани пайвандаки “ки” як хусусияти барҷастаи наҳвии забони гуфтугӯйист. Намунаи онро дар осори адибони гузаштаю имрӯзаамон бисёр мушоҳида кардан мумкин аст.
Субҳон Атобуллоев дар рисолаи докториаш тасдиқ мекунад, ки ин хусусияти ҷумлабандӣ дар ҳамаи шеваҳои ҷанубӣ мушоҳида мешавад: Ръшқа медъравидем, ки у ума (Ярхаб); Мо кор карсода бъдем, ки намечи ғалтид (Сасибулоқ); Мън дар раҳ мерафтъм, ки ай пешъм йаг одами ношинос бърома (Нӯшори Поён); Барф ки борид, роҳо бан мешаван (Ёвон); Меҳмун ки умад, одам файрод мекънем (Саридашт).
Чанд намуна аз асарҳои бадеӣ меорем, ки дар онҳо пайвандаки “ки” дар охири ҷумлаи пайравӣ замон омадааст ва аломати вергул пас аз пайвандак гузошта мешавад:
Ҳанӯз аз гули бӯстон бақияе монда буд ки, китоби “Гулистон” тамом шуд (Саъдӣ); Як рӯз аз майдон мегузаштам ки, мардумро ҷамъшуда дидам (“Чор дарвеш”); Ман ғарқи тамошои ҷанҷоли бозори ғӯза будам ки, касе аз паси сарам оҳистакак дошт (С.Айнӣ); Қаҳтӣ сар шуда буд ки, ба Тошканд кӯчида омадем (С.Улуғзода); Назди печкаи голландии шуъбаамон рост меистодам ки, занги телефон баланд шуд (Ф.Муҳаммадиев); Баъди ду рӯзаш аз мактаб биёям ки, бачаҳо “Гавҳар! Бобоят мурданд” гуфтанд (П.Толис); Райҳона аз паҳлуи ҳамон харобазор мегузашт ки, ногоҳ бӯйи хуши гуле ба димоғаш расид (А.Самад). Ӯ рӯҷоро оҳиста пӯшиданӣ буд ки, чашмаш ба табақчаи мавиз ва қоқи зардолу афтод (Р.Ёрмуҳаммад); Аз байн ним соат нагузашта буд ки, мошини даъватӣ омад (С.Турсун).
Дар ин мисолҳо пайвандаки “ки” бо пайвандакҳои таркибии ҷумлаи пайрави замон вазифаи муштаракро адо мекунад: Баъд аз он ки қаҳтӣ сар шуд, ба Тошканд кӯчида омадем: Вақте ки Райҳона аз паҳлуи ҳамон харобазор мегузашт, ногоҳ бӯйи хуши гуле ба димоғаш расид.
Ба назари мо, бо пайвандаки “ки” матлаб дақиқ ва табиӣ ифода мегардад ва дар гуфтор ҳам ин тарзи ифода ба гӯш гуворо мерасад. Пас, чаро ҳамин тарзи табиии баён ва асолати ҷумлабандии забони модариамонро риоя накунем?
Дар интиҳои мақола аз тақриз як ҷумларо оварда, пас аз пайвандаки “ки” гузоштан ё нагузоштани аломати вергулро ба ҳукми хонандагон вомегузорем:
Дар замони мактабхонии мо ҳам буданд муаллимоне, ки дуруст дарс дода наметавонистанд, талабаҳое, ки (!) ба сарашон чормағз шиканӣ ҳам, чизеро намефаҳмиданд.
Баҳриддин КАМОЛИДДИНОВ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.04.2014 №: 65 Мутолиа карданд: 2885